Душанбе Сити Бонк мардумитарин бонк дар Тоҷикистон мешавад, агар…

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман дар бораи бонкҳо кам менависам, кам мегӯям, зеро шукр, ки аз хизматрасониҳояшон хеле кам истифода мебарам. Не ман аз онҳо қарздораму не онҳо аз ман. Тарғиби иқдомҳояшонро ҳам нодида мегирам, зеро ба назарам менамояд, ки ба фоидаи мо нестанд (назари ман метавонад хато бошад), аммо чун наздиктарин дӯсти ман ҳастӣ, доир ба баъзе мушкилиҳои Душанбе Сити Бонк ба ту мегӯям.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман чунин фикр мекунам, ки ин бонк метавонад ба мардум хеле наздик шавад ва унвони “мардумитарин бонк”-ро соҳиб гардад. Мепурсӣ, ки чӣ гуна? Бубин, имрӯз барномаи мобилии бонки мазкур чунон истифодабарандаи зиёд дорад, ки баъзан дар ҳайрат мемонем. Воқеан ҳам, масъулини бонки мазкур тавонистанд бо барномаи мобилии дастрасашон зиндагии мардумро осон кунанд. Имрӯз ба ҷое расидем, ки дигар аз дилхоҳ касе, ки бояд пул гузаронем ё пул гирем, намепурсем, ки барномаи Душанбе Сити дорӣ, балки мегӯем “DC-да партош”. Ҳоло ронандаву мағозачиву тарбузфурӯш ва ҳатто кабудифурӯш ҳам ин барномаро дорад ва бо осонӣ додугирифти пулӣ мекунад. Ин барнома барои ба пардохти ғайринақдӣ гузаштани мо ҳиссаи хеле хуб гузошт. Аммо мушкилот зиёд аст…

Мушкили якум чист? Дар масъалаи интиқол ин бонк як камбудии хеле ҷиддӣ дорад, ҷаноби Тоҳирӣ. Бубин, ман ду симкорт дорам ва дар якеаш корти бонкиам пайваст аст. Агар касе хато карда ба ҳамон рақаме, ки корти бонкӣ дорам, пул гузаронад ва илтимос кунад, ки хато кардааст, пулашро бармегардонам. Вале агар ҳамон шахс хато карда, ба рақами ман, ки корти бонкӣ пайваст нест, пул гузаронад ва занг зада хоҳиш кунад, ки пулашро барқарор кунам, чӣ бояд кард? Ҷаноби Тоҳирӣ, мушкилро фаҳмидӣ? Амалкарди Душанбе Сити Бонк дар масъалаи интиқол чунон аст, ки ба ҳар рақами телефон, ҳатто ба рақамҳое, ки дар онҳо корт умуман вуҷуд надорад, пул интиқол медиҳад. Пас, чӣ мебояд? Агар пул дар ҳақиқат аз худат бошад, албатта рафта корти бонкро 20 сомонӣ (аз ҳама арзонаш) бо ҳамон рақаме, ки пул фиристодаанд, мехарӣ ва баъд пулатро мегирӣ. Агар пули каси дигар бошаду хато шуда бошад, вай хеле даводав мекунад, то ки пулашро аз бонк барқарор кунад. Яъне саргардонӣ!

Мушкили дуюм чист? Ҷаноби Тоҳирӣ, тавре дар боло гуфтам, муваффақияти бонк он аст, ки барномаи мобилиашро мардум хеле зиёд истифода мебаранд, аммо ин маънои онро надорад, ки бояд пул дар банкоматҳояш камчин бошад ё умуман набошад. Шоҳиди он мешавем, ки мардум барои пули нақд гирифтан хеле саргардон мешаванд, ки ин бовари мардумро кам мекунад. Дар баробари ин, шикоятҳои зиёдро мебинем, аммо ҳамоно ин мушкил барҷост ва саргардониҳо давом доранд.

Мушкили баъдӣ чист? Терминалҳои корношоям ё нимкоршоям. Ҷаноби Тоҳирӣ, туро намедонам, аммо ман кӯшиш мекунам, ки ҳамеша дар автобусу троллейбус тариқи корт пардохт намоям. Ин ҳам тартиб аст ва ҳам ба ҷайби мани маошакӣ фоида меорад. Аммо ман дар кӯчаҳои Душанбе дар ҷустуҷӯи терминалҳои “Express Pay”, ки мутааллиқ ба Душанбе Сити Бонк ҳастанд, саргардонам. Аксари терминалҳо фаъоланд, вале ба корти нақлиётӣ пул гузаронида намешавад, зеро кайҳо аз кор баромадаанд. Ин дар ҳолест, ки корти нақлиётиро танҳо дар ҳамин терминалҳо пур карда мешавад. Ин мушкил ҳам бовари мардумро мешиканад ва ҳам ба тартиби истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Мушкили навбатӣ чист? Ҷаноби Тоҳирӣ, Душанбе Сити Бонк дар фаъолияти худ шарте дорад, ки бар зарари мардум аст. Медонӣ чист? Албатта намедонӣ, зеро ба гумонам ҳоло моҳе нашудааст, ки дар кортат аз 5 ҳазор сомонӣ зиёд ворид шуда бошаду онро аз бонкомат нақд гирифта бошӣ.

Мушкил ин аст, ки ҳар истифодабарандаи бонк дар як моҳ танҳо имкон дорад аз корташ 5 ҳазор сомонӣ гирад, агар зиёд гирад, ҳатман фоизи муайян ситонида мешавад. Дуруст фаҳмидӣ, бо корти бонк аз бонкомати бонк дар ҳолати аз 5 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ гирифтан, фоиз ситонида мешавад, ки бисёр бад аст.

Ҷаноби Тоҳирӣ, агар мушкилоти боло ҳал шаванд, умед мебандем, ки Душанбе Сити бонки муваффақу ба мардум наздик хоҳад шуд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь