Дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмони ду муассисаи таълимӣ барои 940 хонанда дар як баст идома дорад. Дар ин бора имрӯз дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар хабар доданд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бо назардошти сол аз сол зиёд гардидани теъдоди хонандагон дар шаҳр дар назди муассисаи таълимии №6 аз ҳисоби буҷети маҳал ба маблағи умумии 9 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохтмони бинои иловагӣ барои 620 нафар хонанда дар як баст ва бинои иловагии сеошёна бо таҳхона дар муассисаи таълимии №8 аз ҳисоби буҷети маҳал ба маблағи умумии 10 млн сомонӣ барои 320 нафар хонанда дар як баст идома дорад. Қайд гардид, ки соли таҳсили 2023-2024 муассисаҳои томактабии ҳудуди шаҳр ба 22 адад расида, дар онҳо 3666 кӯдак ва 14 маркази икишофи кӯдак бо фарогирии 800 нафар, дар маҷмуъ 4466 (аз 13800 кӯдак) кӯдак дар ин зинаи таҳсилот фаро гирифта шудаанд, ки 32,3%-ро ташкил медиҳад.