Дастрасӣ доштани мардум ба як раис ва умуман як мансабдор чаро зарур аст ва оё минтақаи афсонавии Ишкошим ба ҳақиқат табдил меёбад?
Ёдгор Файзов ба наздикӣ узви Маҷлиси миллӣ гашт ва ин бор мардум тақрибан 80 дарсад ӯро сидқан ба масъулияти наваш табрик гуфтанд. Аслан, ба мансаб расидани шахсиятҳое мисли ӯро ҷомеаи Тоҷикистон доим бо хурсандӣ мепазиранд ва фоли нек медонанд. Зеро дар байни мардум образи мансабдори тоҷик тамоман дигар аст: «одами «одамдор», «одами пулдор», ки аслан мардум ин табақаи одамонро дӯст намедоранд, «як одами қавоқӣ», «сахтгап», «мардумгурез» ва хулас, як одаме, ки танҳо барои худаш ба мансаб омадааст!
Аммо Ёдгор Файзов дигар аст. Дар ҳақиқат, ба роҳбарии Бадахшони Тоҷикистон расидани “як нафари камтаҷриба”, ки тақрибан дар сохторҳои давлатӣ кор накардаааст ва бештар дар созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳбариро ба зимма дошту фаъолият мекард, метавонист шубҳаву баҳсро ба миён орад. Аз ҷумла барои он, ки ин мавзеъ барои Тоҷикистон ва минтақа мавқеи муҳими стратегӣ дорад ва даҳ соли ахир зуд-зуд ба “нуқтаи гарм” табдил меёбад. Вале Ёдгор Файзов дилпурона ба кор шуруъ кард. Суханронии аввалини ӯ дар ҳузури роҳбарони аввалдараҷаи сохторҳои қудратӣ дар ҷаласаи муҳим бо кормандони ҳукумати вилоят, ки ӯ муаррифӣ мешуд, дилҳоро гарм намуд. Хеле боваринок ва бе тарсу ҳарос суҳбат мекард. Муҳим, бе коғаз ва хеле самимӣ, тавре суханронӣ намуд, ки на танҳо ба дили мардуми Бадахшон, балки умуман ҷомеаи Тоҷикистон шуълаи умед пайдо шуд. Навори суҳбат ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, яке аз пурбинандатарин видеои мансабдорони тоҷик шуд.
Бархе дар гуруҳҳои фейсбукӣ Ёдгор Файзовро дар поёни соли гузашта унвони “Раиси сол” доданд ва аз Худо хостанд, ки сафи чунин мансабдоронро дар кишвар афзояд. Мо ҳам дуогӯем!
Ин ҳама ситоишҳо як замон метавонист якбора ба чизи дигар табдил ёбад. Сухан дар бораи тасмими иваз намудани мавқеи минтақаи иқтисодии Бадахшон аз ноҳияи Ишкошим ба мавзеи Теми шаҳри Хоруғ мерафт. Ёдгор Файзов гуфт, ки «агарчи аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофиаш он беҳтарин мавзеъ аст, вале бо сабаби идома ёфтани муноқишаҳои дохилӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон, ҷавобгӯ набудани роҳҳои ноҳия ба талаботи замон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ он ба мавзеи Теми шаҳри Хоруғ кӯчонида мешавад». Аввалин саволи мантиқии мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин қарор чунин буд: «Оё Тем бо Афғонистон ҳамсарҳад нест? Пас, дар он тарафи кӯпрук кадом минтақа аст?». Аз ҷониби дигар, сокинони ноҳияи Ишкошим мисли ҳама бадахшониҳои дигар зиндагии шоҳона надоранд.
Хуб, ҳоло, ки аксарият дар муҳоҷирати меҳнатианд ва аз ин ҳисоб зиндагии худро таъмин мекунанд, барои ҳамин, вақте хабар дода шуд, ки дар минтақаи иқтисодии Ишкошим дар марҳилаи аввал беш аз 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд, одамон онро бо хушҳолӣ пазируфтанд. Ҳатто банда низ, ки бархе пайвандонам дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, онҳоро ба Ватан даъват кардам, то биёянду дар назди волидайн ҷои кори муносиб пайдо кунанд. Чун Ишкошимро аз қадим як минтақаи афсонавӣ арзёбӣ мекунанд, мардум акнун мегуфтанд, ки ин афсона ба ҳақиқат табдил меёбад. «Пас ин афсона хотима ёфт?»,- мепурсиданд одамон. Аз ҷониби дигар, барои он минтақаи озоди иқтисодӣ маҳз Ишкошимро интихоб карданд, ки ҷуғрофиёи муносиб дорад. «Ҳоло чӣ? Куҳҳояш баландтар аз Тем шуданд?»,- тамасхур мекарданд сокинон дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук». Ин гуна баҳсҳо низ пайдо шуда буд, ки Ишкошимро махсус «чап» гирифтаанд.
Аммо аз ҳама муҳимаш ҳоло дигар шудани тасмим дар ин бора аст. Ёдгор Файзов ахиран эълон намуд, ки минтақаи озоди иқтисодии Бадахшон дар Ишкошим ташкил меёбад ва филиали он дар Тем. Бо ҳамин, ӯ роҳи ҳалли масъала ва баҳсро ёфт, новобаста аз он, ки баҳси пайдошударо метавонист ба роҳбарони пешини вилоят «бор» кунад, чун воқеан ҳам нав омад ба мансаб! Лек, лоиқи одаму одамгарӣ надонист чунин рафторро.
Вокуниши фаврии Ёдгор Файзов дар «Фейсбук» ба сокинони ноҳияи Ишкошим бори дигар нишон дод, ки ӯ аз мушкилот намегурезад ва ҳамеша гапи гуфтанӣ дорад. Барои ҳамин, зӯри «чапгирҳо» ба ҷаноби Ёдгор Файзов намерасад!
Чӣ хуб аст, вақте ҳарфи мардум шунида мешавад!
Ёд гиред, мансабдорон!
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА