Дурудҳо шоири шӯридадил!
Кайҳо шуд, ки ба Шумо нанавиштаам. Чанд бор ҳатто навиштам тариқи интернет, аммо ба он навиштаҳо беэътиноӣ кардед. Хайр, намеранҷам.
Ҳафтае дар “Шоҳамбарӣ” будам. Ба қавле истироҳату табобат. Воқеан боду ҳавои аҷибе дорад чун аксар манотиқи кӯҳӣ. Рӯзе барф мезанаду бегаҳ мебинӣ, офтоб ханда мезанад.
Аз ин як ҳафта фақат як таассуроти нохуш дорам:
Ҷомеаи мо ҳиҷ натавонист, ки навбатпойиву эҳтироми якдигарро омӯзад. Дар навбат ҳам дурӯғ мегӯянд ва вақте дурӯғ мегӯянд, онро бо ҳамон ҷумлаи дигар хашину ғаш асоснок мекунанд:
-Қасам, ки навбати ман буд! Э мардак, охир ман ду бор ҳоҷӣ шудаам, чаро бовар намекунӣ?
Замоне ин гуфта моро аз ҳар як аксуламали дигар бозмедошт. Вале ҳоло баръакс: Чун мегӯяд ҳоҷӣ ҳастам, ҳамоно ҳоҷии чилдурӯғи бозор пеши назар меояд ва аниқ медонӣ, ки сад қасам ҳам хӯрад, дурӯғ мегӯяд.
Медонед чӣ… ҳамин ҳоло чашмам ба як қиссаи овардаи донишманди тоҷик Сайфуллоҳ Муллоҷон афтод. Чун ҳар як омӯзгори асил эшон ҳам аз китоб нахондани донишҷӯёну насли калонтар аз эшон, забони шиква кушодаю бадоҳатан як қиссаеро овардаанд:
“Чанд соли охир хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки бар асоси он дар яке аз кишварҳо (агар иштибоҳ накунам Бразилия) муҷозоти он маҳбусоне, ки китобхон бошанд, кам мекунанд. Беназир аст ин таҷриба!
… Соли 1923 бонкдори маъруф Уилям Морган ғайб мезанад. Полиси ИМА моҳҳо дунболи ӯ гашта ба натиҷае намерасад ва аз пайдо карданаш ноумед мешавад. Аммо, як тасодуф сабаб шуду Морганро пайдо карданд. Маълум шуд, ки ин корманди бонк, ки қарздор шуда буд, аз тарси талабкорон, ки пули худро аз ӯ талаб доштанду ба додгоҳ муроҷиат карда буданд, ба китобхонаи шаҳрӣ рафта он ҷо пинҳон мешавад. Вай ҳар рӯз либоси кормандони китобхонаро ба бар карда, дар ҷое пинҳон мешуд ва азбаски ба китоб шавқу рағбати фаровон дошт, китоб мехонду сипас дар поёни рӯз, ки мардум ба хонаҳо мерафтанд, дар миёни китобҳо худро пинҳон мекард. Ҳамин тавр ӯ садҳо китоб хонду рӯзҳоро карона кард ва касе аз ҷойи ӯ огоҳ нашуд. Аммо, Уилям дӯстдори қаҳва ҳам буду он ҷо қаҳва омода мекарду менӯшид. Боре бӯйи қаҳва ба машоми яке аз кормандони воқеии китобхона зад ва ин ҷустуҷӯ сабаб шуд, ки “корманди” китобхона Уилям Морганро пайдо кунанд. Полиси ИМА ӯро дастгир кард ва кори ӯ ба додгоҳ кашида шуд. Аммо раиси додгоҳ, Самбеинг ном шахс, ки ӯ низ ошиқи китобу китобхонӣ буд, вақте аз қазия огоҳ шуд, Морганро наҷот дод. Ӯ ҳукме содир кард, ки Морганро вазифадор месохт, ки қарзҳои гирифтаашро тадриҷан пардохт кунад ва ба кори худ ҳам идома диҳад. Ӯ дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, ки “кош дигар ҷинояткорон низ мисли Морган аз додгоҳ фирор мекарданд”. Ҳамин тавр, китобхониву китобдӯстӣ сабаби наҷоти Уилям Морган шуд”.
Ба сарам андешае омад, ки агар мо ин гуна пешниҳодро расонавӣ кунем чӣ? Яъне, оне дар маҳбас китоб мехонад, соли ҳабсаш кам мешавад ва як шахси донишманду оқил ба ҷомеа бармегардад. Бубинед, собиқ вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов баъди аз зиндон баромадан, гуфта буд, ки “дар зиндон садҳо китоб хондам ва ҳатто баъди озодӣ китобҳои тӯли ин солҳо ҷамъкардаашро ба зиндон супориданӣ буд. Намедонам, қабул карданд ё не, вале ман бовар дорам, ки Салимов ҳоло бо ҳар китобхони дигар метавонад баҳс орояд. Сайфуллоҳи Муллоҷон ба ин боваранд, ки шахси китобхон натанҳо гуфтору рафтораш аз дигарон фарқ мекунад, балки комилан тағйир меёбад. Ҳарчанд “олим шудан осон, одам шудан мушкил” мегӯянд, вале бовар дорам ки маҳбасхонаҳои мо ниёзи азим ба асарҳои бадеӣ доранд. Чанд маротиба ҳатто ҳамин “Фараж” номаҳои маҳбусонеро аз зиндон нашр карда буд, ки муштоқи китоб буданду ҳастанд. Дар маҳбас аксар муллои тундрав шуда бармегарданд.
Хуб нест ки ба ҷойи ин ақалан олиму китобхон шуда баргарданд?
Чӣ мегӯед Абдувоҳид?
Бо эҳтиром: Хуршедшоҳ
Нома
(дар як ҷумла)
Дурудҳо ба Хуршеди гиромӣ!
Номаатонро хондам.
Ҷавоби ман:
Ман шахсеро медонам, ки садҳо китоб хондааст, аммо дар маҳбас аст!
Бо эҳтиром: Абдувоҳид