Шояд ҳеҷ миллате бештар аз миллати мо ба кӯдакон талқини китобхонӣ накунад ва шояд аз ҳама миллатҳо дида кӯдакони миллати мо камтар китобхон бошанд.

Дар мо як одати хубе аст, ки агар фарзанд, додарзода ё хоҳарзода, кӯдаки ҳамсоя, ягон хешу табор ва ё умуман писар ё духтари шиносеамон бо китоб ошно бошад, дарҳол бо ӯ селфӣ карда, дар тамоми шабакаҳои иҷтимоие, ки саҳифа дорем, мегузорему дар зерашон тавсифномаҳои зиёде менависем. Агар он кӯдак даҳ китоб хонда бошад, мо ҳатман даҳ китоби дигар аз худамон илова карда, рақамро “бист” мегӯем. Агар он кӯдак дар мактаб бо баҳои “хуб” таҳсил кунад, ҳатман мо лутф карда, хубро бо “аъло” иваз мекунем. Ин хуб аст, зеро мо метавонем бо чунин амалҳоямон шавқи китобхониро дар замири кӯдакон зиёдтар кунем.

Дар як кунҷи назарногири пойтахт хонаи хоксоронае буд. Дар ин хона даҳ сол муқаддам дугонике тавлид шуда буд. Ҳамон вақт онҳоро Тоҳир ва Зоҳир ном гузошта буданд. Ҳоло Тоҳиру Зоҳир дар синфи IV таҳсил мекунанд. Ҳарду ҳам дар як мактаб, дар як синф, дар як парта ва шогирди як омӯзгор ҳастанд. Ҳарду ҳам як хел либос мепӯшанд, як хел хӯрок мехӯранд, як хел ҷойи хоб доранд, як хел телефон доранд ва аз ҷониби волидон як хел нигоҳ карда мешаванд. Лекин бо ин ҳама умумиятҳо миёни Тоҳиру Зоҳир як тафовути калон вуҷуд дорад, ки касе аз аҳли оила ба дарки он расида наметавонад. Фарқияти байни дугоникҳо ин аст, ки яке қисми зиёди вақташро бо китобҳояш мегузаронад, аммо дигарӣ нофаҳмида вақташ мегузарад. Ин омил сабабгори доштани дарку фаҳмиши зиёди Тоҳир ва бефикру андеша шудани Зоҳир шудааст. Тоҳир китоб мехонд. Ҳар нофаҳмияшро аз китобҳо меҷуст. Баробари хондани китоб дар худ ҷаҳони дигареро кашф мекард. Корҳои неки талқинкардаи муаллифони китобҳоро кӯшиши такрор кардан мекард. Рӯз аз рӯз аз бадӣ ва корҳои ношоиста ҳазар мекард. Ақлу фаҳмишаш комилтар шудан мегирифт. Ба ҷойи бо одамон суҳбат кардан китоб мехонд. Ҳар вақте ки аз вай чизе мепурсиданд, боадабона ва бисёр хушмуомила ҷавоб медод. Ӯ китобро дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Баръакси гуфтаҳои болоро дар ҳаёти рӯзмарраи Зоҳир дидан мумкин аст. Ба Зоҳир волидон доимо мегӯянд, ки китобхон шавад. Шабу рӯз ва рӯзу шаб дар гӯшаш талқин мекарданд, ки мисли бародараш хонда, доно бошад. Муаллимааш ҳам барои зоҳир доимо Тоҳирро мисол меовард. Аммо ҳеҷ не ки калонсолон ё худ талқинкунандагон ба мақсадашон бирасанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ Зоҳири даҳсола китобро ба даст намегирифт, агар ки баъзан вақт мегирифт ҳам, ба хотири баҳои “ду” нагирифтанаш буд.

Аксарият кӯдакони мо аз китоб дуранд. Ин пӯшида нест ва набояд, ки мо кӯшиши пӯшида нигоҳ доштанашро кунем. Як чизро бояд хуб дарк кард, ки ба ин минвол гузаштани рӯзу ҳафтаву моҳу сол барои миллате чун миллати мо фоли нек надорад. Якчанд омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба китобхону китобдӯст шудани кӯдакон сабабгор шаванд. Бояд дар зеҳнҳо ҷой диҳем, ки кӯдакро бо зӯрӣ, зорӣ ва ё зар наметавон китобхон кард. Зеро зӯрию зорӣ ва зар муҳлати эътибори муайян доранд, ҳамин ки муҳлаташон гузашт, дигар таъсир расонида наметавонанд. Ба гунае, ки кӯдаки бо зӯрӣ китобхоншуда то рафъ шудани зарби чӯб бо китоб ошногӣ мекунаду халос. Кӯдаки бо зорӣ китобхоншуда то илтимосу илтиҷо шуниданаш китоб мехонад, аммо баъдан меравад пайи дигар корҳо. Кӯдаки бо зар китобхоншуда ҳам то зар додан мехонад ва баробари тамом шудани зар аз китоб дур мешавад.

Бояд дар зеҳнҳо ҷой диҳем, ки талқини китобхонӣ кардан ҳам наметавонад омили мусоидаткунанда барои китобхонии кӯдакон шавад, зеро аксар вақт кӯдакони якрав талқин ё хоҳишро ҳамчун супориш қабул карда, аз пайи иҷрояш намешаванд.

Бояд дар зеҳнҳо ҷой диҳем, ки кӯдакро наметавон бо фиреб китобхон кард, зеро фиреб умри дароз надорад.

Бояд дар зеҳнҳо ҷой диҳем, ки кӯдак аз тарс китобхон намешавад ва агар шавад ҳам, то тарсаш тамом шудан аст.

Бояд дар зеҳнҳо ҷой диҳем, ки кӯдакро танҳо ба воситаи дилгармӣ ва орому озод гузоштан метавон китобхону китобдӯст кард.

Ва аз ҳама муҳим, биёед бо ёрии ҳамдигар насли навро китобхон мекунем!

 

Сино ТОҲИРОВ

 

P.S. 2-юми апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакона буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь