Монолог

Мо насле ҳастем, ки рекламаи қиморро сари ҳар қадам мебинем, мешунавем ва мехонем, вале барои ин “вирус-у “вирус”-ҳо “антивирус”е нест.

Ҷаноби Тоҳирӣ, шефи хона дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам мешинад ва гоҳ-гоҳ “лайк”-у “коммент”-и “пост”-ҳои маро аз назар мегузаронад, ки аз номи кӣ ҳастанд. Баъзан мешавад, ки як ному насабро чанд маротиба мебинаду “ин кӣ?” мегӯяд, аммо медонам, ки аз рӯи дил аст ва Худо нигаҳ дорад аз таҳти дил гуфтанашро.

Имрӯз ҳам чун одат пас аз хӯроки шом қад-қади соҳил роҳ мегаштем. Ман даме дар Instagram мегардаму лаҳзае “лента”-и Facebook-ро мебинаму чанд дақиқае YouTube-ро аз назар мегузаронам.

Ногаҳ садояш баланд шуд:

– Мардак, биё, дигар шабакаҳои иҷтимоӣ надароем, балки саҳифаҳоямонро аз ҳамааш нест кунем. Иловатан, интернети хонагиро хомӯш карда, ба ҷои  интернети моҳонаи 109 сомонаи телефонҳои ҳардуямон арзонтарин тарифро, ки Telegram-у WhatsApp-и бемаҳдуд дошта бошад, мегирем ва оромтар дар ҳаёти воқеиамон зиндагӣ мекунем.

– Медонам, барои интерне ҳар моҳ пули  зиёд сарф мекунем, вале бе ин намешавад. Бояд каму беш “листат” кунем ва аз он чизе, ки дар дунё рӯй медиҳад, бохабар гардем. Вале қисмати дуюми ҷумлаатро нафаҳмидам.

– Фаҳмидед, вале худатонро ба нодонӣ мезанед. Мақсад ин ки бадбахтона, дар ҳоли ҳозир қимору қиморбозӣ аз меъёр зиёд тарғиб мешавад. “сториз”-и блогер қимор, аввалу охири филми филмсоз қимор, “пост”-и рэпер қимор, видеоҳои алоҳида дар бораи қимор, саҳифаҳои зиёд тарғибгари қимор, дар “опесания”-и видеоҳо қимор, дар “коммент”-и видеоҳо қимор… Ҳамаҷо қимор ва қиморбоз аст. Агар хориҷие забони моро донаду ҳамагӣ чанд соат дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ гардад, фикр мекунд, ки тамоми тоҷикон қиморбозанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, шефи хона сад дар сад дуруст мегӯяд. Ҳоло мутаассифона, ҳар нафаре, ки дар дилхоҳ шабакаи иҷтимоӣ аз 5 ҳазор обуначӣ зиёд дорад, имкони рекламаи қиморро дар меёбад. Ширкатҳои бешумори букмекерӣ ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки онҳоро ва он чизе, ки дар варзиш мегузарад, реклама намоянд ва обуначиҳояшонро талқини иштирок дар ҳар гуна бозиҳо кунанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, бадбахтона, аксари ба ном блогерони мо (онҳо ба ҷуз “гив” ё “конкурс” гузаронидан дигар ҳунаре надоранд) ба ғайри оне ки чанд соат дар миён бозии қимории худро реклама мекунанд, иловатан, “гив”-у “конкурс”-ҳои ҳампешаҳояшонро ҳам ҳамчун аломати ҳамраъйии касбӣ тарғиб менамоянд.

Шефи хона дуруст мегӯяд, зеро бархе киносозони мо дар аввалу охири филмашон аз панҷ то даҳ мошинро пешорӯи мо бароварда, мегӯянд, ки “билет кам монд, бозира ҷамъбаст мекунем”.

Дар баробари ин ҳама мубаллиғони қимор, масъуле, ниҳоде ва ё садое нест, ки онҳоро хомӯш кунад.

Ҳуқуқдоне аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, равоншиносе аз ҷиҳати равоншиносӣ, падаре аз нигоҳи падарӣ, модаре аз дилсӯзии модарӣ садо баланд намекунад, ки ин амали номатлуб то ин андоза тарғиб нашавад.

Касе нест, ки фикри ояндаи насли навро кунад. Ин навъи фаъолияти ба ном блогерон ва фаъолони фазои маҷозӣ, ки гаштаю баргашта қиморро тарғиб мекунанд, ба насли мо ба ҷуз сӯхтан, бероҳа шудан, дурӯғгӯ шудан, фиреб кардан чизе намеомӯзонад.

Умед мебандем, ки ҳолат тағйир ёбад ва масъулин барои ояндаи насли нав чорае андешанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S. Мо дар фазои маҷозӣ дорем нафароне, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қиморро тарғиб намекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь