Монолог

Вақте ки шогирд чӣ хостани муаллимро медонад, аммо устод чӣ хостани толибилмро намедонад...

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман муаллим нестам, вале доимо Худо мегӯям, ки муаллиме аз кафедра гӯяд: “Камтар кор дорам, дар фалон гуруҳ дарси ман аст, маро иваз кун”. Медонам, он чашмкушоие, ки муаллимон, хусусан муаллимони кафедраи мо ба донишҷӯён медиҳанд, ман дар сад сол дода наметавонам, аммо чӣ кунам, ки хоҳиш хоҳиш аст, бояд барои ба он расидан кӯшиш кард.

Чанде пеш ман ба ҷойи устоди қадрдонам ба дарси гуруҳе даромадам. Ду соат бо донишҷӯён будам. Суҳбат кардем. Дар миён саволу ҷавоб шуд. Баъдан расидем ба ҷойи асосӣ: қариб ки аз дарсҳову муаллимон чизе гирифта наметавонанд; то сеюмкурсӣ чӣ хостанашон барои худу устодон муайян нашудааст; касе, на худи донишҷӯён ва на устодон дар фикри рафъи мушкилӣ нестанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мушкили асосӣ ин аст, ки дар ҳеҷ мактаби олии мо аз касе намепурсанд, ки чӣ мехоҳад. Аз кадом муаллим, аз кадом фан нафрат дорад, кадом фанро умуман хондану ба он дарс даромадан намехоҳад, аз усули дарсгузарии кадом устод розиву аз кадоме норозӣ аст.

Ҷаноби Тоҳирӣ, касе намепурсад, ки бачам, духтарам, ту дар тӯли чор соли таҳсилат зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ танҳо пули шартномаи донишгоҳ месупорӣ, ба болои ин лавозимоти дарсӣ ва боз китобхариҳои зиёд. Рейтингу имтиҳонотро ҳисоб намекунем. Боз фикру ғами аҳли оила, хусусан падару модар. Ва аз ҳама муҳим, чор соли умри ҷавонат мегузарад. Бар ивазаш аз донишгоҳ, факултет ва муаллимон чӣ мехоҳӣ, чиро донистан мехоҳӣ, ба чӣ расидан мехоҳӣ?

Чун касе нест, ки ин саволҳоро диҳад, донишҷӯён дар миён мондаанд. Чӣ кор карданашонро намедонанд ва аз ҳама бад ин аст, ки касе парво надорад. Гӯё ҳама чиз хуб аст ва мо рӯз аз рӯз ба пеш ҳаракат дорем.

Агар чунин ҳолат ислоҳ нашавад ва ба ҳамин минвол шабу рӯзро гузаронем, рӯзҳои баде моро интизоранд.

Агар ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо накунед, рӯз аз рӯз неопрофессионалҳо зиёд мешаванд ва аҳволамон бадтар хоҳад шуд.

Агар мо аз пайи ислоҳи ин камбудӣ нашавем, торафт эътимоди мардум нисбати таҳсил дар мактабҳои олии кишвар кам мегардад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ба фикри ман ин мушкилиро метавон бо ду роҳ ҳал намуд:

Якум, чун ҳоло раванди дохилшавӣ ба макотиби олии мо танҳо ба воситаи тест аст ва аз мактаб то донишгоҳ, ки умри чорсолаи як нафар дар миён аст, касе дар мавриди касби оянда, чӣ хостани довталаб ҳарфе намегӯяд, бояд дар вақти имтиҳоноти дохилшавӣ суҳбати ихтисосиеро ба роҳ монд. Нафарони масъулу бофаҳм бояд аз хостаҳои довталабон бохабар шаванд ва муайян кунанд, ки таҳсил кардани дилхоҳ довталаб дар мактаби олӣ бо хостаҳояш мутобиқ ҳаст ё не.

Дуюм, дар донишгоҳ донишҷӯён фанҳои ихтисосӣ мехонанд, ки ин хуб аст, вале мутаассифона ҳеҷ кадоме аз онҳо чӣ хостани донишҷӯёнро наметавонанд маълум кунанд. Яъне фан ва муаллиме лозим аст, ки бачаҳо дар он ва ба ӯ чӣ хостанашонро гӯянд. Ҳамон фан ва муаллим бояд ихтисоси бачаҳоро тавре ба онҳо фаҳмонанд, ки хатмкунандагони макотиби олӣ пас аз диплом гирифтан ҳадди ақал худу ихтисосашонро муаррифӣ карда тавонанд.

Ҳоло замонест, ки ба ҷуз он, ки аз донишҷӯён танҳо ва танҳо пули шартномаи донишгоҳ талаб мекунем, боз ба бачаҳо чӣ будани касбашонро ва ба воситаи касбашон нону ном ёфтанашонро омӯзонем.

Сино ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь