Дар ин давраи ҳассос маошхӯрони давлатӣ бояд бо усули кории ҳайати “Ҷавонони Тоҷикистон” ба давталу миллат хизмат намуда, маоши гирифтаашонро ҳалол кунанд, вагарна…
Мо аҷоибем. Барои он ки аллакай одат кардаем ҳар вақте сухан дар бораи ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” меравад, ҳатман ҷумлаҳои “Саҳифаҳояш фақат бо “гулу гиёҳ” пур шудаанд”, “Матолиби ба дарди ҷавонон бархӯранда ниҳоят кам дорад”, “Дар он ҷо набзи ҷавонӣ қариб ки нест”, “Онҳо барои ҷавонон наменависанд”, “Дар он ҷо сензура ва худсензуракунӣ зиёд аст” ва ғайраҳо ва ҳоказоро гӯем. Вале ҳеҷ одат карда наметавонем, ки бигӯем: “Ҳоло тими “Ҷавонони Тоҷикистон” содиқона, софдилона, саодатмандона, сулҳҷӯёна… махсус барои миллат хизмат карда истодаанд”.
Аз аввал оғоз мекунем.
Дар ҳоли ҳозир солимтарин, беғамтарин, нотарстарин ва боақлтарин нафар ҳамонест, ки ба “Фейсбук” намедарояд. Ба қавле, “Фейсбук” “мурдахона” шудааст ва ҳама корбарони он бо ниқобҳои сиёҳ ҷанозахабаркун ҳастанд. Дар ин фазои холиву бесоҳиб касе, ки “мегабайт” дорад, метавонад тӯй ташкил кунад, метавонад ҷаноза. Метавонад зодрӯз хабар кунад, метавонад бо “фон”-и сиёҳ аз марги шахсе ҳангомае созад, ки бо шарофати он хабар “ситора”-и интернет шавад. Яъне аксарият ба рӯй ниқоб кашида, бӯй мекобанд: бӯйи вирус, бӯйи беморӣ, бӯйи навмедӣ, бӯйи тарс, бӯйи айб, бӯйи вою дод ва бӯйи марг. Вой бар ҳоли ин ниқобдорони охирзамон!
Хушбахтона, ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҷое бадӣ аст, некӣ ҳам вуҷуд дорад. Ҷое, ки бадгӯйӣ аст, хубгӯйӣ ҳам ҳаст. Ва ҷое, ки ниқобиёни сиёҳ ҳастанд, ҳатман ниқобдорони сафед ҳам мавқеъ доранд. Ҳоло дар баробари ҳама хабарҳои дар “фон”-и сиёҳ нашрмешудаи “Фейсбук”, ҳастанд нафароне, ки дар пасманзарҳои сафеду сабз дар анбуҳи бузурги олудаи кӯрдуд ба мардум хабарҳои хуш расонида, онҳоро ба нотарсӣ, ҷасорат, таҳаммул, дар “депрессия” намондан ва хушбиниву хушфикркуниро талқин мекунанд. Ҳоло дар баробари ҳама нафароне, ки бо хабарҳояшон одами солимро бемор мекунанд, ҳастанд нафарони хуббин ва дилбардору “мотиватсия”-деҳ, ки “ҳамааш мегузарад”, “ҳамааш хуб мешавад” мегӯянд. Ин нафарон ҳайати кории ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳастанд. Ин сафедрӯён, дилсофон ва хизматгорони ҷомеа дар ин лаҳазоти ҳассос ва душвор барои кишвари азизамон дар паҳлуи Ҳукумат, Президент, табибон, беморон ва ҷомеа ҳастанд. Пас, хуш ба ҳолашон!
Ҳоло дар машҳуртарин шабакаи иҷтимоӣ барои тоҷикон – “Фейсбук” тими “Ҷавонони Тоҷикистон” дар пасманзарҳои ҷолиб суханони тасаллобахши бузургон, табибон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, вазорату кумитаҳои беҳдошти саломатӣ, Президент ва дигар коршиносонро, ки қувваи некпиндорӣ, некгуфторӣ ва некрафториро ба мардум дода метавонанд, меоранд ва ҳар матлаби сохташударо ҳамагӣ бо якдиливу якфикрӣ нусхабардорӣ мекунанд. Чунин менамояд, ки ҳайати кории ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” кори тамоми қаламбадастонро карда истодаанд. Яъне агар қаблан мегуфтем, ки дигарон танқид мекунанд, “Ҷавонони Тоҷикистон” таъриф, пас ҳоло бояд бигӯем, ки дигарон метарсонанду аҳли “Ҷавонони Тоҷикистон” бо тамоми имконот мегӯянд, ки натарсед, он гунае, ки шуморо метарсонанд, он гуна нест ва аз тавсияҳо, аз маслиҳатҳои духтурон истифода бурда, дар хона монед ва ҳамааш хуб мешавад. Биёед, акнун қабул кунем, ки дигарон мегӯянд мақомот дурӯғ мегӯяд ва аз вирус бисёр шаҳрвандони мо мубталову фавт ёфтаанд, яъне ба қавле ҳақиқат мекобанд, вале боре ҳам дар фикри дастгирӣ, дилбардорӣ ва “мотиватсия” додани мардум нестанд.
Ва як чизи дигар. Пеш аз ҳама Беҳрӯз Холмурод, масъули яке аз бахшҳои ин ҳафтанома дар саҳифааш иқдоми наҷиберо роҳандозӣ карда буд, ки боиси хушнудӣ ва дастгирии зиёде шуд. Ӯ ҳамарӯза дар “фон”-и махсус ба навиштани рақами ҳаррӯзаи шифоёфтагон аз коронавирус машғул буд, ки иқдоми неки ӯ сабаб шуд, то чанд нафари дигар ҳам аз ӯ пайравӣ кунанд. Бовар кунед, як рақамро аз интернет гирифтану онро дар саҳифаатон мондан мушкил нест, балки мушкил дида натавонистану некпиндор набудани мост. Ҳамин амалро дилхоҳ нафар метавонад анҷом диҳад, вале намекунад, зеро ӯ Беҳрӯз Холмурод нест!
Интиҳо…
Инро на ба он хотир навиштам, ки касе аз ман хоҳиш карда бошад.
Инро ман на ба он хотире навиштам, ки дар он ҷо чанд акаву чанд апаи қадрдонам фаъолият доранд.
Инро ман на ба он хотир навиштам, ки аз касе ғарз дорам ва бар ивази қарзам ин корро кардам. Инро ман на ба он хотир навиштам, ки имсол “Ҷавонони Тоҷикистон” 90-сола шуд.
Инро ман на бо он хотир навиштам, ки акаҳову устодонро таърифу тавсиф кунам ва ба ин восита унвони “лаганбардор”-ро соҳиб шавам.
Инро ман ба хотире навиштам, ки ҳар нафари мегабайтдору фейсбукдор метавонад кори ҳайати “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро кунад ва ба давлату миллати худ хизмат намояд.
Маоши мегирифтаатон ҳалолатон бод, тими “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ба қавли нависандаи мумтоз Фазлиддин Муҳаммадиев, “бар падаратон раҳмат!”.
Сино ТОҲИРӢ