Дуруд Хуршедшоҳ!

Ин саҳар дар роҳ мунтазири маршрут будам. Интизорӣ нисбат ба ҳар вақта хеле тӯл кашид. Зери борон мондам. Чатр фаромӯш шуда буд. Худамро зуд зери боми истгоҳ гирифтаму базӯр аз намкашӣ эмин мондам.

Бе ин ҳам, вақтҳои охир китфҳоям кам-кам дард мекунад. Доктор мегӯянд, ки “аҳамият надиҳед, нишонаи пирист”. Аммо ман худамро хеле эҳтиёт мекунам. Ҳамин тур тарбият гирифтаам. Аз хурдӣ ба либоспӯшӣ, ба хӯрок, ба рафтор, ба гуфтор, ба муносибат, ба хушгуфторӣ, ба тозагӣ, ба озодагӣ ва озодазодагӣ дилбаста ҳастам. Хоста-нохоста ба рафтору гуфтору кирдори мардум низ  аҳамият медиҳам ва як ҷузъиёти ноҷо диламро хун мекунад. Аммо ба касе чизе намегӯям, ранҷишамро нишон намедиҳам. Ин муқаддимаи ночизро барои он овардам, ки дар чунин ҳолат бештар ба сарам андешаҳои подарҳаво пайдо мешавад.  Ва ин дафъа  ин андеша ба хаёлам раҳ ёфт, ки дар бораи амонат ё амонатнигаҳдорӣ, ки аз сарчашмаи ойини ҷавонмардӣ ва аристократизм об мехӯрад, як-ду сухан биёварем  ва мехоҳам бо Шумои азиз дар ин бора дарди дил бикунам.

Мафҳуми “зиёӣ” ин ҷо ба дарди мо намехӯрад. Чун дар бораи ин мафҳум ва соҳибонаш каму беш дар матбуоти даврӣ ва суҳбатҳои сарироҳӣ гуфтумон мешавад ва ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ намемонад. Аммо чун сари мафҳуми “аристократ” андешидам, ҳиҷ аз буданаш дар ҷомеаи имрӯзиямон дарак наёфтам. Мансабдорон, вазифадорон, руасою вузаро, давлатмардон, профессорону академикҳоямон ё аз аристократия бӯ набурдаанд ё дар рагҳояшон хуни аристократӣ ҷорӣ набудааст? Кист, ки даст рӯйи сина монда бигӯяд, ки “мана ман аристократ”?

Қурбонаш мешавам, агар ба ҳамин оин мутобиқу мувофиқ бошад!

Охир вазифа доштану костум пӯшидану галстук бастану мошини гаронқиммат савор шудану дар маҷлисҳо дар қатори пеш нишастану худнамоӣ кардан, аристократия набуду набудааст!

Андешаам ба он овард, ки ҳамин мафҳуми аристократияи мегуфтаам, аслан ба “ойини ҷавонмардӣ” шабоҳати зиёд дорад. Дар бораи оини ҷавонмардӣ дар адабиёти килосики мо маълумот зиёд аст, агар ҳар ки ҳусни таваҷҷӯҳ дорад, метавонад маводи зиёд ба даст оварад.  Ҷавонмардон амонат ва амонатнигаҳдориро яке аз ҷузъҳои асосии ин ойин медонистаанд ва савганд мехӯрдаанд, ки “ба додори кирдугор ҷон диҳаму амонат аз даст надиҳам”!  Аммо дар ҷомеаи мо ба амонат замонат нест. Қарзҳо бо фоизҳои дандоншикан, ба амонат хиёнат кардан, қарз додану аз пасаш солҳо давидан, як розро дар миён гузоштану пас аз чанде овозаашро шунидан, аз муносибати маҳрамона бо маъшуқа ва чанд шиша шароб нӯшида тавонистан, лоф задан, дӯстонро ба як тини пуччак фурӯхтану боз дар рӯяшон хандидан, пешпой додани ҳамдигар, аз шикасти касе шодӣ кардан, дуздидани идеяи ҳамдигар, шеърдуздӣ, асардуздӣ, пулдуздӣ, молдуздӣ…

Эҳ Хуршед!

Агар давом диҳам  жанри наве пайдо мешавад бо номи “шикоятнома”, аз ҳамин сабаб давомашро ба диду фаҳмишу идроки худатон ҳавола мекунам.

Боқӣ саломату сарбаланд бошед!

Бо эҳтиром Абдувоҳид

арисТОкРат

Дуруд дӯсти шоирам!

Ин бор мавзӯи дарднокеро бардоштаед.

Ёдам омад, боре дар посух ба як андешаи Шаҳзодабону, рӯшанфикре аз Ӯзбекистон, номае навишта будам, чун дар оғоз аз вожаи “зиёӣ” ёд кардаеду навиштаед “…мафҳуми “зиёӣ” ин ҷо ба дарди мо намехӯрад. Чун дар бораи ин мафҳум ва соҳибонаш, каму беш дар матбуоти даврӣ ва суҳбатҳои сарироҳӣ гуфтумон мешавад ва ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ намемонад”.

Чанд пора аз номаам ба Шаҳзодаро инҷо иқтибос меорам. Бо умеди он ки андешаи маро сари вожаи “ зиёӣ” дарк мекунед:

“… Аввалан, он қишри зиёӣ, рӯшанфикре, ки аз ӯ раҳнамоиву пешниҳоди андешаи тоза мекунед, умуман дар борааш вакт сарф карда, ин қадар навиштаед, дар Тоҷикистон дигар нест! Дуруст, ки чанд нафар мӯйсафедони дигар қоматашон хамзадаву баҳори умрашон рафта, ки симои аслии зиёии даврони шӯравӣ ҳастанд ва дар ёдгӯшаҳои хотироти ғамангези он айём нақши эшонро хуб ҳифз кардаед, мондаанд.  Мисоли Шакурӣ (равонашон шод бод!), Мӯъмин Қаноат (равонашон шод бод!), Гулрухсор, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Иброҳим Усмонов, Абдунабӣ Сатторзода, Ҳақназар Ғойиб ва чанд нафари дигар, ки ҳарфи хомӯшию нотавонӣ бар лаб, дигар гӯшаи узлатро пазируфтаанд, чун чораи дигаре надоранд.

Аммо, дар мавриди онҳое ки дар пиндори Шумо имрӯз зиёӣ ҳастанд:

Рӯшанфикрро наҷӯед Шаҳзода, зиёӣ кайҳо мурдааст! Гурӯҳе худро ба масҷид зад то аз Худо пурсад ки:

 Қисматнавис чӣ кинае аз мо ба сина дошт,

Рузе ки лавҳи қисмати моро набишта буд?

Гурӯҳи дигар худро ба майхонаҳо зад то фардо аъзои “ҲИУ”, “Байъат”, “Таҳрир”, “Ал – Қоида” (ин созмонҳо дар Тоҷикистон террористӣ эълон шудаанд) гуфта, бурда зиндонӣ  накунанд… ва ба қавли шодравон Лоиқ:

Малулам аз ҳама чуну чароҳо,

Дилам бигрифт аз ин моҷароҳо.

Бигирам гардани хуммеву гирям,

Беҳ аз гардан ниҳодан дар балоҳо.

Ба кавли ин шоири қурбонии марги тадриҷӣ: «Ту напурсу ман нагӯям».

Акнун баргардем сари вожаи “ аристократ”: Аз “ҳуши маснуӣ” суол кардам, чунин посухам дод: …”ин мақом одатан меросӣ буда ва аз насл ба насл мегузарад. Хусусиятҳои асосии аристократҳои классикӣ инҳоянд: Наслномаи пурифтихор: Падару бобёни онҳо мақом ва нуфузи баланди иҷтимоӣ доштаанд.

Молу мулк ва дороӣ: Онҳо дорои сарвати зиёд ва заминҳои зиёд буданд.

Таълим ва фарҳанг: Онҳо таҳсил дар беҳтарин донишгоҳҳо кардаанд ва фарҳанги баланди муоширату одоб доранд.

Нуфузи сиёсӣ: Онҳо дар идораи давлат ва қабули қарорҳои сиёсӣ нақши муҳим доштанд”.

Вақте дубора саволаш кардам, ки “оё дар Тоҷикистон чунин қишри ҷомеа вуҷуд дорад, “ “ҳуши маснуӣ” чунин посухам дод:

“Дар Тоҷикистон системаи иҷтимоӣ дар давраҳои гуногун тағйир ёфтааст ва мақоми иҷтимоӣ аксаран барои сарватмандон буда, мавқеъи давлатӣ доштан аз дастрасӣ ба таълим ва фарҳанг вобаста буд. Дар Тоҷикистон аристократ ба маънои классикии ин калима нест, вале баъзе оилаҳое ҳастанд, ки дар ҷомеа нуфузи муайян доранд ва метавонанд хусусиятҳои муайяни аристократиро дошта бошанд. Муҳимтарин фарқияти онҳо аз аристократияи классикӣ дар он аст, ки ин нуфуз дар асоси мерос ва таваллуд нест, балки аз сабаби сарвати ба даст овардашуда ва ё мақоми сиесӣ ва иҷтимоӣ вобаста мебошад”.

Яъне, ин табақа ё ин ҷомеа дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва ин ки шумо “… андешаам ба он овард, ки ҳамин мафҳуми аристократияи мегуфтаам, аслан ба “ойини ҷавонмардӣ” шабоҳати зиёд дорад”, мегӯед, посухашро ба ин андеша ҳам ман замоне дода будам:

“Ойини ҷавонмардӣ-мисоли афсонаҳои бибии ман ҳаргиз бо зиндагии воқеӣ мувофиқат нахоҳад кард. Зеро таълимдиҳандагони ин ойин дар кишвари ман, ноҷавонмардтарин мардон ҳастанд”.

Ба ин андеша розӣ набошед, шикоят нависед!

Бо дуо: Хуршед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь