Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, ту бисёр одами хушбахтӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестӣ. Яъне аз қимори интернетӣ бехабарӣ. Чӣ будани фиреби интернетиро намедонӣ. Намедонӣ, ки бархеҳо барои обуначӣ шуда ба чӣ корҳо омодаанд. Бехабарӣ, ки имрӯз ноболиғонеро, ки худро ба қавле блогер мегиранд, барои дағалгуфторӣ ба муҳлатҳои гуногун ҷазо медиҳанд. Хушбахтона, аз вуҷуд доштани ҳодисаҳое, ба мисли як духтари тоҷикро барои дар интернет бо алфози қабеҳ сухан гуфтану шаъну шарафи тоҷиконро, махсусан, духтари тоҷикро паст кардан ҷазо медиҳанд, бехабарӣ…

Ҷаноби Тоҳирӣ, фаъол набудани ту дар шабакаҳои иҷтимоӣ хушбахтии туст. Намебинӣ, ки як духтари тоҷикро чӣ гуна ҳамватанонамон паст мезананд. Намебинӣ, ки як духтари тоҷик чӣ гуна суратҳои нимёруни худро нашр мекунад ва ӯро дар пахши мустақим, ки имкон дорад дунё тамошо кунад, дашном медиҳанд. Намебинӣ, ки як ноболиғро дар як замон зиёда аз 1000 кас дар пахши мустақим дастгирӣ мекунад, дашном медиҳад, нокас мехонад, фармони иҷрои амалҳои нохубро медиҳад ва дар охир ӯро бурда аз 7 то 14 рӯз маҳкам мекунанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, бовар кун, шабакаҳои иҷтимоии сегменти тоҷикӣ ба як “Дезинфекция” ниёз доранд. Оне, ки як-як ба ном блогеронро барои дағалгуфторӣ ё либосҳои нохубашон аз 7 то 14 шабонарӯз паси панҷара мебарем, қариб ки чизе иваз намешавад. Мепурсӣ, ки чаро ҷазо ислоҳ намекунад? Бовар кун, ман ба ин савол ҷавоб надорам. Алакай мушоҳида кардам, ки ба ном блогеронро барои дағалгуфторӣ чанд маротиба ҷазо доданд, аммо пас аз адои ҷазо боз корашонро такрор мекунанд. Ҷазо сабук бошад ё мо ҳамин гуна ислоҳнашаванда шуда бошем?

Ҷаноби Тоҳирӣ, чун намедонӣ, ман як раванди маъмули дигарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ту мегӯям. Агар як кас дар интернет дашном дод ё либоси нохуб ба бар кард, нафароне пайдо мегарданд, ки дар Фейсбук ё Инстаграм саҳифаи расмии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо қайд карда, дархост мекунанд, ки чораандешӣ карда шавад. Албатта, ин хуб аст, ки мақомоти интизомӣ дар фазои маҷозӣ фаъол аст ва ба муроҷиати шаҳрвандон саривақт вокуниш мекунад. Аммо бадии кор дар он аст, ки чаро мо ин беодобиҳо ва паст кардани шаъну шарафро танҳо ба дӯши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ мепартоем ва гӯё танҳо ин раёсат вазифадор аст, ки мушкилоти мазкур ҳал шаванд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, барои решакан кардани беодобиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо мақомоти интизомӣ масъул нест, балки оила, мактаб, ҷомеа, блоги идеологӣ… масъуланд. Айб аст, ки барои беодобии як ноболиғ танҳо саҳифаи мақомотро ишора кунем ва баъди ҷазои 7 ё 14 рӯза ба хулосае оем, ки масъала ҳал шуд. Айб аст, ки барои либоси нимурён пӯшидани як духтари тоҷик саҳифаи мақомотро ишора кунем ва баъди адои ҷазои 7-14 рӯза гӯем, ки тамом ӯ ислоҳ шуд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мақомоти интизомии мо ба таври аъло аз ӯҳдаи кораш мебарояд, ҳатто пас аз соате ба муроҷиати шаҳрвандон чораандешӣ мешавад, аммо чаро ба дигар институтҳои иҷтимоӣ ин мушкилотро намегӯем? Чаро онҳоро масъул намедонем? Чаро барои беодобии як ноболиғ модару муаллиму ҷомеаро айбдор намекунем? Ба ҷуз мақомоти милитсия дар беодобии ҷомеа дигар масъуле нест?

Ҷаноби Тоҳирӣ, бубахш, ки ба ту ин қадар савол медиҳам, аммо боз ба кӣ гӯям, ба сари кӣ дод занам? Ту дӯсти ман ҳастӣ ва ҳама гапамро ба ту мегӯям, бовар кун.

Биё, аз ин ба баъд кӯшиш кунем, ки ба дигар институтҳои иҷтимоӣ ҳам мушкилоти ҷомеаро бигӯем ва тавре бигӯем, ки онҳо низ масъулият ҳис кунанд. Агар институте бо номи “оила” аз либоси нимурёни духтари хона ҷилавгирӣ кунад, агар ҳамон институт аз қабеҳгуфтории фарзанди ноболиғ пешгирӣ кунад, бовар кун, ҳолат хеле хуб мешавад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман ҳам умед мекунам, ки ҳолат беҳтар шавад, вагарна ин роҳе, ки бархе наврасону чавонони мо дар интернет пеш гирифтаанд, охири хуб надорад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь