ФАСЛИ ЯКУМ:

Шиносоӣ

Рӯҳи ман гоҳо бо хамӯшиҳои пурисён

Инқилоби сабз мехоҳад, бар алайҳи дарди танҳоӣ,

бар алайҳи ин ҳама бедодии қисмат,

бар алайҳи зиндагии пучу бемаъно,

бар алайҳи фурсате, ки бемуҳаббат меравад чун тир

аз канори рӯди умри мо…

Ин мисраъҳо маҳсули эҷоди ҳамсуҳбати навбатии ман Сурайё Ҳакимова, рӯзноманигор, устоди рӯзноманигорони ҷавон ва шоири зебоипарасту нозукбин ҳастанд. Ҳамин мисраъҳо муаллимаро ҳамчун мусоҳиби хуб ва дорои андешаи аҷиб шиносонд. Ҳамин масраъҳо сабаб шуданд, ки ба муаллима доир ба пайраҳаи эҷодашон суҳбат кунем.

Танҳо ҳамин мисраъҳо…

ФАСЛИ ДУЮМ:

Аз имрӯз оғоз мекунем

Ҳоло пайи кадом корҳоед ва як рӯзатон чӣ гуна мегузарад?

– Зиндагӣ дорам. Меомӯзам, меомӯзонам, менависам. Як рӯзи ман дар донишгоҳ бо шогирдон ва бештари вақт дар рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” мегузарад.

– Имрӯзҳо дар бораи чӣ бештар фикр мекунед?

– Дар бораи он ки “зиндагӣ воқеан зебост”.

– Оё инсон метавонад фикр накунад?

– Албатта, не.

– Имрӯз зиндагӣ кардан душвор аст?

– Бибиям мегуфтанд, ки хешро ба шикоят кардан одат мадеҳ. Агар чизе писанд нест, барои ислоҳи он талош кун. Аз шикоят кардан муроде ҳосил намешавад. Ҳеч вақт нагуфтаам, ки зиндагӣ душвор аст, гарчанде осон нест, ҳар лаҳзаи зиндагӣ имтиҳон, талош ва мубориза аст.

– Имрӯзатон хуб аст ё дирӯзатон хуб буд ва ё умед доред, ки фардо хуб мешавад?

– Аз дирӯзи хеш афсӯс намехӯрам, аз ҳар чӣ гузашт – шикасту ноомадиҳову бурду музаффариятҳо, аз ҳар кадом таҷриба гирифтам, омӯхтам! Аз имрӯзи хеш розиям ва ба ояндаи беҳтар умед дораму талош.

ФАСЛИ СЕЮМ:

Пайраҳаи умр

– Муаллима, дар чӣ гуна оилаву муҳит таваллуд шудаед?

– Дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Падарам омӯзгор дар дабистон буданду модарам мураббӣ дар кӯдакистон. Ҳар ду имрӯз бознишаста ҳастанд ва давлати пирӣ меронанд.

Бештар ба кӣ рафтаед: ба падар ё модар?

– Агар аз рӯи мушоҳидаҳои худам гӯям, ба ҳар ду шабоҳат дорам, ҳам аз симои зоҳирӣ ва ҳам аз нигоҳи ботинӣ. Аммо дигарон мегӯянд, ки дар ботину зоҳир бештар ба падарам шабоҳат дорам.

Кадом сухани волидон роҳнамои зиндагиатон шудаанд?

– Падарам мегуфтанд “нағз хон духтарам, хонӣ одам мешавӣ”!

Ҳар он чизе, ки волидон ба шумо карданд, оё шумо имкони ба фарзандонатон кардан доред?

– Шукри Худованд бо дастгирии волидон таҳсил кардам, маълумоти олӣ гирифтам ва то имрӯз низ аз меҳрубониҳояшон бебаҳра нестам. Он чӣ аз падару модар гирифтам, дуои хайр, дастгирӣ, эътимод ва боварӣ аст, ки ба фарзандонам низ аз ман хоҳад расид.

Чаро соҳаи мушкил рӯзноманигориро интихоб кардед?

– Ҳар коре, ки дӯст медорӣ, мушкил нест. Ман фикр намекунам, ки рӯзноманигорӣ касби мушкил бошад. Фақат истеъдод ва кӯшишу ҷасорат мехоҳад.

Роҳи тайкардаатон албатта осон нест, зеро ба омӯзиш, омӯзонидан, эҷод, вазифаи модарӣ ва ғайра алоқаманд аст. Оё метавонед бигӯед, ки ин роҳ ҳамвор буд?

– Албатта, не. Аммо ҳамин роҳи пуршебу фароз маро пухтатару қавитар намудааст. Афтодаму бархостам ва аз хатоҳо омӯхтам.

– Кадом мушкилоти зиндагӣ шуморо қавӣ ё баръакс рӯҳафтода кард?

– Аввалҳо аз кӯчактарин мушкиле, ки ба сари ман меомад, рӯҳафтода мешудам, аммо баъдтар дарк кардам, ки саодати рӯзгори ман дар дасти худи ман аст ва касе муваззаф нест, ки маро муваффақу хушбахт созад ба ҷуз худам. Дарки ҳамин нукта бароям хеле муҳим буд.

– Аз зиндагии доштаатон, аз касби интихобкардаатон розиед?

– Сад дар сад розиям.

ФАСЛИ ҶОРУМ:

Муҳаббат ва садоқат

– Хеле хушбахтем, ки шуморо дорем, зеро ҳам фаъолияти амалии журналистӣ доред ва ҳам дар донишгоҳ ба бачаҳо дарс мегӯед. Албатта, ин барои бачаҳо хуб аст, зеро шумо барояшон намуна ҳастед. Бигӯед, ки барои шумо ин корҳо ёрирасони ҳамдигар ҳастанд ё халалрасон?

– Ман ҳамеша бар ин назар будаму ҳастам, ки рӯзноманигороне, ки бевосита дар васоити ахбори омма фаъолияти амалӣ доранд, бештар барои шогирдон розҳои ин касби ҳамеша рушдкунандаро бозгӯ карда метавонанд. Барои худи ман яке ба дигаре кӯмак мекунад ва ҳамдигарро пурра месозад. Ман барои бачаҳо меомӯзонам ва баробари онҳо худам низ меомӯзам.

– Кори рӯзноманигорӣ рӯз аз рӯз беҳтару осон ё бадтару душвор шуда истодааст?

– Беҳтару осонтар шудааст. Ҷаҳонишавӣ, татбиқи технологияҳои муосир, рушди соҳаҳои нав ба нави журналистӣ ин ҳама имконияти фарох ва майдони густурдаро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ муҳайё мекунад.

– Чи шуморо маҷбур мекунад, ки саҳар ба кори газета биёед?

– Муҳаббат ва садоқат ба касб ва газета.

– Оё кори рӯзнома, ки ҳоло бештар мардум дар фазои маҷозӣ матлаб мекобанду мехонанд, барои шумо дилгиркунанда нест?

– Не, балки фикр мекунам, ки мо бояд ҳамеша ҷавогӯ ба хостаҳои хонандаи хеш бошем. Пас мо, бояд бо газетаи худ ба фазои маҷозӣ оем. Дар ин ҳолат шакли электронии газетаҳо метавонад ҷойгузини шакли чопӣ бошад.

– Рӯз аз рӯз шумораи ихтисосҳои журналистӣ дар макотиби олии кишвар зиёд мешавад, ин хуб аст ё бад?

– Ҳамеша назари нек бояд дошта бошем, албатта хуб аст, барои он ки омода намудани журналист чандон кори саҳлу сода нест. Фикр мекунам, рақобат боиси рушд аст.

– Бо донишҷӯи имрӯз кор кардан душвор нест?

– Бо донишҷӯёне, ки бо мақсади рӯзноманигор шудан ба донишгоҳ меоянд, кор кардан душвор нест, балки хеле шавқовар аст, аммо мутаассифона, на ҳамаи донишҷӯён барои журналист шудан таҳсил мекунанд.

– Доир ба фаҳмиш ва қалам, донишҷӯёни имрӯз аз 5-10 сол пеш чӣ тафаввут доранд?

– Фаҳмиши донишҷӯён нисбат ба 5-10 сол хеле пеш рафтааст, аммо дар қалам як андоза камтаваҷҷуҳӣ эҳсос мешавад. Барои қаламкаш шудан истеъдод ва маҳорати асил лозим аст.

– Муаллим бояд ҳамқадами замон бошад ва худро доимо такмил диҳад, шумо ин корро чӣ гуна мекунед?

– Бале, дуруст мегӯед, бахусус вақте муаллим аз касбе дарс мегӯяд, ки ҳар рӯз дар ҳоли рушд кардан ва тағйир пазируфтан аст. Худтакмилдиҳиро бо омӯхтан ва иштирок дар курсҳои такмили ихтисос ба даст меорам.

Аллакай ҳис мекунед, ки аз миёни донишчӯён журналистони машҳуру маҳбуб ва соҳибқалам мебароянд?

– Бале, муаллим ҳамин истеъдодро дорад, ки дарк мекунад кадом шогирди ӯ соҳибкасб мешавад. Замоне ки донишҷӯ будем, муаллимаи мо Раъно Бобоҷонова гуфта буданд, ки аз миёни шумо шаш нафар дар журналистика бештар муваффақ хоҳад шуд. Аммо номи касеро ба забон нагирифта буданд. Дар ҳақиқат, ҳоло мо шаш нафар ҳамсабақон дар ин соҳа фаъолият дорем.

ФАСЛИ ПАНҶУМ:

Паноҳ аз бори зиндагӣ

– Шеърҳои шумо дар фазои маҷозӣ хеле хуб пазируфта мешаванд. Бигӯед, ки аз кай бо қаламу коғаз шинос ҳастед?

– Аз наврасӣ ба адабиёт муҳаббат дорам, ба қаламу қоғаз замони донишҷӯи ишқ пайдо кардам.

– Илҳом чӣ гуна ба суроғатон меояд?

– Ҳамаҷову ҳарвақт, ки хост меояд, аммо бештари вақт гоҳе, ки дар танҳоӣ қадам мезанам, замоне ки хӯрок мепазам.

 – Шеър гуфтан барои шумо маънии хос дорад?

– Бале. Аз бори зиндагӣ паноҳ ҷустан, аз маънии ҳастӣ ва ишқ лаззат бурдан.

– Шеърҳоятон бозгӯи ҳолати доштаатон ҳастанд ё дар умум фикрҳои дидаву шунида?

– Кам андар кам ҳолати шахсиам дар мисраъҳоям ифода меёбанд, балки бештари маврид ҳосили бардоштҳо, мушоҳидаҳост. Аслан “ман”-и шоир “мо”-ест, ки хонанда пайдо мекунад.

– Шеър метавонад як қаҳрамон дошта бошад?

– Албатта, метавонад ва ҳам наметавонад, инро худи шоир медонад.

Навиштан дард аст, оё боре кӯшиш кардед, ки давое ёбед?

– Ман ба ин дард ошиқам!

– Шумо чӣ гуна мувозинатро байни воқеият ва бадеият месозед?

– Ба ин кор рӯзноманигор буданам кӯмак мекунад.

– Мегӯянд вақти дилтангӣ ва ба чизе эҳтиёҷ доштан эҷодкор беҳтар менависад. Оё ин рост аст?

– Бале, дили шеър дард аст.

Пешрафти технология ва махмул шудани фазои маҷозӣ ба шеъру шоир таъсири манфӣ намерасонад?

– Не, шояд бештар аз ҳар вақт нуфуз ва эътибор пайдо кунад, зеро миёни ин ҳама маҷозҳо инсоният дар ҷустуҷӯи самимият хоҳад буд.

ФАСЛИ ШАШУМ:

Роҳе, ки худ интихоб

– Чаро мо ба дунё омадаем?

– Ҳар кас барои коре ба ин дунё меояд. Гап дар сари ин аст, ки мо рисолати хешро дарк карда метавонем ё на.

– Ба фикри худатон чӣ рисолат доред дар ин дунё?

– Инсон будан. Модари хуб будан, ба фарзандош тарбияи дуруст додан. Шеъри мондагор гуфтан.

– Куҷо равонем?

– Ба ҳамон роҳе, ки худ интихоб мекунем.

Ҳамеша мефаҳмем, ки мегӯянд: “Ишқ зебост”, зебоии ишқ дар чӣ зоҳир меёбад?

– Дар шинохти хеш ва садоқат ба худ.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь