Имрӯз, 1-уми июн Фазлиддин Асозода, журналисти шинохта ва ҳамзамон хушноми мо, ки устоди аввалини мо дар навиштан маҳсуб меёбанд, ба синни 44 медароянд. Ба ин муносибат мо аз устод ба 44 саволамон 44 ҷавоб гирифтем, ки дар зер манзури шумо мегардад.

КАТИБАИ ЯКУМ:

“ЗИНДАГИИ ОСОН МАЪНО НАДОРАД”

– Як шабонарӯзатон чӣ гуна мегузарад?

– Машқи сабук, субҳона, кор, хӯроки нисфирӯзӣ, кор, хона, варзиш, хӯроки шом, имтиҳони кӯдакон, китобхониву таълиф ва хоб.

– Аз инҳо кадомашро ихтисор ва чиро илова кардан мехоҳед?

– Ягонтояшро ихтисор карда намешавад, вале агар илова карданӣ шавам, мехоҳам, ки он гулпарварӣ ё боғбонӣ бошад. Синну соли одам ҳар қадар боло равад, зебоипарасту оянданигар шудан мегирад.

– Имрӯз рӯзгоратон ҳамон тавре ҳаст, ки чанд сол пеш орзу доштед?

– Домони орзуҳо васеъ аст. Бовар дорам, ҳеҷ кас ҳаргиз куллан ба дарёфти он чизе, ки мехоҳад, муваффақ намешавад. Аммо, тавре мегӯянд, кам бошаду нек бошад. Шукр ба рӯзгоре, ки имрӯз дорем. Яъне, аз думбаи нася дида шуши нақд беҳтар.

Қарз, тарс, нофаҳмӣдоред? Агар бале, аз кӣ? Агар не, чаро?

– Одамон қарзи маънавии шоиста зистану амал кардан доранд. Аз нигоҳи молӣ бошад, аз касе қарздор нестам ва кӯшиш мекунам қарз ҳам нагирам. Аз номардӣ ва аз номардон метарсам. Мекӯшам дилхоҳ нофаҳмиро бо дилхоҳ нафар зуд аз байн бубарам.

– Дар ин шабу рӯз зиндагӣ кардан душвор нест?

– Зиндагии осон маъно надорад.

– Зиёдтар бо кадом намуди одамон дучор меоед: хуб ё бад?

– Одам офаридаи мураккаб аст, ӯро шинохтан саҳлу содда нест. Барои ҳамин, дар симои ҳар як нафари дучоромада чеҳраи хубро мебинам ва баъд вақт доварӣ мекунад.

КАТИБАИ ДУЮМ:

“ХАТОИ ҶАВОНИАМ ҲАМИН КИ

– Аз кай худатонро ёд доред?

– Аз вақте ки маро хатна карданд. Агар хато накунам, қариб 4-сола будам. Шояд аз ин пеш ҳам баъзе манзараҳо ба ёд монда бошанд, аммо хира-хираанд.

– Бештар ба кӣ рафтаед: падар ё модар?

– Аз нигоҳи симо, ман як нафари махсусам (механдад). Аз лиҳози хислат якравиҳои модар ва дар лаҳзаҳои лозимӣ қошу қавоқу ҷиддияти падарро дорам.

– Дар кӯдакӣ бозии дӯстдоштаатон чӣ буд?

Буҷулбозӣ ва рустшавакон. Чандин нафарон баъди бой додан дар буҷулбозӣ бо ман инони гиряро сар додаву бисёриҳо ҳангоми рустшавакон то торикии шаб маро кофтаву наёфтаанд.

– Вобаста ба замони мактабхонӣ аз чӣ афсӯс мехӯреду аз чӣ ифтихор мекунед?

– Умуман, одати афсӯсхӯрӣ надорам. Замони мактабхонӣ ҳам “афсӯсхӯрак” набудам. Ифтихор аз он дорам, ки боре ҳам падару модарамро барои муҳокимаи рафтори ман ба мактаб даъват накардаанд, зеро дар хонаи мо “суд” амал мекарду ҳар бегоҳ “раисикунандаи суд”- падарам бо ҳамроҳии “котиби суд”- модарам рафтору кирдори “ҷавобгарон” – фарзандонро мавриди баррасӣ қарор медоданд.

– Мегӯянд, ки дар наврасӣ одам тағйир меёбад. Шумо тағйир ёфтед?

– Дуруст мегӯянд. Пеш аз наврасӣ як нафари дамдузду беҳад шармгин будам. Баъди наврасӣ хеле тағйир ёфтам ва ҳоло натиҷаашро худатон дида истодаед.

– Шумо таҳсилдидаи риштаи рӯзноманигорӣ ҳастед. Оё имкону хоҳиши дар дигар самт таҳсил кардан набуд?

– Аслан, хоҳиши дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил кардан надоштам, мехостам ҳуқуқшинос шавам. Интихоб тасодуфӣ шуд. Вақте ки ҳамроҳи падар ба факултети ҳуқуқшиносӣ рафтем, ҷойи холӣ набуд ва сари қадам ба факултаи журналистика даромада, ҳуҷҷат супоридему дохил шудам.

– То ҷое медонем, дар соли охири таҳсил аз донишгоҳ хориҷ шудед. Ин қазия чӣ гуна буд ва бо чӣ анҷомид?

– Гуфти ҷавонони имрӯза, “боботон ошиқ шуд”. Дар курси чоруми зинаи бакалавр таҳсил мекардем, ки духтараке аз курси сеюм писандам омад. Хостам ҳамдарси ӯ бошам. Вақте якмоҳа ба таҷрибаомӯзӣ баромадем, ин баҳонаи хуб шуд. Ду моҳи дароз “таҷрибаомӯзӣ” гузаштам ва бо дили пур ба факулта рафтаву номамро дар рӯйхати хориҷшудаҳо дида, аз хурсандӣ қад-қад паридам.

– Як хато ва як муваффақияти ҷавониятон кадом аст?

– Хатои ҷавониям ҳамин хориҷ кардани худ аз донишгоҳ буд, ки муваффақам намуд. Гарчанде бо он духтар гапҳоямон напухт, аммо вақте ки дар курсам барқарор шудам, шакли таҳсил тағйир ёфта, боз панҷсола шуд. Аз ҳамкурсҳои собиқам ба ғайр аз 4-5 нафар дигар ҳама ҳуҷҷати хатми бакалавр гирифтаву ҳар тараф парешон шуданд, таҳсилро идома надоданд. Вале “ошиқӣ” фоида карду ман баробари он собиқ ҳамсабақонам, ки дар зинаи магистрӣ мехонданд, таҳсилрро ба анҷом расонида, соҳиби маълумоти олӣ шудам.

– 22 сол пеш шумо 21-сола будед. 21-солагии шумо аз 21-солагии ҷавонони имрӯз чӣ тафовут дорад ва оё умумияте низ ҳаст?

– 22 сол пеш 21-солаҳо ҷавонони 21-соларо иҳота намуда, кисаҳояшонро мекофтанду пулҳои ночизашонро мегирифтанд ва “падсана барра кардем” гуфта, мазоҳ ҳам мекарданд. 21-солаҳои имрӯзро худатон дида истодаед, хулоса бароред.

Ҳама он чизе, ки падар дар ҳақи шумо карда буд, шумо ба фарзандонатон карда истодаед?

– Ҳама он чизе, ки падар дар ҳақи ман карда буд, шукр, ҳоло барои фарзандони ман карда истодааст. Ман танҳо рӯзномаҳояшонро месанҷаму аз дарсҳояшон пурсон мешавам.

– Ба фарзандонатон чӣ монданиед?

– Баъди даргузаштам, ҳар он чӣ аз анвои моливу маънавӣ аз ман боқӣ мемонад, бигиранд. Интихоб аз онҳост, ки кадоме мол интихоб мекунаду кӣ маънавиёт.

– Ба фикри шумо, ба ҳар оилаи тоҷик ҳоло аз ҳама бештар чӣ лозим аст?

– Ҳамдигарфаҳмӣ.

 КАТИБАИ СЕЮМ:

“БО ОБИ ХУНУК ҲАМ БОМАЗЗА МЕГУЗАРАД…”

– Навиштаҳои аввалинатонро кӣ таҳрир кардааст ва оё он замон ноумедӣ дар шумо буд?

– Вақте ки рӯзноманигори дақиқназар Убайдуллои Мурод аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” навиштаҳои аввалинамро таҳрир мекард, ман наметавонистам ноумед бошам, зеро муносибати ӯ ба ин роҳ намедод. Аммо баъзан аз хатоҳои роҳдодаам дар навиштаҳо худ шарм мекардам.

– Аз журналистони соҳибном киҳо ба шумо ҳақи устодӣ доранд?

– Онҳоро метавонам ба се гурӯҳ ҷудо намоям. Якум, устодони донишгоҳӣ: Хоҷабек Зулфиқоров, Асадулло Саъдуллоев, Абдусаттор Нуралиев, Баҳриддин Камолиддинов, Пайванд Гулмуродзода (равонашон шод бод!), Иброҳим Усмонов, Мурод Муродӣ, Сангини Гулзод, Қироншоҳ Шарифзода, Латиф Ҳадязода, Нуриддин Бозорзода, Бахтиёр Қутбиддин, Қутбиддин Мухторӣ ва дигарон. Дувум, устодон дар амалия: Убайдуллои Мурод, Шарифи Ҳамдампур, Абдумудассир Аҳмадзода, Хуршеди Атовулло, Маҳмадалӣ Мақсадулло ва ғайраҳо. Севум, журналистони намоёне, ки худашон бехабар, дуздида-дуздида аз таҷрибаҳояшон омӯхтам: Ваҳҳоби Латиф, Мухтор Боқизода, Зоҳиршоҳ Шарифзода, Шоҳҷон Шоҳҷонов, Фахриддини Холбек, Мардони Муҳаммад, Сафо Сафаров ва дигарон. Бояд зикр намоям, ки ин ҳама номгӯи мукаммал нест. Яъне дар рӯйхат ва ғайраҳо устодони зиёди дигар дорам.

– Маҳорати навиштанро як нафар ба нафари дигар омӯзонида метавонад?

– Бале, маҳорат модарзодӣ нест.

– Мегӯянд, ки кори журналистӣ дар редаксия аз чойкашӣ шурӯъ мешавад. Дар солҳои аввали кориятон барои киҳо чой кашидаед?

– Аз ин ҳам бартар. Масалан, ман солҳои аввали кориям чой мекашидам, ҳоло ҳам барои хурду калон чой мекашам. Ҳатто замони дар нашрияи “Фараж” фаъолият карданам утоқи кориамро шӯхиомез “Чойхонаи Фазлиддин” мегуфтанд. Зеро, ҳамеша об меҷӯшид ва чойник пури чойи кабуд буд.

– Аввалин кори расмиятон дар кадом редаксия буд?

– Дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”. Устод Қироншоҳ Шарифзода, ки роҳбари кори эҷодиям аз донишгоҳ буд, ҳамин нашрияи бонуфузро тавсия дод ва албатта, ин як бурди ман буд.

– Шумо мақола, монолог, фелетонменавиштеду менависед. Аз ин ҳама ба кадом жанр наздиктаред ва он имкон медиҳад, ки ҳама гапи дилатонро гӯед?

– Ҳар кадоме аз жанрҳои журналистӣ пойгоҳ ва хусусиятҳои хоси худро доранд, аммо бештар жанрҳои ҳаҷвӣ-публитсистиро меписандам ва дар доираи онҳо навиштан бароям роҳат аст.

– Як қисми калони эҷоди шумо монологҳоятон ҳастанд. Идея чӣ гуна пайдо шуд, аз кай оғоз кардед ва бо онҳо чӣ гуфтан мехоҳед?

– Воқеан, ҳамин сол қисмате аз монологҳоямро дар шакли китоб ба нашр расонидам, ки сарсухани он посух ба ин суолатон аст: “Қабл аз он, ки дар бораи пайдо шудани фикри таҳияву чопи китоби мазкур чизе бигӯям, бояд ба таърихи пайдоиши идеяи таълифи ҳикоягунаҳо ишора намоям. Аввалҳои моҳи феврали соли 2016 буд, ки сардабири вақти ҳафтаномаи “Самак” Шаҳлои Садриддин хоҳиш кард, то барои нашрия гӯшаи махсусе ташкил намоям. Баъди чанд рӯзи идеяҷӯйӣ ба хулосае омадам, ки нек аст, агар гӯшае бо номи “Монолог” бошад ва дар сояи он мушкилоти мухталифро бо ишораву муроҷиат ба худ мавриди баррасӣ қарор диҳам. Зеро, ҳатто ҳар гуна сухани сахтро ҳам ба суроғаи худ гуфтан осон аст (шӯхӣ). Гӯшаи мазкур чанд муддат дар нашрияи “Самак” фаъол буд ва баъдан ба ҳафтаномаи “Фараж” кӯчид.

Акнун дар бораи идеяи чопи китоб. Вақте ки нашри силсила матолиб дар ҳафтаномаи “Фараж” идома меёфт, чанд нафар ишора карданд, ки “китоббобанд”. Хусусан омӯзгори собиқадор, устод Ҳабибулло Искандаров, ки шефтаи нашрияҳои даврӣ буд ва ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе вориди утоқи кориам мешуду соатҳо суҳбат мекардем, исрор меварзид, то силсила матолиби мазкурро дар шакли китоб ба табъ расонам.

Баъдан, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллимаи азиз Ҳадисаи Қурбон айни ҳамин матлабро изҳор карданд. Вақте ки муаллима барои нашри китоб тавсия доданд, бо шӯхӣ гуфтам, ки“ маҷбуред худатон навиштаҳоямро таҳрир кунед”. Розӣ шуданд”.

– Мегӯянд, ки “бузургон худ ба худ гап мезананд”. Ба ин чӣ фикр доред?

– Акнун ба фикр афтодам, ки агар чунин бошад, пас, баъди таълифи монологҳо ман ҳам ба қатори бузургон дохил шудаам.

– Навиштаҳоятонро бисёр муҳокима мекунанд. Ба фикри худатон, ин хуб аст ё бад?

– Аз ҳама ҷиҳат хуб аст. Агар муҳокимаҳо мусбат бошанд, руҳбаланд мешавӣ ва агар манфӣ, кӯшиш мекунӣ, ки иштибоҳоти ҷойдоштаро ислоҳ намоӣ.

Ҳар нафар дар карйераи худ “ПИК” дорад, “ПИК”-и шумо кай ва дар куҷо буд?

– Ҳанӯз худро пири фартут эҳсос намекунам. Барои ҳамин, дар бораи пик-мик андешае ҳам дар сар надорам. Фикр мекунам, ки пики гуфтаатон барои ман алҳол фаро нарасидааст. Бояд бештар кӯшиш кард, то ба он бирасӣ.

Бори номи журналистиро бардоштан осон аст?

– Бале, агар рисолат дарк шавад.

– Нони журналистӣ чӣ таъме дорад?

– Бо оби хунук ҳам бомазза мегузарад.

Шуҳрат, нон, ном, обрӯ, мардум… то ин синну сол аз пушти кадоме аз инҳо давидед?

– Журналист асосан аз пушти мардум медавад.

– Вуҷуди журналистика дар кишвар ҳоло чӣ гуна аст?

– Журналистикаи таҳлилӣ камранг аст.

– Ба журналистикаи мо чӣ намерасад?

– Жанрҳои ҳаҷвӣ. Албатта, на ҳикояҳои ҳаҷвию латифаҳо, балки луқма, памфлету фелетон ва пародияву эпиграмма. Жанрҳое, ки “хор” дошта ва бодалел бошанд.

– Ба бачаҳои зиёд ҳақи устодӣ доред. Оё ба журналистони оянда бовар кардан мумкин аст?

– Устодон ба мо бовар карданд-ку! Чаро мо натавонем ба ояндагон бовар кунем? На фақат бовар, балки онҳоро дастгирӣ бояд намуд.

КАТИБАИ ЧОРУМ:

“ХОҲАМ ҲАМ, МЕМИРАМ”

– Шабҳо дар бораи чӣ фикр мекунед?

– Шабҳо хоб мекунам.

– Чӣ кор мекунед, вақте ки коре надошта бошед?

– Вақте коре надошта бошам, ягон кор намекунам.

– Боре шудааст, ки хоста бошед зиндагиятонро аз нав оғоз кунед?

– Не. Ҳамин як зан кифоя аст. Се писару ду духтари нозанин дорам. Агар Худованд як духтари дигар ато кунад, сарам ба осмон мерасад.

– Кадом вақт шумо аз худатон розӣ ҳастед?

– То ҳол розӣ нашудаам. Ояндаро намедонам.

Ҷуръат аз беақлӣ чӣ фарқ дорад?

– Ҷуръати ноҷо худ беақлӣ аст. Масалан, агар ҷуръат кардаву ба рӯйи падару модар гап гардонӣ.

– Аз ҳама чизи бад барои инсон чист?

– Дурӯғ ва туҳмат.

– Барои чӣ баъзе одамон нони хӯрдан надоранд, вале баъзеи дигар аз шикамашон зиёд мехӯранд?

– Нони хӯрдан надоштан суолбарангез аст, аммо кам хӯрдану зиёд хӯрдан ҳаст, ки камхӯрандаҳоро тақсири худашон аст.

– Мехоҳед намиранда бошед?

– Хоҳам ҳам, мемирам.

– Охират. Ба фикри шумо он ҷо чӣ гап мешавад?

– Бо мо хушрӯяк чақ-чақ мекунанд.

– Инак, 43 соли умратон пурра шуд. Дар 44-солагӣ чӣ гуна будан мехоҳед?

– Тавре будан мехоҳам, ки ҳама ҳасад баранд.

Мусоҳиб:

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь