Дар ҳоле аз манфиати мардуми одӣ ва миллати тоҷик мушт ба сина мекӯбем, қимати гарони чиптаҳои ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ чӣ маъно дорад?

Ҳафтае, ки гузашт, аз 14 то 17-уми декабр бо мусоидати Сафорати ҷумҳурии Туркия ва ширкати ҳавонавардии ин кишвар дар Тоҷикистон, гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷикистонӣ барои ширкат дар маросими ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ рафта буданд. Ба банда низ муяссар шуд, то дар ин саф бошам ва бори дуюм бароям зиёрати оромгоҳи Мавлоно муяссар гардад. Перомуни чуну чароҳои ин сафар дар оянда муфассал менависам, вале ҳоло мехоҳам перомуни як мушкили асосӣ – қимати чиптаҳои ин хатсайр андешаамро баён намоям.

Қимати парвози Душанбе – Истамбул, ки беш аз панҷ ҳазор аст, бо вуҷуди барҳам додани визаи рафтуомад, гарон аст. Ба андешаи ман беҳтар мебуд, то ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон сари ин масъала ҷиддӣ бояд андеша кунанд. Мақомоти дахлдори зиёде, ки вазифаи асосиашон роҳ надодан ба монополияи минҷумла ширкатҳои ҳавонавардӣ аст, чораҳои даркорӣ андешанд.  Ба касе пӯшида нест, ки муҳимтарин ширкатҳои ватанӣ моликияти хусусӣ шудаанд, вале дар ҳоле аз ватандорию аз манфиати миллат сина мекӯбем, хуб мебуд, то қимати сафар ба ин кишварҳо – Туркия ва кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба тозагӣ раводидро бо ин кишвар бардоштанд, зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

Шояд ин пешниҳод “об дар ҳован кӯфтан”-ро монад, зеро маълум аст, ки ширкатҳои ҳавонавардии кишварҳои дигарро барои парвоз ба ин кишварҳо ва эҷоди рақобати солим қариб ки роҳ намедоданду намедиҳанд, вале дар ҳоле рушди туризм аз манбаъҳои асосии даромади кишварҳои ҷаҳон ҳисобида мешавад, бояд сари ин масъала чораҳои ҷиддӣ андешанд. Бовар дорам, бо роҳ додани ширкатҳои ҳавонавардии туркию эронӣ на танҳо рақобат меафзояд, балки барои мусофир роҳи интихоб боз мешавад. Барои мисол, мешавад, ки парвозҳо ба Машҳаду Шерозу Нишопури Эрон ва ба Қунияю Бурсаю Анталияи Туркия ба роҳ монда шаванд. Ин паст кардани нархи чиптаҳо на танҳо боиси рушди туризм дар Тоҷикистон мешавад, балки ба паст шудани нархи маҳсулоти воридотӣ, ба муҳоҷирати муваққатии шаҳрвандони мо ба ин кишварҳо мусоидат менамояд.

Пас, дидаю дониста монополия кардани нархи чиптаҳои ширкатҳои ватанӣ ва паст накардани он дар чист? Намехоҳед ба хотири нафсу шикам барои шукуфоии Тоҷикистон кор кунед? Пас, аз баҳри Худо, бигзор турку арабу эронӣ кунад!

Аммо ин нафсе, ки шуморо ором намегузорад, ба муҳоҷири саргардони тоҷик садд шуда наметавонад: Масалан, айни замон ҳар нафаре имкон дорад, тавассути Тошканду Самарқанд ба шаҳрҳои Русия меравад, чунки қимати роҳ бамаротиб пасттар аст.

Айни замон фақат ширкатҳои русӣ метавонанд, аниқтараш дасти дароз доранд, то дар дилхоҳ шаҳри Русия парвоз анҷом диҳанд. Инкор карданӣ нестам, ки ин бори муҳоҷири тоҷикро то андозае сабук мекунад, яъне барои масалан, ба шаҳри Қазон рафтан Маскаву Петербург намепараду ба осонӣ метавонад ба ватани муваққатиаш равад. Вале бовар дорам маҳз бо пофишориҳои ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ин масирҳои парвоз қимати чиптаашонро паст намекунанд, ҳарчанд ба ин имкон доранд. Акнун аз сифати хидматрасонӣ дар фурудгоҳи Душанбе намегӯям, чунки сад бор навиштанду гуфтанд ва вазъ бадтар мешаваду беҳтар не.

Хуллас, биёед дигар дурӯғ гуфтанро кам кунем: Аз як сӯ гӯиё яктану якдил барои рушди туризми кишвар камар бастаем, аз сӯйи дигар барои туристе, ки ба Тоҷикистон меояду омаданӣ аст, даҳҳо садди сунъӣ месозем.

Ба ёдам обилаи дасте меояд, ки баъди фасодзада шудан аз он зардоб мечакад. Зардобе, ки онро дар ҷомеа РИМ меноманд.

Намедонам киро мефиребем ва чаро мефиребем…. аниқтараш, ба хотири нафсу шикам то кай дурӯғ мегӯему мушти дурӯғин ба сина мекӯбем…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь