Танҳоӣ натанҳо тани танҳо зистан аст, балки андешаю қалбат ҳам ҳар чӣ мегӯяду менависад, бояд озод бошаду озодона андешад! Ва дар навиштаҳои Ҳошим Гадо ман ин сояи озодиро ҳис мекунам!
Устод Ҳошим Гадо ба синни ҳаштоду ҳафт қадам монд. Ман ин ҷо намехоҳам аз унвонҳои бешумору хидматҳои нотакрори ин абармарди фарҳанг дар таърихи миллати тоҷик саҳифа сиёҳ кунам. Перомуни ин унвонҳою ин хидматҳо масъулин ҳазорон бор мегӯянду менависанд. Вале ман бо варақ задану мутолиаи асарҳои эшон мехоҳам гӯям, ки Ҳошим Гадои нависандаро (муаллифи беш аз ҳафтсад китоб) бештар шинохтаму донистам, ки ин нависанда чӣ мехоҳаду чӣ гуфтанӣ асту чӣ тавру барои чӣ оғӯши танҳоиро аз бисёр неъмати заминӣ авлотар донистааст.
Шояд баъзе аз собиқ ҳамкоронаму ҳамкасбонам (масалан, Ҷумъахон Сайидалиев), ки рисолати навиштани зиндагиномаи ин Абармардро ба дӯш гирифтаанд ва пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯҳбати тилфониашон бо ӯ менависанд, ба ин андешаи ман розӣ набошанд.
Вале дар пиндори ман Ҳошим Гадо як марди танҳои танҳо аст ва ин танҳоиашро ба ягон қимате бадал намекунад. Гоҳе чунинам менамояд, ки барои дилгир нашудан ё ба хотири дубора сари ҷумлаҳои дар як нафас навиштааш андешидан (ин барои нависанда кори сангине аст, яъне навиштану дубора таҳрир кардан, хат задану дубора навиштан), ин гуна сӯҳбатҳои тилфониро анҷом медиҳад. Дар сӯҳбати охирин бо номбурда ман аз он ки дар ҳар дуюмин ё сеюмин сӯҳбати тилфонӣ бо Ҷумъахон аз сихкабоб ёд мекунанд, шикоят кардам.
Ба андешаи ман ин гуна суҳбатҳо сари ин мавзуъ ба эҳтимоли зиёд дар танаффуси андешаҳою дар ҳавои тоза гирифтан болои саҳифаҳо сурат гирифтааст. Зеро дар ин суҳбатҳо гуфтору кирдори Ҳошим Гадои нависандаеро, ки мешиносам, надидам. Бо эшон чандин маротиба сари як андешае, ки писандам омадаасту онро ба сад маънӣ метавон таъбир кард, баҳс кардааму назари эшонро шунидааму назари худро гуфтаам.
Барои дарки Ҳошим Гадои нависанда натанҳо бояд таърихро хуб донию гузаштаи хешро, балки ҳатман бояд муҳити инсону ҳайвоноту чарандаву парандаро донию дарк кунӣ ва бар замми ҳамаи ин як шахси ворастаю озодандеша бояд бошӣ!
Болотар аз ин ҳама, бояд дарки танҳоӣ намоию қадри танҳоиро донӣ!
Танҳоӣ натанҳо тани танҳо зистан аст, балки андешаю қалбат ҳам ҳар чӣ мегӯяду менависад, бояд озод бошаду озодона андешад! Ва дар навиштаҳои Ҳошим Гадо ман ин сояи озодиро ҳис мекунам! Озодиеро, ки сад кас ба сад маъно дарк мекунаду шарҳ медиҳад!
Таваллуди абармарди миллати тоҷик муборак бошад! Аз Худованд танҳо умри дарозу ҷисми солим барояш мехоҳам, то ҳама ниятҳою хостаҳою нонавиштаҳояшро нависаду ба мо расонад!