Боадолатона мебуд, агар нисбат ба Рӯзи кӯдакон, дар мавриди рӯзии кӯдакон андешем.

Ман ҷонибдори андешаи он нестем, ки мегӯянд, салафанфурӯшӣ, сақичфурӯшӣ, испандуд кардан, мошин шустани кӯдакон, билохира бо террорист ё дузду авбош шудани кӯдакони тоҷик меанҷомад. Ҷонибдори ин андеша ва талқинкунандаи чунин фикр аслан ташкилотҳое ҳастанд, ки рӯзиашон аз ҳисоби рӯзии ҳамин кӯдакон аст. Яъне агар равшантар гӯем, маҳз дар ниқоби «мубориза бо бепарасторӣ ва аз мактабу таҳсил дур мондани кӯдакон» долларҳои зиёде нисор мегарданд ва ба хоҷагони ғарбӣ муҳим он аст, ки дар оянда ин кӯдакон барои ҷомеаи ғарбӣ чӣ хавф эҷод мекунанд, на пешгирии ин омилҳо.

Кӯдаки тоҷик мактаб намехонад, ки ин далели мушаххас аст, аммо бо зӯрӣ ба паси мизи мактаб шинонӣ ҳам, намехонад. Чаро? Дар ҷавоб масъулин бо нишонӣ таҳайюр китф дарҳам мекашанд ва гӯё ҳеҷ дарк намекунанд, ки чаро ин кӯдакони «аблаҳ» бо вуҷуди пушти миз нишастан, намехонанд ва бештар боз аз ҳамон мошиншӯиву сақичфурӯшӣ андеша доранд.

Воқеан ҳам, чаро?

Чунки қалби кӯдак ором нест, тифле, ки дар бозору хиёбон рӯзӣ ҷустааст, дигар танҳо аз рӯзӣ меандешад. Дар ҳамин ҳол, даъво пеш овардан пеши ӯ, ки «агар хондӣ, фардо касе хоҳӣ шуд», вайро қаноатманд намесозад. Зеро кӯдак, тифли хатти сайраш мактаб – хона, шояд ба ин ҳарфи умедворкунанда таваҷҷуҳе созад, вале кӯдаки бозор нек медонад, ки фардо бо соҳиби маълумот шудан, чӣ миқдор маош хоҳад гирифт ва ин маош то кадом рӯз барояш басанда хоҳад буд, яъне «фардо касе будан» наметавонад муҳаббати ӯро ба мизи мактабхонӣ зиёд кунад.

Пас, роҳи интихоб кадом аст?

Кӯдаконро дар фаросӯи хиёбону бозор бояд бигзошт ва ё барои бедор кардани таваҷҷуҳи ӯ ба мактаб чорае андешид?

Посух яке аст: то замоне кӯдаки бозор бо чашми сари хеш набинад, эҳсос накунад, ки бо хондану соҳибмаълумот шудан, воқеан ҳам «касе мешавӣ», ки фарзандатро боз барои рӯзӣ ба бозору Россия нагуселонӣ, ба мактаб барнамегардад.

Барои ҳамин, аввал бояд ғами волидайнро хӯрд, сипас, ғами кӯдакро!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь