Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 279 оила ва хоҷагии муҳоҷирони экологиву дохилӣ бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Дар ин бора сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Исфандиёр Хайридинзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки дар соли 2024-ум барои кӯчонидан ба ҷойҳои бехавф ба 48 хоҷагӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳамаги 48 хоҷагӣ хулосаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд ва ба 44 хоҷагӣ дар ҷойҳои бехавф қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин, мувофиқи нақша соли 2024-ум кӯчондан ба ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва Хуросон  235 оила ба нақша гирифта шудааст,- илова кард ӯ.

Хабар дода шуд, ки ба оилаҳои муҳоҷирон пурра қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь