Дар вилояти Хатлон 107 нафақагири аз 100-сола боло ҳастанд, ки аз ҳама калонтарини онҳо 120-сола аст. Дар ин бора Файзализода Қобил, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, калонсолтарин нафақагир дар  ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Басимо Тураева аст, ки  120-сола буда, нафақаш 381 сомониро ташкил медод ва баъди баландшавии нафақа он ба беш аз 400 сомонӣ баробар шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон то 1-уми июли соли ҷорӣ  290 ҳазору 387 нафақагир ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11943 нафар зиёд мебошад.

Талаботи нафақаи онҳо дар  шаш моҳи соли ҷорӣ 646,7 мон сомониро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь