Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) барномаи тасвири фоҷеаи Карбало дар шеъри шоирони кишварҳои узви ЭКО-“Асри шеъри Ошуро”-ро баргузор кард.

Ин нишаст бо суханронии доктор Саъд Хон, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ва барандагии Аҳмади Шаҳриёр, коршиноси Покистон дар ин муассиса, идома ёфт.

Сипас, шоирон аз Афғонистон, Эрон, Покистон, Тоҷикистон ва Туркия дар ин мавзуъ шеърхонӣ карданд.

Коршиноси Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо роҷеъ ба ҷойгоҳи Карбало дар шеъри шоирони Тоҷикистон ашъореро аз Низом Қосим, Доро Наҷот ва Муҳаммадалии Аҷамӣ қираот кард ва таъкид дошт, баъд аз истиқлоли Тоҷикистон суханварони тоҷик дар ин замина шеърҳо сурудаанд ва аз ашъори  Абдуҷаббори Суруш ва Абдулло Қодирии Мумтоз ёдовар шуд. Шеърҳои суханварони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи ҳозирон қарор гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь