Маълумотномаи ба ҳамдигар мухолифи вазорату ниҳодҳои масъул дар мавриди содироти мол аз чӣ сарчашма мегирад?

Тифл будам. Боре як чӯпони ҳамсояамон, ки дар кӯҳи Шахбанд гӯсфанди мардумро мечаронид, ба деҳа бо 12 баррача омад. Маълум шуд, ки баррачаҳо нав таваллуд шудаанд ва онро ба соҳибони мол оварда будааст. Аммо тирамоҳ соҳибони мол бо чӯпон даъворо сар карданд. Яке гуфт, ки бо чӯпонҳои дигар сӯҳбат дошту ҳамсояи мо бо 18 баррача аз Шахбанд пойин шудааст, дигаре бошад даъво мекард, ки дар авули Эрғай, – фосилаи байни Шахбанду деҳа,  ба ӯ гуфтаанд, ки ҳамсояи мо бо 16 баррача омада буд. Худи чӯпон бошад, қасам мехӯрд, ки то авул ду баррача ва аз авул то деҳа шаш баррачаи дигари навзод ҷон додаанд ва ӯ гуноҳе надорад. Вале баъди даъвою баррасии зиёд, ҳамсояи мо маҷбур шуд то ба чор соҳибони мол як баррачагӣ аз ҳисоби молҳои худаш диҳад. Аммо дар идома аз бонӣ кардани рамаи эшон даст кашиду онро ба соҳибонашон супорид.

Намедонам, чаро баъди хондани маълумотномаи зиду нақизи се ниҳод дар мавриди содироти мол ин ҳодисаи даврони тифлӣ рухдода, ба ёдам расид.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз “рекорд” – и гардиши савдои хориҷии кишвар хабар додааст. Тибқи иттилои ин вазорат, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бештар аз 7,5 миллиард доллар будааст, ки нисбат ба як соли пеш 20,1 дарсад зиёд мебошад.

Аммо Оҷонсии омори Тоҷикистон содироти маҳсулотро 2 миллиарду 142 миллион доллар номидааст, ки дар муқоиса ба як соли қабл 0,4 дарсад ё 7,6 миллион доллар кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии содироти кишвар гуфтааст, содирот дар соли 2022 назар ба як соли пеш 1,2 дарсад камтар аст. Маълум нест, чаро оморҳои идораҳои давлатии Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми содироти мол зидди якдигаранд.

Агар мо рақамро зиёд нишон диҳем, киро фиреб медиҳем? Магар фақат Ҳукумату харидори бозорро не? Барои фурӯшанда чӣ фарқ дорад, ки чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шуду чӣ қадар мол берун рафт? Аммо ин рақам ба омори Ҳукумат таъсир дорад, ки чӣ қадар мол баромаду баланд шудани ин ё он нархи маҳсулот аз куҷо пайдо шуд.

Бубинед, вақте нархи картошка боло рафт, айбро дар содироти зиёди он дидем, вақте пиёз гарон шудан дорад, бовар дорам айби кӯҳнаро дастак мекунем.

Бигзарем аз ин мавзӯъ ва пешниҳоди арқоми дуруст ё нодурустро ба виҷдони раҳбарони ин ниҳод гузорем. Чунки масоили дигаре боиси нигароӣ шудааст: Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтааст: “… аслан паҳлӯи манфӣ доштани ҳамон гардиши савдои хориҷӣ на ҳамеша барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ манфӣ арзёбӣ мегардад. Чунки мо таҳлил кардем, 78 фоизи воридоти молу маҳсулоти Тоҷикистон ин барои ба мақсадҳои рушд, яъне ҳамчун ашёи хом барои коркарди маҳсулоти саноатӣ ё ин ки таҷҳизоту технология барои ба роҳ мондани маҳсулоти саноатӣ ва ба ҳамин монанд сарф мешавад. Хоҳ- нохоҳ Тоҷикистон иқтидори дар шароити мо истеҳсоли он технологияро надорад.”

Хуб, агар чунин бошад мо чиро метавонем содирот кунему аз зиёда аз меъёр будани он хурсандӣ кунем? Магар метавон бо ин рақамҳои ба якдигар зид, соҳибкореро ҷалб кард то талаботи моро масалан ба шакар омӯхта аз пайи сохтани заводи шакар шавад? Магар то сохтани завод мо метавонем технологияи ворид мешударо мисли баррачаҳои ҳамсояи чӯпони мо гум накунем? Фикр дорам то замоне мо думболи додани ҳисоботи мусбати қалбакӣ дар вазоратхонаҳою ниҳодҳо ҳастем, бо ин нишондодҳои дурӯғин ба ҷое намерасем. Чӣ гуфтед?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь