Чор сол аз таваллуди аввал сайти “Суғднюс”, баъдтар Оҷонсии иттилоотии “Суғднюс” гузашт.

Барои умри одамӣ як нафас, вале барои таърих як саҳифаи зиндагӣ.

Гӯиё дирӯз буд, ки ман сари лоиҳаи таъсис додани як сайти хабарӣ ба забони русӣ дар вилояти Суғд андеша мекардаму ин тарҳро ба сиёсатмадорону журналистони маъруф пешниҳод мекардам, то маслиҳати худро арзонӣ доранд. Аввалин суоли махсусан ҳамкасбон ин буд: Чаро ба забони русӣ? Ва ман дар посух ба ин суол, аз як нишасти хабарнигорон дар Алмаато ёдрас мешудам, ки чанд сол пеш бо як моҷаро миёни тоҷикону қирғизон тавъам афтода буд. Дар ин моҷаро ҳатто чанд нафар аз тоҷикон ҷон бохта буданд. Бародарони қирғиз бе далелу бе сабаб тоҷиконро гунаҳгор мекарданд, дар ин бора дар як рӯз даҳҳо хабар менавиштанд ва забони русӣ ба онҳо имкон медод, то тамоми фазои иттилоотии пасошӯравиро таҳти пӯшиш қарор диҳанд. Он рӯзи нишасти хабарнигорон ҳам рӯзноманигорони қирғиз чандин рӯзномаҳои кишварашонро оварда буданд, ки аз пурра «гунаҳгор» будани тоҷикон ва «қурбон»-и зулми тоҷикон шудани ҳамсояҳо хабар медод. Ман ба ин мавқеъгирӣ эътироз кардам ва дар посух як рӯзноманигори маъруфи рус, ки дар паҳлуям менишаст, посух дод:

– Барои он ки мо назари шумо, назари сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии шуморо бифаҳмем, аз Хуҷанд ё Душанбе тарҷумон намеорем. Мо медонем, ки матбуоти тоҷикӣ пур аз мавод атрофи ин қазия аст, аммо дар кишваратон ҳатто блоги як журналисти фаъол нест, ки дар ин мавзӯъ хабар диҳад.

Ин андеша маро ба фикр бурд. Бале, новобаста аз он, ки вилояти Суғд вилояти аз назари иқтисодӣ пешрафта ҳисоб мешавад, ҳафт-ҳашт симои мустақил дорад, аммо на матбуоти мустақили сиёсӣ дорад ва на як сайти мустақили иттилоотӣ. Он солҳо, соли 2017, дар дунё ҳар чӣ аз ин вилоят менавиштанд, бо такя ба сайтҳои расмӣ, бо сайту оҷонсиҳои ҳамсояҳо менавиштанд.

Чун дӯстони ҳампеша андешаи маро дастгирӣ карданд, ба роҳ баромадам…

Бояд иқрор шуд, ки андешаи маро дар сатҳи раҳбарияти вилоят хуш пазируфтанд ва бо ахбори саҳеҳу комил пур кардани фазои иттилоотиро амри саривақтӣ донистанд.

Интернет дар Тоҷикистон мисли расонаҳои чопӣ ВАО ҳисоб намеёбад. Соддатар гӯем, дилхоҳ шахс метавонад сайтеро бо ягон ном, бо истифодаи калимаҳои тоҷикӣ кушояд ва росту дурӯғ ҷавлон занаду дар назди ягон мақомот ҷавобгарӣ эҳсос нанамояд, чунки масъулияти ҳуқуқиеро ба зимма надорад.

Ин буд, ки ман зарурати аз сайт ба Оҷонсӣ табдил додани «Суғднюс»-ро эҳсос кардам ва мо онро дар Вазорати фарҳанги ҶТ расман ба қайд гирифтем…

Ҳарчанд чор сол гузашт, мо ҳеҷ гоҳ шахсонеро, ки дар қадамҳои аввал дар паҳлуи мо буданд, моро дастгирӣ карданд, дуо доданд, бо мо шикастанду сохтанд, фаромӯш намекунем…

Баъди каме ном пайдо кардани хабарнигорони “Суғднюс” “шикор”-и расонаҳои серпул, мисли “Азия-плюс” сар шуд. Ҳолате шуд, ки муҳаррири вақти он баъди як ҳафтаи ба “Азия-плюс” гузаштан, дар лоиҳае фаъолият кард, ки аслан мавзӯи “Суғднюс” буд. Аммо тавре мегӯянд: “Барф ҳам мегузарад”. Муҳим он ки ин лоиҳаҳои муваққатӣ бо “тамом” шудани пули лоиҳа гумном шуданду “Суғднюс” ҳанӯз ҳам аз муҳимтарин сарчашмаҳои иттилоотӣ дар ҳимояи марзу буми кишвар аст.

Имсол ОИ “Суғднюс” ният дорад бахши қирғизиро ба роҳ монаду фаъолияти бахши англисиро нерӯ бахшад. Ин алъон фақат орзуст, вале бовар дорем, ки “ба манзил мерасад ҳар раҳнавард рӯзе”…

Сипос, он азизоне, ки ба мо бовар кардед, бо мо будед ва моро дастгирӣ кардед!

Бовар дорем, ки бо дуои шумо «Суғднюс» ба зинаҳои нав ба нав мебарояд!

Бошед ва бо мо бошед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь