Аввали моҳи май танҳо бо ҷашнҳои зодрӯзаш он қадар хотираҳоеро дар ёдгӯшаи ғамангези ман бедор кард, ки қарор додам, то ин ҳафта дар ин маврид нависам.

Ростӣ, ҳеҷ тасаввур намекардам, ки рӯзе водор мешавам, то чандин нафарро самимона, дӯстдорона табрик гӯям…

… Пайиҳам омадани зодрӯзи азизоне чун Рустами Ваҳҳоб, Зафари Мирзоён, Сафват Бурҳонов, Майсара Қурбонова, Марям Давлатова ва дӯсти ҷавонам Одили Нозир, ки фикр дорам, дар адабиёту журналистика чеҳраи тобнокест ва дигарон, дунёро бо ҳама каҷ дору марезаш барои лаҳзае  воруна кард. Лаҳзае перомуни шахсият, зиндагӣ, фаъолияти ин мардум андешидам ва дарёфтам, ки дар асл хушбахт инсоне ҳастам, ки натанҳо ҳамаи онҳоро мешиносам, балки хотираҳое аз будан бо эшон дорам.

Бале, аз будан бо эшон…

Зеро ҳар яке бо будан дар як гӯшаи зиндагиномаи ман, чизе аз худ гузоштаанд ва нақше аз хеш чун ёдгор дар девораҳои зиндагии ман ҳаккокӣ кардаанд…

Дар ин моваро нақши Сафват Бурҳонов ё «просто» Бурҳонов, ки муддате ҳамнишину  ҳамдилу ҳампаймону ҳамсангару ҳамсоғар будем, нозудуданӣ аст.

Дар тамоми умри чилу анде, ки дорам, мисли ӯ нафареро надидаам, ки зери бори зиндагӣ хандида бошад, ҳасрати дунёро ба риштаи тамасхур накашида бошад, дар шикасту рехти роҳ пӯзханд назада бошад…

Лаҳзае зери сояи ғам рафта, аз навмедию ноилоҷӣ фарёд накашида бошад…

Ҳар касе ки дар гирдоби зиндагӣ чорае ҷуз марг дида бошад, бегумон мешитофт сӯйи кошонаи ӯ…

Танҳо ӯ қодир буду ҳаст, то ба лабханди марг писханд занад…

Танҳо ӯ буд, ки ба нодорию ночорӣ туф мекард…

Танҳо ӯ буд, ки ҷисми лоғарашро аз зери ҳазорон бӯҳтону тӯҳмат берун мекашид…

Танҳо ӯ буд, ки бо дурӯғи зебо ҳатто маргро водор мекард, то лаҳзае таваққуф кунад…

Имрӯз ӯ дар Тоҷикистон нест ва бо набуданаш холигоҳи даҳшатноки ваҳму тарсу навмедӣ ҷомеаро думбол дорад…

Ёд дорам, дӯсти азизаш Акрам, вақте ба Панҷакент рафтем, хоҳиш кард, то хонаи ӯ равем…

Дидам, ки чӣ гуна додарони ӯро бӯ мекашид, бӯи Сафватро меҷусту мегирист…

Ман гиряи аввалини Акрамро он ҷо дидам.

Дар сӯги оне ки ҳасту нест, несту ҳаст…

Аз устод Зафар бӯйи пирамарди танҳою падрахта дар як гӯшаи Бож меояд.

Намедонам, чаро, вале ман ӯро бубинам, Фирдавсӣ ба ёдам мерасад… Ҳамин тавр, мағрур, танҳо, сарбаланду сар ба дор…

Дар симои Марям Давлатова чеҳраи воқеии зани тоҷикро мебинам. Занеро, ки нозу ғаму андӯҳи нафареро, ки дурӯғгӯии Нютонро собит карда буду илми шӯравӣ зинда ба гӯраш карданӣ буд…

Майсара бошад, шояд ягона нафаре аст, ки аз рӯзи аввали ошноӣ (як тирамоҳи сарди соли 1991) то ба имрӯз нозбардору ғамгусору хоҳари калонии ман буд. Бардоштани пирӯзӣ ба ғамро ман аз ӯ омӯхтам.

Одил… ҷавоне соҳибҳунар, оне ки аввалин ва худо кунад, охирин нафаре бошад, ки маро маҷбур кард, то аҷалан навиштаҳои сисолаамро дар журналистика ҷамъу гир намоям…

Ва ниҳоят… устоди азиз Рустам…

Рустаме, ки ошиқонатарин шеърро гуфтааст:

Пушти тиреза маҳви хиёлат нишастаам.

Борон ба рӯйи боғу чаман гиря мекунад.

Номи туро ба ҳаври тиреза набиштаам

Ҳар ҳарф дар баробари ман гиря мекунад…

Зодрӯз муборак, эй азизтарин азизон!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь