Сабаби якбора баланд шудани нархи сабзиро дар бозорҳои кишвар ҳар нафаре ба таври хеш шарҳ медиҳад, вале касе сабаби ягонаи онро пайдо накардааст.
Сабзие, ки то ба ин дам дар кишвар аз 0,7 дирам то ба як сомонӣ қурб дошт, яку якбора чанд маротиба қимат шуда, нархи он ба даҳ сомонӣ расид. Ин боис ба вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Ҳар яке – хоҳ мутахассис, хоҳ оши палавхӯр, хоҳ бозоракӣ ба таври худ тахмин мезад. Аз ҷамъи ин ҳама андешаҳо метавон чанд хулоса баровард:
Соли охир, баъди баланд шудани нархи картошка, заминҳое, ки то ба ин дам сабзӣ мекиштанд, ба хотири картошка кам карда шуданд. Ҷое барои пули хуб пайдо кардан, ҷои дигар тариқи амру супориш аз ҳукуматҳои маҳаллӣ. Ҳатто дар баъзе ноҳияҳо, масалан дар шаҳри Панҷекат, дар заминҳое картошка киштанд, ки то ба ин дам картошка намерӯйид.
Дар кишвар, махсусан дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд сафи нуқтаҳои ош зиёд гардиданд: Оши Хуҷанд, оши Панҷекат, оши Самарқанд, оши Исфара, оши Конибодом ва ғайраву ҳоказо.
Афзудани сафи ошхӯронро ба арзон будани он нисбат медиҳанд, ҳамон тавре дар мавриди шакароб мегуфтанд.
Дар баъзе минтақаҳо сехҳои махсуси тайёр кардани сабзии резакардашуда ва ба хориҷи Тоҷикистон интиқол додани он ба фаъолият пардохтааст. Ин ҳам то ҷое ба нархи он таъсир хоҳад кард.
Аз ин нархи осмонии сабзӣ кор то ҷое расид, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карданд, то сабзию оши палавро то паст шудани нархи он “бойкот” кунанд. Таври маълум, маҳсулоти асосии оши палав биринҷ аст, ки нархи як килои он аз 6 сомонӣ то 12 сомонӣ аст.
Метарсам, ки соли дигар ба хотири паст кардани нархи сабзӣ заминҳои кишти шолиро кам мекунанду нархи биринҷ ба осмон мерасад.
Ин ҳама аз он далолат медиҳад, ки масъулини танзими нарх ва банақшагирии зироат дар Тоҷикистон то ҳанӯз дарк накардаанд, ки норизоии ҷомеаи шикампарвари мо сахт ба эшон вобаста аст. Онҳо метавонанд дар як лаҳза ҷомеаро ба таҳлука ва шиддати норизоии онҳоро ба вуҷуд оранд. Масъулини болотар бошанд, ба дарки ибораи “инқилоби шикам” намерасанд.
Ин мавзуъ боис ба сурудаҳои масхараомези истифодабарандагони шабакаи “Ютуб” ҳам шудааст. Барои мисол, яке аз онҳо бо ҳасрат мегӯяд:
Лоло, лоло, лоло,
Нархи сабзӣ рафт боло.
Ду-се моҳ мешавад
Оша надидам лоло…
Хуб мешуд, ки рӯзеро “Рӯзи сабзӣ” номгузорӣ кунем, то нозу нузаш камтар шаваду ошхӯрони бечораро гушна намонад.
Раис, дар замини дача сабзи коред, как раз хавзи об ва хавзи оббози хам доред. Танбалхучахои редаксияро сафарбар кунед, аз паи кор шаванд.