Солиёни охир дурӯғ ва орзу ончунон ба якдигар печидаанд, ки фосилаи онро шояд танҳо Ғарибшо донад.

Дурӯғ гуфтан айб аст, орзу кардан айб нест. Яъне бардурӯғ агар гӯӣ, ки ман дар як моҳ меҳмонхонаи “Ҳаёт”-ро месозам, аҳсант мехонанд. Аммо дар ҳамин ҳол, донанд, ки худат иҷоранишин ҳастӣ, ба ҳолат хандида, девонаю орзупарварат мегӯянд. Ба дигарон ҳам тавсия медиҳанд, ки ба ягон ҳарфи ту бовар накунанд.

Агар ба духтари ҷавону ширин бо табассуме гӯед, ки “туро дӯст медорам”, бовар намекунаду афсонагӯй ва орзупарвар мехонад. Аммо агар фаҳмад, ки замоне ба як зеборухе мисоли вай ошиқ будед, ҳатман ба ин дурӯғ бовар мекунад. Аҷаб дунёе… Ё ба қавли Кӯҳзод:

Гардам аз одамот, Худо!

Вақте дар хурдӣ “Шоҳнома” мехондем, тамоми ҳамсинфон як орзу доштанд, ки боре Рустами Достон бошанд. Вале вақте муаллим мегуфт, ки Исфандиёри Рӯйинтан ҷасуртар, пурқувваттар аст ва Рустам бо ҷодуи Симурғ ин далермардро куштааст, касе бовар намекард. Ҳатто хонандагон тайёр буданд, Фидавсиро дурӯғгӯй хонанд.

Ин фосилаи орзу ва дурӯғ чунин менамояд, худи Фирдавсиро ба қаҳр овардааст. Зеро ҳама хонандагонаш шефтаи Рустами Достону кокулони парешону абрувони сияҳу пайвастаи Манижаю Судобаю Рӯдоба буданд, аммо касе, ҳатто Маҳмуди Ғазнавӣ як дузду қотил шояд намехост эътироф кунад, ки ин ҳама сеҳри қалами Пири Тӯс аст! Фирдавсӣ чунон ба хашм омад, ки баъзе мегӯянд, ҳатто чунин навишт:

Манам кардамаш Рустами Достон,

Вагарна яле буд дар Сиистон.

Ҳамин тавр, дурӯғ ончунон ба пираҳани орзу печида, ки ду тан як тане шудаанд. Ва чунин тахмин метавон зад, ки оҳиста-оҳиста рӯзи дурӯғ дар кишвари мо бояд барҳам хӯрад. Зеро агар орзу кунем, ки оби кӯли Сарезро ба воситаи хати обкашӣ ба арабҳо мефурӯшем, ҳама бовар мекунанд. Вале агар касе гӯяд, ки эрониҳо нақби “Истиқлол”-ро чанд бор таъмир кардаанду чароғон кардаанд, ҳоло ҳам маълум нест, кай амалан пурра бо барқу роҳи мумфаршаш дубора ба истифода медиҳанд, орзуи хати обкашӣ ба дурӯғ бадал мешавад. Пас, зинда бод дурӯғ?! Зеро дурӯғ ҳасту орзу метавон кард. Агар дурӯғ намебуд, наметавонистӣ ҳатто орзу кунӣ. Вале барои исботи ин амал якуми апрелро бояд интизор шуд, ки дурӯғи Ғарибшо то куҷо аз орзую ваъдаҳои тоҷиконаи мо фарқ хоҳад кард. Ҳосили дурӯғу орзуро бошад, ханда ном кардаанд. Пас, механдем ба орзую дурӯғ?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь