Намедонам ин хислат кай ва барои чӣ дар ҷомеаи имрӯз пайдо шудааст, вале ҷузъи ҷудонопазири зиндагӣ гардидааст.

Шумо боре чун гунаҳгор дар назди нозири барқ, об, хидмати коммуналӣ, андоз, милиса ва дигарҳо бо гардани каҷ рост истодаед?

Чӣ эҳсосе он лаҳза шуморо фаро гирифтааст?

Магар худро дар назди нозири барқ барқдузд, дар назди обфурӯш қарздор, дар назди нозири андоз муттаҳам, дар назди милиса ҷинояткор ҳис накардаед?

Шуморо намедонам. Вале ҳар гаҳе ман бо онҳо рӯ ба рӯ мешавам, чунин эҳсос маро фаро мегирад. Албатта ин пеш аз ҳама ба муносибати намояндагони ин соҳаҳо рабт дорад: Чун эшон ҳамеша бо  мизоҷон чун ба як дузду қонуншикану қонунгурезу муттаҳаму қарздор муносибат мекунанд. Агар каме саводи ту “лангад”, пас бидон, ки ба дилхоҳ гуноҳ айбдор мешавӣ.

Як ҷумла ҳеҷ аз ёдам намеравад:

Як рафиқам, ки дар мақомот кор мекард, боре гуфт: “Муҳим будани одам, моддаи гунаҳкории ӯро меёбем. Ҳатто агар симчӯб бошад, рост мондаву айб мондан мумкин аст”.

Барои чӣ ин ҳамаро ба ёд овардам? Баъди хондани шарҳҳои зиёд дар бораи ҳодисаҳои Ворух дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, фикр кардам мардуми ин минтақа то ҳанӯз дар назди қирғиз айнан чунин ҳолат доштаанд.

Корбарони интернет дар мавзуи он, ки “ Чаро то ба ин рӯз ба истилогарони қирғиз вокуниши сазовар нишон надодаанд”, навиштаанд: “Соле нест мо қурбони тири қирғиз нашавем. Вале то ба ҳол хомӯш ҳастем. Чунки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо ҳамеша баъди ҳар як ҷангу ҷидол аз пайи кофтан, ёфтан, ҷазо додани гунаҳкори дохилӣ мешаванд. Барои барангехтани низоъ, барои вайрон кардани муносибати дӯстӣ бо ҳамсоя, барои бо санг алайҳи автомат аз худ дифоъ кардан маҳз шаҳрвандони деҳаҳои наздисарҳадиро ҷазо додаанд. Гӯиё ин ҳама намуди ҳисобот дар назди миллати дигар, дар назди ҳамсоя бошад. Вале боре аз он намеандешанд, ки даҳсолаҳо боз тоҷик қурбон мешавад, дар рӯ ба рӯйи силоҳи оташфишон бо муште санг аз худу аз миллат дифоъ мекунад. То ба ин дам тибқи қонун барои мо дар баробари истилогари қирғиз аз хеш дифоъ кардан, хоки худро ҳифз кардан, зану фарзанди худро ҳимоя кардан, бо шадидтарин чораҳо ҷазо дода мешуд. Вале анҷоми ин амал аз ҷониби мардуми наздисарҳадии қирғиз бо “зинда бодҳо”,  мукофотҳои пулӣ, ордену медалҳо қадрдонӣ мегардид”.

Имсол бошад, аввалин бор тоҷик барои ҳифзи марзи номусу ном ба ҳимояи миллату ҳукумат садо баланд кард. Садое, ки ҳатто қирғизро ба ҳайрат овард. Қирғизе, ки то ба ин дам месӯхту мекушту бар иваз қаҳрамон мешуду қадрдонӣ мегардид.

Кош то абад чунин будӣ!

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Лекин ин дафъа киргиза хушру ва аккурат шаппид армияи Точикистон. Мешудас ку!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь