9 сентябри соли 2022 аз қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар рӯзи истиқлолияти тоҷикон (9 сентябри соли 2001), расо 21 сол сипарӣ мегардад.  Маҳбубияти Шери Панҷшер ба ҳаде аст, ки садҳо зиёиёну рӯшанфикрону сиёсатмадорони тоҷик, боре ҳатто Самарқандро надида, решаи аҷдоди хешро аз деҳаи Даҳбед медонанд.

Ҳанӯз сентябри соли 2001, вақте аз таркиши бинои «манораи дугоник» – и Амрико ҳамагӣ чанд рӯзе гузашта буд, журналисти соҳибноми тоҷик Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев аввалин шуда, эълон намуда буд, ки «қатли Аҳмадшоҳи Масъуд ва таркиши ин манораҳо ҳалқаҳои як занҷиранд». Ин дар ҳоле буд, ки танҳо солҳо баъд сиёсатмадорону таҳлилгарону тадқиқотгарон аз гӯшаю канори дунё ин андешаро қабул намуданд. Яъне таркиши «манораи дугоник» кори хадамоте буд, ки мехост бо ин баҳона, амалиёти зиддитолибонро дар Афғонистон роҳандозӣ кунад. Барои ин ки ин тарҳ ба таври бояду шояд роҳандозӣ шавад, аз байн бурдани пешвои тоҷикони Афғонистонро  зарур донистанд ва ба қавле «бо як тир ду нишон заданд»:

Дар ин амалиёт фаъолияти неруҳои «Иттиҳоди шимол»- и ҷонибдори Шери Панҷшер  оҳанги қасосро барои марги пешвояшон гирифт, баъдан, аз нафари норизо ба будани пойгоҳи низомии хориҷиён дар кишвар «халос» шуданд.

Тӯли ин 13 сол филми зиёде перомуни таркишҳо дар «манораи дугоник» -и Амрико ба навор гирифта шуданд ва аксари онҳо ба ин маънӣ буданд, ки «манораҳои дугоник набояд аз афтодани ду тайёра ба болояш, ба замин чаппа мешуданд». Ба қавли таҳлилгарон, биноҳо бо дарназардошти ба болои он афтодани якчанд тайёра сохта шуда буданд ва ба қавли шоҳидон «онҳо пеш аз бархӯрдани тайёраҳо ба биноҳо чанд овози таркишро шунидаанд». Мутахассисон бошанд, баъди омӯхтани чангу ғубори ҷойи ҳодиса ба ин хулоса омаданд, ки «дар таркиби он термит- маводи таркандае буд, ки ҳангоми чаппа кардани биноҳо истифода мешаванд».

Тибқи пурсиши The New York Times дар соли 2007-ум, 75 фисади ҷомеаи Амрико ба фарзияи расмӣ – «дар натиҷаи ҳуҷуми «Ал-Қоида» чаппа шудани биноҳо» бовар надоранд.

Аҳмадшоҳи Масъуд устухон дар гулуи бозигарони сиёсати давр буд ва бо он маҳбубияте, ки дошт, шахси калидӣ дар муайян кардани сиёсати ояндаи Афғонистон ҳисоб мешуд. Чун мавқеъгирии вай на бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя (махсусан Покистон), на бо бозигарони асосӣ – Амрико, Британия, Русия дуруст меомад, пешорӯи амалиёти зиддитолибон кушта шуданаш барои доираҳои сиёсӣ фаҳмо буд. Дар Тоҷикистон ҳам Шери Панҷшер миёни қишри ҷавонон ва зиёиён шуҳрати зиёд дошт. Аксар шахсиятҳои мағрур аз тоҷик будан,  решаи ҷадди худро то ба деҳаи Даҳбеди Самарқанд мерасонанд, ки мегӯянд аҷдоди Аҳмадшоҳ аз ин деҳа будааст.

Ҳамчунин, баъди бастани созишномаи сулҳ миёни тоҷикон, шоҳидони ҳодисоти он айём дар хотираҳои худ зикр намуданд, ки дар ин дастовард нақши Шери Панҷшер бузург аст ва маҳз бо пофишориҳои вай ҷонибҳо сари мизи гуфтушунид нишастанд. Маълум гардид, ки тарҳи сулҳи Маскав дар соли 1997 ҳанӯз дар Хусдеҳи Афғонистон тарҳрезӣ шуда будааст, ки дар баргузор шудани ин мулоқот Аҳмадшоҳ нақши калидӣ дошт.

Вале, бо вуҷуди маҳбубияти азими ду нафар парвардаи хоку оби Афғонистон – ду Аҳмад, – Аҳмад Зоҳир ва Аҳмадшоҳи Масъуд, то ба ҳол дар кишвари мо ба номи онҳо на хиёбоне, на варзишгоҳе, на кохи ҳунаре гузошта нашудааст. Ҳол он ки суруду оҳанги Аҳмад Зоҳир чанд насли санъаткорони моро соҳиби нону ном кард.

Дар Рӯзи истиқлолияти тоҷикон кушта шудани яке аз асосгузорони сулҳи тоҷикон, ифтихори миллати мо, – Шери Панҷшер бошад, басо рамзӣ аст. Пас, чӣ мешуд, дар ҳоле ки номи хушоянди тоҷикӣ вақтҳои охир тухми анқо шудааст, варзишгоҳеро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд ва кохи фарҳангиеро ба номи Аҳмад Зоҳир гузорем?

Иди истиқлол муборак, ҳамватан!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь