Чун ҳамеша Қадами Қурбон “тарконд”. Ин бор маросими тӯйро не, балки сегменти тоҷикии “Фесбук”-ро…

Ҳар чизро ба чизе ташбеҳ метавон кард, аммо дар олами хеш ин зумра беқиёсанд… (Озарахш).

Ҳунарманд ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон меҳмони барномаи маъруфи Андрей Малахов “Суруд аз самими қалб” («Песни от всей души») гардид. Эълони ин барнома миёни ононе, ки гӯё тарғибгару ҷонибдори ҳунари асил, фарҳанги асил, адабиёти асил ҳастанд ва намояндагӣ аз Тоҷикистон кардани ин ҳунармандро намехоҳанд ва инро паст задани обрӯи тоҷику Тоҷикистон медонанд, шӯре бархезонд. Ононе, ки як андоза мехостанд бори ин таънаро сабук намоянд, айбро ба сари Малахов заданд ва интихобро сатҳи санъати рус донистанд. Масалан, дӯсти арҷманди мо, таҳлилгари хуби мо Бахтиёр Ҳамдамов навиштаанд:

“… Қадам фиристодаи мо нест, балки интихоби русҳост. Мисли Абдурозиқ, ки имрӯз қаҳрамони ҳинду араб аст ва мо ҳақ надорем, бигӯем, ки чаро ҳунарманди дигареро, ки дар Тоҷикистон аз маҳбубияти бештаре бархурдор аст, ба саҳна намехонед? Фарқ танҳо дар завқу қареҳа аст…” Шояд… вале бовар кунед, дӯстам, агар барномае бо ширкати Қадами Қурбон доир намоед, дар толор ба қавле “ҷойи сӯзанзанӣ” намеёбед. Ва агар маъракае бо ширкати сарояндаи маънисарое доир кунед, чунин тамошобинро намеёбед. Қадами Қурбон, Аббоси ревадӣ, Абдурозиқ, раҳматӣ бобои Файз, “Ҷими” Боймурод нишондиҳандаи сатҳи хонандаю шунавандаи имрӯзи мост. Вале ин нафароне, ки ном гирифтам, мисли гули худрӯе ҳастанд, ки бо зӯри хеш ба майдон ҷасурона баромаданд ва ҳаводори хешро пайдо карданд. Онон на тағо доштанду на аз ҷонибе эътироф шудаанд, ба ҷуз аз ҷониби халқи одию ҷомеа! Зӯр зӯр аст ва ғолибонро касе маҳкум намекунад. Муҳим андешаи як ҳаводори “Фейсбук” аст, ки навиштааст: “Аксарият гуфтанд, ки Қадамро мешиносем, вале ягон депутатро намешиносем”. Ба қавли журналисти хуби мо Хилватшоҳи Маҳмуд: “Мо сазовори он чӣ ҳастем, ки дорем! (ҳастем)” Агар нависандаи шодравон Баҳманёр аз адабиёт, агар Барзуи Абдураззоқ аз театр, агар шодравон Лоиқ аз шеър, агар Далер Назар аз мусиқӣ чун намояндаи Тоҷикистон ҷойе ҳарф мезаданд, касе наметавонист эрод гирад. Вале Баҳманёрро ҳатто лоиқи унвони Нависандаи халқӣ надонистем, Барзуро майдон надодему ба ҳиҷрат водор кардем, Лоиқро ба марги тадриҷӣ куштем, Далер Назарро то ҳол лоиқи унвоне намедонем. Вале мо аз эшон ифтихор мекунем, чун ҳарф аз ин соҳаҳо рафт, аввал номи эшонро мегирем. Беҳуда Лоиқи шодравон нагуфта буд: “…Мекушандат! Бар мазорат дастагул ҳам мегузоранд!”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь