Намедонам бори чандум аст мешунаваму мехонам, ки гӯиё толибу “Толибон” дигар шудаанд. Онҳо дар ин фурсат кадом мадрасаю дабистону донишгоҳро хатм кардаанд, касе намедонад.

Ба эҳтимоли зиёд онҳо танҳо дар “дабистон”-и Сурияю Ироқ метавонистанд таълим гиранд. Ва чӣ таълиме! Таълими одамкушию хунрезӣ. Шояд сиёсатмадорони дунё ин маъниро гуфтан мехостанд.

Вале барои аксари мардуми авом, “Толибон” – ҳаракати мамнуъ дар аксар кишварҳои дунё, ҳамон ғӯлҳои биёбоние мондаанд, ки бо ҷаҳлу ҷаҳолату бераҳмӣ номи хешро вирди забонҳо кардаанд. Ин бор ин қавм рӯирост кӣ будани хешро пинҳон намедоранд, баръакс, пинҳон ҳам намедоранд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бо он содагию бесаводию беақлӣ гӯл задаанд. Имрӯз хостаҳои хешро пиёда мекунанд ва баъзе аз ҳамсояҳои тарсуи кишварашонро водор ба додани кумакҳои башардӯстона менамоянд. Сиёсатмадорон бошанд, аз дур наззора доранд, ки чӣ гуна эшон вазорати амри маъруф месозанду барои занон кунҷи хонаро биҳишт меҳисобанд, чӣ тавр зиндонҳои Каписоро пур аз панҷшериҳои сарбадор мекунанду танҳо барои аз миллати дигар будан, сар мебуранд.

Имрӯз Панҷшер танҳо аст. Тани танҳо алайҳи вабои аср меҷангад. Ҷаҳон тамошобин. Амрико яроқҳояшро оварда ба онҳо вогузошт, сафири Русия дар Кобул Замир Кобулов бошад, вазифаи “сухангӯ”-и “Толибон”-ро иҷро мекунад. Ҳар навгонии мусбате диду шунид, ба сад дағдаға ба “Толибон”  нисбат медиҳаду мечаспонад. Намедонам, бар ивази тарғиби эшон чӣ дастмузде мегирад, вале амали ӯ ба як дипломат, ба як сафир монанд нест.

Мақсади “Толибон” маълум аст: аз байн бурдани миллатҳои дигар дар Афғонистон ва ба ҷойи онҳо ҷойгузин кардани миллати пашту то сарҳади кишварҳои дигар. Мақсад ин аст, ки ба сарҳади Русия расанду иттифоқчиёни Русия дар тарсу ҳарос зиндагӣ кунанд. Дигар ҳеҷ! Барои ин забони гуфтугӯи мардумро ба зӯрӣ бояд аз дарӣ ба пашту гардонанд, миқдори онҳоро кам нишон диҳанд, дар шиноснома миллати дигар нависанд ва баъди чил – панҷоҳ сол аз ин миллатҳо нишоне намемонад.

Мо инро як бор дар хуну пӯсти хеш таҷриба кардаю тоҷики Самарқанду Бухороро гум кардем.

Таърих такрор мешавад?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь