Соле, ки мегузарад, ба синни панҷоҳ расидам. Худам бовар намекунам. Аммо ба назарам чунин менамояд, ки дигар вақт тезтар ҳаракат мекунад. Гузашти рӯзу шабҳоро ҳис намекунам. Дигар ҳасрати он лаҳзаҳоеро мекашам, ки рӯзу шаб мисли сол мегузаштанд.

Не, ин дар дуриҳо набуд ва дар паси кӯҳи Қоф ҳам не. Ҳамин дирӯзакак буд. То соли нави таҳсил дар мактаб ва то оғози “як соли пир шуданҳо” дар донишгоҳ, то дидани дидор бо азизе, то вақти мулоқот  сонияҳо мисли сол мегузаштанд, аммо ҳозир не.

Ба ҳама чизу ҳама кас дигар бетафовут шудаам. Чизе маро ба ҳайрат намеорад. Чизе маро аз таҳти дил намехандонаду намегирёнад. Аз амали касе шигифтахотир намешавам, аз касе умеди чизе надорам. Нек медонам, ки дигар мӯъҷиза рух намедиҳад, падар ба суроғам намеояд, модарам дигар аз бистари беморӣ намехезад. Нек медонам, ки Хоҷаи Хизр дигар афсона аст, моҳичаи тиллоӣ ҳам бофтаи кадоме аз мост. Медонам, ки шахси касифу нопокзода ҳаргиз дигар намешавад, медонам, ки “зангӣ ба шустан нагардад сапед”. Медонам, ки аз дасти ана ҳамон одам ҳич вақт бадие намеояд. Ҳамон тавре як дӯстам мегуфт “ту мехоҳӣ бадӣ кунӣ, бадӣ кардан ҳам аз дастат намеояд”. Ҳамаро медонам, ҳис мекунам. Бароям дигар муаммое ҳам намондааст.

Баъзе шабҳо ба ёди дӯстоне, ки маҳз дар синни панҷоҳ аз дунё рафтанд, меафтам. Ба худ мегӯям, ки Акбари Саттор дар синни панҷоҳ аз чӣ меандешид? Чӣ хато сар зад аз ман, аз мо, ки моро ҳамин тавр танҳо гузошту рафт, то оромӣ ёбад, оромии абадӣ?

Аз Иқбол Илёсзодаи ҷавонмарги панҷоҳсола ёд мекунам. Хотираҳоямро тагурӯ мекунам. Пораҳои шикастаи ёдҳоро мехоҳам ба ҳам часпонам. Чаро ӯ нахост дар беморхона хобад? Чаро боз ҳам аз беморхона гурехт? Чаро, чаро?…

Гоҳо ба ин саволам посух меёбам. Аммо гуфтани ин посух, ёдоварӣ аз ин посух ба як ҳолати баду тасвирнашаванда мефиканадам. Метарсам, ки ин посухи онҳоро ин ҷой нависам. Не, аз он наметарсам, ки девонаам мехонанд. Балки аз нигоҳи озмоишкоронаю ҳарфи тасаллои атрофиён метарсам. Ҳа, бовар кунед, маро ҳарфи тасаллои ин ё он шабаҳе дар атрофам, ки сад бор кӯшиши ба хеш гирифтани ниқоби ғамро мекунаду ниҳоят овозашро ларзонида тасалло мегӯядам, девонаам мекунад. Гӯё ман оҷиз бошам, гӯё ман дармонда бошам, гӯё ман нотавон бошам. Ғашам меояд ва мехоҳам, то гӯшае гурезаму то беҳол шудан ханда занам. Хандае осмонкаф. Ба ҳоли худаму он шабаҳи бечора. Ба ҳоли зиндагии ману ӯ. Аммо дигар хандиданро ҳам фаромӯш кардаам. Хандаам дигар заҳрханда шудааст.

Ҳоло, ки ба панҷоҳ расидам, чеҳраҳои шиносу ношиносро бори дигар кашф мекунам. Якеро беҳтарин меҳисобидам, имрӯз мебинам, ки барои кафанпулӣ додан дасташ меларзад; якеро шери жаён мепиндоштам, мебинам, ки як шағоли оҷизу бечорае беш нест; якеро қаҳрамони даврон меҳисобидам, имрӯз нек дармеёбам, ки бозингари мусибатзадаи даллае беш нест.

Ба қавли Бедил:

…Шер меғурранду чун вомерасӣ, бузғолаанд…

Гоҳо аз хандаи зиёд метарсам, ки ахиран девонаам мехонанд. Дигар аз хандидан ҳам метарсам. Ҳа метарсам! Зеро бардоштани номи “девона” ҷуръату ҷасорат металабад. Ҷуръату ҷасорате, ки мани бечора дар бисотам надорам. Тавба, баъзан ҳолате мешавад, ки шахсе бори аввал наздам меояду дасташ мефишораму ба чашмонаш менигарам. Менигараму мехонам, ки ин марди хуб барои чӣ омадааст. Барои ҷустани имдоде, барои шикам, барои пул, барои шӯҳрат ёфтан, барои дурӯғ гуфтан, барои…

Ҳа, нав мефаҳмам, ки дар панҷоҳ орзуҳо дигар кӯчак мешудаанд: Як филми дигар офарам, як китоби дигар нависам, як ёри дигар ҷӯям, як тиҷорати дигар кунам мегуфтаӣ. Аммо ба Худо маро аз ин ҳама ханда меояд. Ханда меояду дубора ба ёди азизони рафта меафтам: Инҳо аз дур ба ҳоли ман, ба рӯзу рӯзгори ман механданд…. Хандаҳои ҷарангосӣ.

Дар панҷоҳ марг дигар зангӯлаи бедорӣ мезанад: Яке осемасар ҳаҷ мекунаду ҳоҷӣ мешавад, яке ба фикри набераҳояш банд мешавад, яке дунболи нафақааш меафтад. Ва боз ман мемонаму ба ин ҳама ханда мезанам:

Бахудо, роҳи ман аз тую Шумо ҷудост!

Ман дар ҳисори андешаҳои худ зиндагии берангу бӯю бемаъниеро барои худаму шумо сохтаам ва мехоҳам, ки ҳамраҳ ба рӯйи ин зиндагӣ ханда занем. Хандае баланду осмонкаф!

Чӣ гунае, ки Лоиқ мегӯяд: Ханда мегирадам аз мушту гиребоншудагон!

Соли Нав муборак!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь