28 сол аз қатли пурдаҳшати Муҳиддин Олимпур гузашт.

Аммо вақт нишон дод, ки касе натанҳо Олимпур нашуд,

 балки оҳиста – оҳиста бузургтарин кашфиёташ

– дидани зебоӣ ҳам анқариб аз журналистикаю адабиёт ғайб зад.

Зебо дидан, зебо гуфтан, фикр мекунам бузургтарин чизе буд, ки мо насли ҷавони солҳои навади асри пеш маҳз аз Муҳиддини Олимпур омӯхтем. Бо қатли Муҳиддини Олимпур ин зебоӣ дигар пардаи рӯъёи хобгунае менамояд, ки дигар такрор нахоҳад шуд.

Барои он ки воқеан, чунин аст, шарт нест то мутахассиси соҳа бошӣ: Як нигоҳи сарсарӣ ба шабакаҳои иҷтимоии мо кифоя аст, ки моломол фақат аз дашному бадгӯӣ, таҳқиру зӯргӯӣ мебошанд ва ҳатто ҳарфе аз зебоию лутф, хабари хушкунандае нест. Агар якеро тунд гуфтию дашном додӣ, он дашноми ту ҳазорон хонандаю ба истилоҳи имрӯз “лайк” мегиранд. Аммо агар аз зебоӣ гуфтӣ, аз пешрафти кишварат шод шудӣ, аз дастоварди ҳамватанат болидӣ, бидон, ки туро масхараю таҳқиру мазоҳ интизор аст.

Ёдам мерасад, ки замоне дафтари хотираҳои шодравон Олимпурро мехондаму ҳайрон мешудам, ки чаро дар он солҳои хунини навадум ин марди танҳодил фақат аз зебоӣ мегӯяд, фақат зебоӣ меҷӯяд? Ҳатто агар ӯро хоҳ ба майдони пахта фиристӣ, хоҳ ба театр, хоҳ ба гӯшаи дури кӯҳистоне фақат зебоиро медиду аз зебоӣ мегуфт.

Ёдам намеравад, боре дар суҳбате журналисти чирадаст Султони Ҳамадро “Олимпури сонӣ” номидам. Зеро тавре Олимпур зебо медиду мегуфт, Султон Ҳамад ҳам аз фарҳангу мусиқӣ мегуфт ва тарғибгари аслии он буд. Султон Ҳамад як каме норозиёна ба ман гуфт:

“Хуршедҷон, Муҳиддини Олимпур идеали мо буд. Аз мо то Олимпур ҳоло фарсахҳо роҳ аст.”

Ҳарчанд ман аз нақши ӯ ба адабиёту фарҳангу мусиқии тоҷик мегуфтам, аммо устод Султони Ҳамадро қонеъ карда натавонистам. Ӯ ба фикри худ истоду ман ҳам, яъне Султони Ҳамад барои ман “Олимпури сонӣ” буд ва хоҳад монд.

Ёдам намеравад, он субҳи боронӣ дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барои гирифтани ҳуҷҷати узви ИЖТ рафта будам. Аввалин бор маро ба сафи ИЖТ пазируфта буданд. Хабари марги Олимпурро аз котиби вақти ИЖТ Абдуфаттоҳ Воҳидов шунидам. Гуфтанд, ки он шаби сарди боронии декабри соли 1995 Муҳиддин Олимпурро куштаанду ҷасадашро дар маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира” партофтаанд.

Бароям он рӯзи фараҳ, ки он замонҳо узви ИЖТ шудан осон набуду ҳар журналист орзуи аъзо шуданашро дошт, барои ҳамеша ғамкада гардид. Зеро дар фаҳму дарки ман Олимпур Иттифоқ буд ва бо рафтани худ ин Иттифоқро бурд. Орзуву омоле, ки дар касби журналистӣ доштам, бо ин рафтани фоҷиабори Олимпур таҳи хоки ҳасрат рафт.

Ҳоло фақат аз он меандешам, ки Олимпур бо ин зебонигариву зебо инъикоскарданҳо чӣ пайғому муждае ба мардум расондан мехост, ростӣ бисёр меандешам, вале ба умқи ин кори Олимпур расидагӣ намекунам, аммо дар Фараж як сафҳаро бо номи “Саҳифаи сафед” таъсис додем, ки фақат аз муваффақияту пирӯзии тоҷику тоҷикистонӣ аз ҳар гӯшаи дунё мегӯяд.

Итминон дорам, ҳадафи Олимпур ҳам аз зебо гуфтану зебо дидану ситоиши зебоӣ маҳз ҳамин буд ва умедворам, ки сафҳаи мо низ армонҳои Олимпурро бозгӯ карда тавонад.

Ёдат ба хайр, марди зебодилу зебопараст!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь