Дуруд дӯсти азиз Иқбол!

Чӣ ҳолу аҳвол дорӣ? Ворухи ту чӣ рӯзу рӯзгоре дорад? Оё ҳоло ҳам бемории дил азият медиҳад? Табибон чӣ мегӯянд?

Медонӣ чӣ? Бовар дорам ту ба табибон боре муроҷиат накардаӣ! Ҳамеша наздикону дӯстонро мефиребию бо табассуми ҳамешагӣ ба эроди ман посух мегӯӣ:

— Дӯстам, ганда мурдан надорад! Ману ту, ки устухон дар гулӯи бисёре ҳастем, инсони хуб нестем ва аз ин рӯ, намемирем!

Дурӯғ мегӯӣ! Ту фариштахислат ҳастӣ, кинаеро ба дил намегирӣ, бахшандаӣ, гули сари сабади дӯстам ҳастӣ. Меҳрубонӣ, падари ғамхору ҳамсари вафодор ҳастӣ!

Замоне ба сафари охирин рафтӣ, баъди ту дар фазои Ворух, Хоҷаи аъло, Чоркуҳ боз садои тир шунида шуд, боз ҳампешагонат табли хатар навохтанд.

Вале, Иқбол, ин бор мо садо баланд кардем, якдилу яктан ба ҳимояи Ватан хестем, қурбонию зарар дидем, вале сар нафаровардем.

Охир, якдилу якрӯ, якдилу як мушт будани мо алайҳи таҷовузи қирғиз орзуи ту буд, Иқбол… Орзуи туи армонӣ. Орзуе, ки бо худ бурдӣ! Орзуе, ки сабз шуданашро надидӣ!

Вале… чун ҳамеша буданд онҳое, ки ватанро фурӯхтанд, ситораи шабакаҳои телевизионии қирғиз шуданд, ба сӯи тоҷикони ҳамватан санг заданд.

Ҳа, дуруст мегӯӣ, устоди ману ту — Додоҷони Атовулло, чун ҳамеша ҷавоби дандоншикан ба онҳо дод, дурӯғу тақалашонро фош кард, симои аслиашонро нишон дод.

Чун ҳамеша бо сабки ширину нотакрораш. Нахондаӣ? Ҳамин ки наздат рафтам, бароят қисса мекунам, дӯстам.

Дӯстам! Мо туро баъди маргат қадр кардем! Ҳа, наханд, баъди маргат ба номат ҷоизае таъсис додему ба ғолиби он супоридем. Тавре дӯст медоштӣ такрор кунӣ:

Тоҷикони мо зи баски мардуми олитаборанд,

Мекушандат! Бар мазорат дастагул ҳам мегузоранд!

Медонам, ниёз надорӣ, аммо даҳҳо, садҳо қаламкашон ба хомаи сабзи ту қоил шудаву шодихӯрдагони ту ҳастанд.

Мехоҳанд дар ҳимояи Ватан Иқбол Тешаев бошанд…

Рост мегӯӣ, бояд забони бегонаро омӯзанд, махсусан забони русӣ ва англисиро. Ҳатман ба онҳо мерасонам.

То дидор, бародари азиз!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here