Наврӯз мерасад, аммо чунин ба назар мерасад, мушкилоти рӯзу рӯзгор ба андозае ҷомеаро пахш кардааст, ки бо расидани он «касе аз хеш фирор карда»- ву «қарор дар канори ёри беқарор» карданӣ нест.

Наврӯз мерасад, аммо накҳату ҳусни баҳорӣ нест. Дар хиёбонҳо чеҳраеро намебинӣ, ки аз омадани арӯси сол болида бошаду неруи зиндагисоз дар рагҳояш дамида…

Шояд бошанд ин гуна чеҳраҳо, аммо чун аслан ин гунаҳо пушти шишаи машинаҳои ойинасиёҳ худро панаҳ мекунанд, ман онҳоро надида бошам. Шояд пушти шишаи сияҳ руст шуданашон нишони виҷдондории эшон бошад? Охир, агар дар кӯча бо ин чеҳраи болида ҳатто сад метр равӣ, мардум эҳтимол девона хаёл мекунанд.

…Субҳи содиқ дар пойтахт аз ғур-ғури мусофирону ронандагон оғоз мешавад. Дигар роҳҳои Душанбе дар маҳалҳо аз роҳҳои минтақа кам фарқ доранд. Баъди қомат афрохтани бинои наве чор тарафи онро аз роҳи байни маҳаллаҳо мекананду бо ҳамин дубора обод карданашро фаромӯш мекунанд. Бовар надоред? Як бор сар ба маҳаллаи 102, атрофи мағозаи “Баҳористон” -у бозорчаи “Муросо” занед. Баъди барфу борон, дар ин хиёбонҳои кафидаву дарида машина рондан, фақат ҷабр ба чархҳои он асту бас! Аммо то ҳол ба ғайри чанд бел қуму хок ба ин чуқуриҳо чизе нарехтаанд, ки он ҳам бо рехтани борони навбатӣ шуста мешавад.

Муаллима дар ғами атлас, ки тавсия додаанд то дар Наврӯз онро ба бар кунад, донишҷӯ дар ғами маршировкаи наврӯзию “облава”- и ба наздикӣ сар мешуда, сарбозу милисаҳо дар хиёбонҳо рехта то дар арафаи ҷашн нохушие рух надиҳад, маъюбону нафақахӯрон дар ҳасрати нафақа,  ҳунарманд дар талоши ҷой кардани сурудаш дар ягон барномаи идона, ҳаводорони футбол дар орзуи ғалабаи дастаи футболи кишвар бо сарпарастии мураббии хориҷӣ, тоҷирон бошанд, гоҳ дар ин минтақа гоҳ дар минтақаи дигар аз дасти соҳибони бозор дод мегӯянд. Ҳама дар такопӯ ва  гӯё ҳама расидани баҳорро фаромӯш кардаанд.

Ба сайтҳову нашрияҳо менигарам:

Баҳси хомӯшнашудаи марз бо қирғизҳо, ғами муҳоҷиру азоби вай дар Русия, тобутҳои қатор аз Украина, гоҳе аз шакаробу гоҳе аз қурутоб заҳролуд шудани мардуми бечора, худкушӣ гоҳе дар ин минтақа, гоҳе дар минтақаи дигар, мавзуи доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, – “шикор” – и муаллимон…

Ҳарфе аз баҳор нест… Омадани баҳорро, ки замоне оғози зиндагии нав, андешаи нав, орзуи нав мегуфтанд, ҷумлагӣ гӯё ба ёдмони хотироти ширини гузашта супоридаанд. Сар карда аз худи ман, ду рӯз боз ҳар дуввумин нафареро, ки вомехӯрам, аз зуком менолад. Ин бало ҳам ҳамқадам бо баҳор ба таври густарда паҳн шудан дорад, аммо ҳанӯз боиси задани бонги изтироб нашудааст.

Ба қавли Салими Хатлонӣ:

Ашки бедард аст резорези боронҳо,

Рози фардо нест андар сози новардон.

Бодҳо аз васфи пойиз шеър мехонанд,

Абрҳо монанди ман сарсону саргардон.

Аммо бо ин ҳама баҳор мерасад: Мо хоҳем, нахоҳем, деҳқон ба замин дона мепошад, дарахтон гул мекунанд, таронаи наврӯзӣ баланд мешавад, орзуҳои мурда дубора сабз мешаванд, бархостан аз хоби субҳгоҳӣ вазнину гарон хоҳад буд, Иди модар, иди мо-рӯзноманигорон, иди соли нави мо бонавбат дар мекӯбанд!

Пас, қадами наврӯзии баҳор бароят муборак, ҳамватан!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь