Медонам, ки ҳама миранда аст ва касе пойсутун намешавад. Хоҳ барои хеш қиссаи “Айёс, ҳадди худро бишнос” -ро шиори зиндагӣ карда бошад ва хоҳ дунёро ба боди бурут ҳам нашуморида бошад. Вале марги тадриҷии беҳтарин фарзандони миллат ҷигаратро мешикофад.

Понздаҳ рӯзи охире, ки гузашт, барои аҳли зиё ҳафтаи пур аз ғам буд. Аввал Сабоҳати Қосим, Ҳунарпешаи мардумии кишвар, ҳамсари Фаррух Қосим, хоҳари овозхони ғӯрамарг Муқаддас Набиева, келини Мушаррафа ва Муҳаммадҷон Қосимовҳо, баъди чанд рӯзи дигар Устод Асад Гулзодаи Бухороӣ, яке аз охирин шоирони порсигӯйи Бухоро ба сад орзуи боз кардани мактаби тоҷикӣ дар ин шаҳр, даргузаштанд.

Ҳанӯз аз ин ғам нараҳида, хабари марги нависандаи хушбаёну хушқалам Саттор Турсун, ки бо “Камони Рустам”-у “ Се рӯзи як баҳор”-аш калон шудаам, расид. Ва сад дареғ, ки субҳи дигар хабари марги ҷонсӯзи муҳаққиқи  тавоно, шахси ворастаю олуфтаи журналистика ва пулитсистикаи тоҷик,  устоди як насли журналистони маҳаллӣ, падари маънавии “Самак” Зафар Мирзоён, ки бо тавсияи ҳамсабақашон устод Иброҳим Усмон, сари таъсис додани як нашрияи таърихӣ маҳз аз ин шахс дастуру раҳнамоӣ мегирифтам, расид. Шояд Сайидо дарди маро дошт, ки аз ин гуна даста-даста рахти сафар бастани бузургон, нигарон шуда, гуфта буд:

Бештар аҳли сухан ноком рафтанд аз ҷаҳон,

Тӯтиёнро хушклаб аз шаккаристон бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, баҳсҳои зиёд дар “Фейсбук”, – шабакаи иҷтимоӣ нишон дод, ки андешаи тоҷикӣ тавону тобе надорад, ки андешаи дигареро бишнавад, ҳанӯз ҳам ҷасорате пайдо накардааст, ки таҳлилу танқиду хулосаи шахси дигареро таҳаммул бикунад. Андешаи тоҷикӣ ҳанӯз ҳам андешаи озод нест, мурғи бе болу пар аст ва парвоз карда наметавонад.

Андешаи тоҷикӣ то ҳол озоду растагор нест, зеҳнияти беморгунааш намегузорад, ки ҳақиқату воқеиятро аз нигоҳу мантиқ ва ақлу хиради фарогир арзёбӣ ва баррасӣ намояд ва комилан ба мушоҳида мерасанд, ки он агар афкори дигаргунаеро шунид, дарҳол “расолат”-ашро аз таҳқиру иҳонат фиристодан ва таъну лаън кардан мебинад, ки ин боястӣ муҷиби шарму озарме бошад.

Мутаассифона, мо – тоҷикон, аксаран як заъфияте дорем, ки мехоҳем ҳар шахси дигаре чун худи мо андеша дошта бошад, чун худи мо фикр ронад, чун худи мо хулоса барорад. Вале дар зеҳни мо андешае чарх намезанад, ки воқеиятҳои рӯзгор ва табиати инсонӣ барои ҳама ҳамгун шуда наметавонанд ва зотан сиришти инсоният ин тарз шакл нагирифтааст, ки ҳама як хел тафаккур дошта бошад.

Ва дар ҳайрат меуфтаму ангушти изтироб мегазам, ки агар ин бархӯрди бунёдсӯзи аҳли зиёии имрӯзини мо идома ёбаду насл ба насл ин ваборо бо худ бибаранд, ояндаи афкору фарҳанг, ҳувияту худшиносӣ, ягонагии ҳастиву бақои миллат чӣ ҳоле хоҳад дошт? Магар забун намегардад?

Имрӯз мо як-як олимону фарҳангиёни асилу миллатсози худро осону ғофилгир аз даст дода истодаем. Мефаҳмед, ки чаро онҳо ба марги муфоҷо ё тадриҷӣ аз олами мо мераванд? Инсоф диҳед, мо ин фазои воҳид будани миллатро пор-пора кардаему мекунем, ҳувияту ғурури миллӣ доштаҳои мо аз чунин фазои нангину нафасгир хаставу фалаҷ гардиданду ба марги тадриҷӣ рафтанд.

Чӣ кунем, ки чархи ҷафокор чунин кардааст ва бархӯрди зиёиёнро миёни ҳамдигар ва марги тадриҷии зиёиёни асилро мебинию ҳамон мисраъҳои ба сӯз гуфтаи кадом шоире ба ёд меояд:

Фарёд, ки ганҷинатирозони маъонӣ,

Ганҷина ниҳоданд ба морон, ҳама рафтанд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь