(Ё номаи саркушоде ба дӯст, ҳамсолу ҳампеша, ҳамандешам Фахриддини Холбек)

Диего Армандо Марадона, – футболбозе, ки даҳҳо бор дар борааш навиштааму ҳатто мусоҳибаҳои ғойибонаю якуми апрелӣ бо ӯ доштам, бо ғалабаҳои пайдарҳами дастаи футболи Аргентина дар ҷоми ҷаҳони имсол дубора дар хаёлу хотирам зинда гардид.

Кадом наврас дар ҷавонӣ орзуи ба ин ё он футболбози нотакрор монанд шудан, накардааст? Ё замоне думболи тӯб метохт, худро чун он бозингар тасаввур накардааст? Ба мани дӯстдори футбол чунин ҳолат рух додааст. То ними шаб дар варзишгоҳи мактаб футболбозӣ мекардем, ҳатто аз тоқиҳо тӯби футбол дӯхтаву дарунаш пуфак пур карда, метохтем пушти ҳавасҳои кӯдакӣ.

Марадона, ки соли чемпиони ҷаҳон шуданаш (1986) ба дувоздаҳсолагии ман рост мегирад, барои ман чунин буд. Барои ӯ рақами даҳро дӯст доштам, барои ӯ шуда хаёлан худро бар Буэнос – Айрес медидам, баъдҳо барои вай ҳаводори дастаи “Наполи” – Итолиё шудам. Аз он чемпионати таърихӣ, ки Аргентина ба Англия ғолиб омада буд, албоми аксҳо аз бозии Диего, ки аз нашрияҳои он сол ҷамъ кардаам, доштам. Ӯ барои ман як бозингар, як шахсият, як идеали шикастнопазир, нотакрор буду монд.

Ҳар кӣ мегӯяд “ ман идеал надоштам, ё ман ман идеали худам ҳастам”, ё дурӯғ мегӯяд ё ҳаргиз орзу накардааст. Идеали ман дар синну соле ман доштам, як шахси дастнорас буд ва танҳо орзуи расидан ба сатҳи ӯ маро водор мекард то ба пеш равам. Баъдҳо ба Вазген Манасян аз “Помир” – и Душанбе нома навиштам ва ӯ ҳам ба ман посух доду тӯҳфаҳо фиристод, аммо Марадона бароям дигар буд.

Диегоро шӯҳрат шикаст. Рӯ ба маводи мухаддир овард, зиндагии шахсиаш вайрон шуд, обрӯяш мисли тӯби пуфкарда кафид. Акнун калон, ки шудам, зиндагиномаи ӯро пайгирӣ мекардам, ҳатто аз оддитарин ҷанҷолаш бо хабарнигорони хира огоҳӣ доштам.

Вай аз журналистон мегурехт, бадашон медид, таҳқирашон мекард. Аммо, чанд сол пеш аз марг махсус як хабарнигори фаронсавиро, ки мухлисаш буд, даъват кард ва дар як филми ҳуҷҷатии таъсирноке ҳама камбудиҳои худро иқрор кард, омилҳои шикасташро гуфт, аз ононе ки умре пайи шикасташ буданд, ёдовар шуд. Аммо, дар охири филм гуфт:

-Бо вуҷуд, ман мехостам Диегои муқоисанашаванда бошам, ба касе монандам накунанд.

Воқеан, солҳо пас хислати Марадонаро дар ҳунарманди беунвони нотакрори тоҷик Субҳон Сайид дидам. Онон зиндагии монанде доштанд, ва махсусан сар хам накардану мағруриашон ба якдигар, шикастану сохтан, боз сохтану боз шикастанашон, шабеҳ буд.

Ана дӯсти азизам Фахриддини Холбек, чаро ман дастаи мунтахаби Аргентинаро дӯст медорам, чунки бӯйи Марадона мекунад. Лионел Мессиро замоне бад дида будам, – замоне ба дарвозаи мунтахаби Эрон гол задаву умеди онҳоро ба хок яксон кард. Имрӯз ҳам агар дар финал бо дастаи Марокаш рӯ ба рӯ шаваду умеди ин дастаи африқоиро хазон кунад, шояд бадаш бинам. Аммо, Аргентина, Месси барои ман бӯе аз кӯдакиам, наврасиам доранду Аргентина бароям азиз аст!

Воқеан, дина дастаи мунтахаби Аргентина умеду орзӯи боз як дастаи Аврупо, – Хорватияро барбод дод. Ба Фахриддини азиз ин пирғзӣ муборак! Ба худ тасаввур кардам, ки агар Марадона зинда мебуд, чӣ гуна мерақсиду хушҳолӣ мекард.

Ёфтани идеал шояд осон бошад, вале азиз доштани идеал бо тамоми шикасту микасти роҳ чӣ кори сангине аст….

Бо умеди пирӯзии Аргентина дар финали ҷоми ҷаҳон ва дидораш дар ин майдон бо Марокаш!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь