Инсон курсиро зеб медиҳад, на курси инсонро.

(Масал)

“Мансаб гирифтану бемансабӣ ҳам дар зиндагии инсон як сабақи аҷибе будааст. Вақте мансаб мегирӣ, аз ситоиши дигарон сарчархак мешавӣ, аз занги нафарони маъруфу машҳур чанд гоҳе ба худ намеоӣ, вале ҳамин ки аз мансаб рафтӣ, дигар навиштаи мусбате дар бораи хеш хонданат муҳол аст. Тилфонат, ки то ин дам беист занг мезад, хомӯш аст, корафтодагон дигар пушти дарат қатор намеистанд, хешовандони бешуморат, авлоди сершуморат, ҳамдеҳагони беадад, ҳамшаҳриёни хираат мисли ҳубоби рӯйи об якояк гум мешаванд” – ин пора аз андешаи як нафари замоне соҳибмансабу ҳоло бемансабе аст, ки вақте вохӯрдем, изҳор кард…

– Аммо ҳар яке хушиҳои худро дорад ба фикрам, – гуфтам ман. Масалан, вақте бемансаб ҳастед, шарт нест, то ҳар саҳар риши худро тоза тарошед, либоси тозаю озода пӯшед, кадом вақте хестед, муҳим нест, метавонед тилфони худро хомӯш кунед. Агар ба маъракае даъват кунанд, меравед, нахоҳед, намеравед. Метавонед сари як пиёла чой бо дӯстон шинед, дарди дил гӯед, аз ҳоли ҳамдигар пурсед. Кай нишастану кай хестани Шумо дигар муҳим нест, маст ё ҳушёр будан ҳам дигар барои касе масъалаи аввалиндараҷа нахоҳад буд.

– Ин ҳам дуруст, додар. Вале вақте мансаб дорӣ, дар ягон даргоҳ хоҳиши туро ба замин намегузоранд, ҳама пешат дуқат таъзим мекунанд, дар ҳама маърака болонишин. Ҳарфи туро бодиққат гӯш мекунанд, ҳатман тасдиқ менамоянд. Ту ҳеҷ гоҳ бепул нестӣ, мӯҳтоҷ нестӣ. Ҳис мекунӣ, ки барои гирифтани ин мансаб беҳуда ҷон накандаӣ, беҳуда азияту хорӣ накашидаӣ. – рамзомез табассум мекунад ҳамсӯҳбатам ва ман лаҷоми истиҳолаю андешаро аз даст медиҳам.

– Ту мурвате дар дастгоҳи азим ҳастӣ ва бо гузашти солҳо фаромӯш мекунӣ, ки мурват ҳам мешиканад, хӯрда мешавад. Ту дӯстони ҷониатро, ки замоне бо онҳо дар як саф барои ҳадафҳоят месӯхтию месохтӣ, фаромӯш мекунӣ, чун муҳити ту дигар мешавад, дӯстони забониату нониат зиёд мешаванд. Ту барои салом гуфтан ба хешу ақрабо вақт надорӣ ё танҳо дар ҷавоб сар меҷунбонию халос. Ту….

– Шумо чӣ? Шумо журналистон чӣ?

– Хушбахтона, курсии мансаби Шуморо медиҳанду мегиранд, вале қалами дасти моро касе наметавонад кашида гирад. – бо эҳсоси пирӯзӣ мегӯям ман.

Ин сӯҳбати охирини мо буд.

Бори дигар вақте хостам бо ӯ дидор бинам, рақами тилфони маро набардошт. Ба хонааш рафтам, гуфтанд, бемор асту ҳавсалаи сӯҳбат надорад. То охир барои ман мансабдор монд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь