Як ҳамсояам барои кӯдаки ҳафтсолааш маблағи ёздаҳсолаи таҳсилро якбора пардохт карда, ба номаш хона харид. Ҳар субҳ ӯро ба кор мебараду меорад. Беҳтарин омӯзгорон аз забонҳои хориҷӣ ба кӯдак дарси иловагӣ медиҳанд.

Ҳамсояи дигарам писари ҳафтсолаашро ба деҳа, ба назди бобояш фиристод:

– Хоҳ-нохоҳ, ман барои таҳсилаш на пул дода метавонам, на вақт меёбам аз ҳамроҳшавиаш ба бачаҳои авбош ҷилавгирӣ кунам,- мегӯяд вай.- Бигзор дар ҳамон деҳа ризқашро пайдо кунад, ақаллан дар подабонӣ ба бобояш кумак менамояд.

1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак аст. Тақрибан дар тамоми гӯшаи дунё аз ин ҷашн таҷлил менамоянд. Бори аввал дар таърих, моҳи ноябри соли 1949 дар шаҳри Париж бо қарори маҷлиси Федератсияи байналмилалии занон аз ин сана таҷлил мешавад. Ҳадафи қарор хеле содда аст: Бигзор ба калонсолон ҳушдор дода шавад, ки дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ҷиддӣ андешанд, онҳоро аз шиканҷаву ранҷ, ҷангу хунрезӣ эмин нигоҳ доранд, чунки ин масъулияти онҳо мебошад.

Далелу арқом гувоҳӣ медиҳанд: беш аз нисфи кӯдакони сайёра дар оилаҳое мезиянд, ки таҷовузи ҷисмониву рӯҳӣ амри табиӣ буда ва ҳар даҳумин кӯдак қурбони амали калонсолон мешаванд. Ин хатар ба тифлон дар ҳар кишвар ҳар гуна аст. Масалан, агар дар Амрико кӯдакон қурбони паёмади бади тамошои барномаҳои телевизионӣ ва компутарӣ шаванд, дар Африқо аз ҷангу бемориҳои табобатнашаванда, дар Осиё аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

Дурнамои ин ҳама тифлии пурмашаққат худкушӣ, нашъамандӣ, пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, бемории рӯҳӣ ва ғайра аст.

Дар Тоҷикистони мо чӣ? Агар насли имрӯзи миёнасол зодаи даврони ҷанг бошанду гӯиё тифлии пурмашаққатро пушти сар кардаанд, наврасону кӯдакони имрӯз дилбохтаи ҷангҳои мактабиву созмонҳои тундгаро ҳастанд ва қариб ҳар чорумин кӯдаки имрӯз аз насиҳату дасти тарбияи падари муҳоҷир бенасиб аст. Душвор аст тахмин кардан, ки онҳо бо кадом рӯҳия калон мешаванду бо кадом андеша ба ҷомеаи бузургсолон ворид мегарданд, аммо мебояд аз имрӯз барои хато пой нагузоштани онҳо кӯшиш намуд.

Бубинед, замоне Зевар Давлатова, яке аз беҳтарин журналистони телевизиони кишвар барномаи ҷолибе дар бораи рӯзгори воқеии кӯдакони бепарастор омода кард ва он ба ҳадде шӯҳрат пайдо намуд, ки мардум дуюму сеюм бор онро тамошо кардан мехостанд. Хушбахтона, телевизион ҳам онро такрор ба такрор нишон дод. Сабаби ин шӯҳрати барнома ба назари ман аз дунёи воқеии ин тифлон гуфтан, ба дунёи ботинии эшон роҳ ёфтан буд. Мушкилиҳое, ки ин тифлон пушти сар кардаанд, ҳар шаҳрванди боақлро ба сари андеша меовард, зеро бовар кунед, гоҳо ба мардони бузург пушти сар кардани ин ранҷу машаққат осон нест!

Вақте онҳо аз ҷинояти содиркардаашон оромона, бе тарсу ларз, бе эҳсоси дарду виҷдон қисса мекарданд, ваҳшати воқеӣ буд дарки ин андеша, ки дигар ин фиребу дуздиву олами криминал барои эшон дунёи воқеӣ шудааст!

Дигар онҳо ҳар хушбахтӣ, ҳар пешомади некеро, ки дар пайраҳаи зиндагӣ мебинанд, чун як амри муваққатӣ мепазиранд ва ба он… бовар надоранд!

Аммо, дар ҳамин баробар… кӯдакони дигаре ҳастанд, ки он мушкилиҳову ҷиноятҳоро дар сериалҳои туркӣ ва ё русӣ мебинанд, комилан аз будани ин гуна муҳит бехабаранд. Зиндагии орому бофараҳ доранд, ҳар тобистон дар кишварҳои афсонавӣ саёҳат менамоянд, забонҳои хориҷиро оби равон барин медонанд ва пуле, ки як рӯз барояшон волидайн сарф мекунанд, шояд баробар бо маблағи дар ҳаёташон дидаи ҳамсолони бепарастору қашшоқашон набошад.

Албатта, дар ҷомеае, ки дигар афсонаи сотсиализму коммунизми Марксу Ленину… Брежневро гӯр кардааст ва ором-ором ба сӯйи ботлоқи капитализм меравад, ин амри табиист. Аммо, ҳазми ин андеша барои қисме аз ҷомеа сахт гарон аст.

Бо вуҷуд, кӯдак дар кадом ҷомеае набошад, бояд ӯро қонунҳои кишвараш, мардуми бузургсол ҳифз намоянд, хоҳ он худӣ бошад, хоҳ бегона. Зеро тифл бо ҳамон барракабоб ҳам ба камол мерасад, бо ҳамон поранони талбида ҳам.

Ид муборак!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь