Чӣ, ё кӣ халал мерасонад, ки дар Тоҷикистон футболро ба идеяи миллӣ табдил диҳанд?

Тирамоҳи имсол дар муқоиса бо солҳои дигар пуршӯру пуртазод омад.

Не-не, гап сари он нест, ки давлати хурдакаки арабии Қатар олами сармояро водор кард, то чемпионати навбатии футбол-2022 – ро бо сураи “Қуръон” оғоз кунанду эшон лом нагӯянд  

Мушкил  сари он ҳам нест, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар барвақт лимит ҷорӣ шудаву мардум аз тамошои футбол, аз шунидани радио, хондани нашрияҳо ва аз ҳама муҳимаш аз равшаниву гармӣ маҳруманд. Натиҷаи бозии футболро бошад, агар пас аз хунукиву сардӣ хоҳишу шавқ ба он монда бошад,  аз бобои Ғулом, ё холаи Хосият “мефаҳманд”. Мисли қариб ҳама масъалаҳои дигар…

Ин даъво ҳам асос надорад, ки дар баъзе аз ноҳияҳои кишвар нақшаи “сарбозшикор” буд нашудаасту намешавад. Ба эҳтимоли зиёд ҳеҷ кас “саросема” нест, чунки сол дароз аст ва нархи “харид” – ро каме баланд кардан лозиму бас. Ё шояд “шикорчиён” аз ноҳияҳои дигар барнагаштаанд то нақшаро буд кунанд. Намедонам.

Ин сухан маънӣ ҳам надорад, ки дар баъзе вилоятҳо нақшаи пахта (аҷаб аст, ки дар замони иқтисоди бозорӣ дар мо ҳоло ҳам “нақша” мегӯянд) буд нашудаасту ҳиллаҳои шаръӣ- мисли солҳои шӯравӣ бо ягон баҳона оташ задани хирмани пахтаю даъво пеш овардан, ки фалон миқдор пахта сӯхта, хокистар шуду аммо дар асл, пахтаи русткардаро оҳистекак ба бозор задан, мушкил эҷод кунад.

Гап сари садҳо корхонаро кушодану баъди кушодан ғайб задан ҳам намеравад, чун раисони имрӯза ба ҳаде сер шудаанд, ё шояд “пурпуст”, ки дигар аз ягон намуди фиреб намеҳаросанд.

Мо хоҳем нахоҳем, эшон бовар кардаанду бовар мекунонанд, ки бе эшон санге сабз намешавад, тимсоҳе моҳӣ намезояд, маҷнунбеде ҳосил нахоҳад дод!

Мушкил сари дигар чиз аст:

Мо солҳо боз идеяи миллӣ надорем! То аввали солҳои 2000 – ум мегуфтанд, ки идеяи миллии мо ваҳдати миллист. Аммо, агар имрӯз бигӯем, ки ин идеяи миллӣ ҳамоно боқист, пас масъалаи ваҳдати миллӣ ҳал нашудааст?

Маълум аст, ки бояд идеяи нав дарёфт. Журналисти хубамон Марат Мамадшоев 15 сол пеш пешниҳод карда буд, ки футболро бояд ҳамчун идеяи миллӣ қабул намоем. Он замоне буд, ки наврасони футболбози мо ба чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтанд. Фикри ҷолиб аст. Зеро варзиш барвақт ба як намуди сиёсат табдил ёфта. Ҳар як ҳукумат, ҳар як президент аз он ба таври худ истифода мекунад. Гоҳо обрӯву нуфузи як варзишгар ба ҳаде  боло меравад, ки қиёси он бо  президенти як кишвар ё “ситораҳо” номумкин мешавад.

Бигирем футболбози нотакрори дунё Диего Марадонаро, ки бо номаш калисо ҳам кушодаанду мактаб ҳам, ба фарзандашон номи ӯро гузоштаанду  “худои футбол” ҳам меноманд. Дар ҳоле  сиёсати пешгирифтаи сарварони Аргентина нисбати Амрико  номаълум аст, сарварони кишварҳои Амрикои Лотинӣ маҳз ӯро ба ҷаласаҳои зиддиамрикоии хеш даъват мекарданд ва ба андозае  иззати ӯро ба ҷой меоварданд, ки фикр намекунам президенти Аргентинаро чунин ифтихор насиб шуда бошад.

Пас, агар дар кишвари мо ҳам  футболро идеяи миллӣ эълон карда, бештар дастгирӣ намоянд, фикр мекунам баҳсҳои диниву сиёсӣ то андозае аз сархати ахбор дур гашта, хаёлу хотири мардум ҳам аз мушкили эҷодкардаи  «ҳамсояи бадтар аз душман»- у «бародари бадтар аз  кофир», як каме фориғ хоҳад шуд.

Тахмин мекунам, ки бо идеяи миллӣ эълон кардани футбол эҳсоси ватандорӣ низ барои тоҷикон бештар мешавад, онҳоро зери як идеяи умумӣ ба ҳам меорад, баҳси “муллову кофир” ва масоиле мисли ин аз байн меравад…

Дуруст аст, ки ин гуна идеяро масалан бо нашрияи тоҷикиии варзишие бештар таблиғ кардан мумкин. Аммо чунин нашрия надорем. Чанд сол муқаддам бо умеди дастгирии ононе, ки забони модариву футболи тоҷик барояшон ҳарфи хушку холӣ нест, нашрияеро таъсис додем бо номи «Гол». Аммо дар сатҳи зарурӣ дастгирӣ наёфту аз чоп монд…

Фикр мекунам доираҳои таъсиргузор бояд дар ин бора бештар фикр кунанд, ки ба футбол бештар аз варзиш бархӯрд намоянд.

Ҳамон рӯзе мо метавонем Марадонаҳо, Пелеҳо, Платиниҳоро созем, ки ин варзишгарон ғами пахтаю облаваю чашмбандии раису бебарқиро надошта бошанд.

Маҳз ин гуна қаҳрамонҳо идеяи миллиро қавитар месозанд, на “ситораҳои камнур”, ки байни бойбачаҳо барои сарпараст шудани онҳо мусобиқаи сахт давом дорад…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь