Синаи урёни Манижаи Сангин бо пираҳани атлас, кашфиёти олимон: сари кал энергияи барқ медиҳад, хулосаи олимон аз коронавируси навъи «Омикрон»:” Олоти мардӣ баъди гирифторӣ ба ин вабо то шаш сантиметр кӯтоҳ мешавад” – сархати муҳимтарин хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳафтаи гузашта.
Сол ба сол мавзӯи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯҳнатар мешавад. Ба назар чунин менамояд, ки саҳифаҳои таърих варақ мехӯранд ва танҳо тарзи пешниҳоди мавзӯъ тағйир кардаасту бас! Боз ҳамон мавзӯи маҳал, боз ҳамон баланд шудани нархи пиёзу ҷуръати як Президент, ки ҳангоми сӯҳбат бо Президенти Русия Владимир Путин гуфтааст “ ман намозамро хонам”, боз ҳамон эҳтимоли ҷанги Русияву Украина.
Вале дар ин байн се хабаре буд, ки вокуниши зиёд оварду чалажурналистону чалазиёиҳо, журналистони маъруфу зиёиёни соҳибномро ҳам бетараф нагузошт.
Мавзӯи аввал боз ҳам сари Манижаи Сангин, набераи Тоҷӣ Усмон буд. Ин бор як акси нимурёни Манижа- ситораи навпайдо дар барномаи “Евровидение” – ро бо пираҳани атлас, касе дар шаҳри Ню – Йорки Амрико дида, ба Фейсбук партофт. Сар шуд тасанно аз сӯе, лаънату кофирхонӣ аз сӯи дигар. Яке тайёр буд барои бо пираҳани “пасткунандаи шаъну шарафи миллӣ” ӯро сангсор кунад, дигаре инро “нишони демократияву озодӣ дар пӯшидани либос” меномид. Кор ба ҳадде расид, ки Манижа маҷбур шуд, то самбӯса пазаду ёдрас кунад, ки “он барои тоҷикон самса не, самбӯса аст” ва се – чор калимаи тоҷикӣ ҳам гӯяд, то алови дили ҳамватанони оташгирифтааш пасттар шавад.
Мавзӯи дигар ба хуршедсарҳо рабт дошт. Кадом олими камақле исбот кардааст, ки сари кал метавонад боиси истеҳсол гардидани нерӯи барқ шавад. Ин ҷой ҳам билохира кадом боақле тавсия дод, то аз ин мавзӯъ ҳангома накунанд. Мабодо мақомоти андоз огоҳ шудаю бечора соҳибони сари тосро гирифтани патент нафармоянд. Аҷиб, ки ин мавзӯи оҳанги танз дошта ҳам ба сиёсату иқтисод кашида шуд ва дигаре собит кард: “шоҳу президентҳои Русия бо навбат – яке тоссару дигаре мӯйдор ҳукумат рондаанд ва тағйири умда замони раҳбарии хуршедсарҳо сурат гирифтааст.
Ин бор мавҷи коронавирус сабуктар омад. Онро “ Омикрон” ном гузоштанд. Мисоли зукоми одӣ аст. Сулфаи беист, атса задан, тасби бадан нишонаҳои умдаи он аст. Ҳар чорумин нафарро гирифтори зуком мебинем, вале табибон алҳол онро “зуком” меноманд. Ҳамон тавре дар оғоз худи коронавирусро “пневмония” мегуфтанд. Муҳим ки аз ин намуди коронавирус касе аз дунё нагузаштааст. Вале боз щам ба қавли кадом олиме: “Омикрон олоти мардиро то шаш сантиметр кӯтоҳ мекардааст”. Ин хабар дар бонуфузтарин расонаҳои дохилу хориҷ пахшу нашр гардид. Дар ҳамин ҳол, як нафари боақл ҳам пайдо шуду гуфт: “Агар ҳатто хатои техникӣ карда, шаш сантиметр кӯтоҳ не, дароз мекардааст, мегуфтед, ҳоҷат ба тарғиб барои ваксиназанӣ намемонд. Кулли мардон дар навбати ваксиназанӣ меистоданд.”
Аз чӣ бошад, ман ба шарҳи ин “шахси боақл” бовар дорам.
Шумо чӣ?