Аввал аз тоҷикони худ дилмонда шудем, баъд рӯй ба тоҷикистонӣ овардем. Ба умеди ҷаноби ғайримусулмони ҳиндӣ будем, ки вай ҳам моро гӯл зад.

Намедонам дар лаҳҷаи кадом минтақаи Тоҷикистон вақте аз фиреби касе ёд мекунанд “гӯл зад” мегӯянд. Аммо ҷаноби Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба ҳама раҳбарони филиалҳои ин ширкат барқияи фаврӣ равон кардаю хостааст ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз 11-уми март ба аҳолӣ дар шабонарӯз (ҳангоми саҳархӯрӣ ва шом) 8 соат барқ  диҳанд. Хабари хуш, вале дурӯғи навбатӣ буданаш субҳи 13 март маълум шуд. Он субҳ дар маҳаллаи 102-и пойтахт барқро дар вақти саҳархӯрӣ надоданду дар як шарҳе ин амали Гуҷралро накӯҳиш кардам. Чизе намегӯям, ба шарҳи корбарони интернет нигаред:

Jamakhoni Bobokhon: Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри БОХТАР ҳам нест?

Hakim Kosim: Дар Панҷекат як бор даргирифту боз мурд. Дина ду соат барқ доданд.

Ибодулло Назаров: Барқ нест, воқеан мардум дар азоб ҳастанд. Риоя намешавад лимит.

Манучехр Садриддин: Дар ноҳияи Рӯдакӣ  ҳамагӣ 1 соат барқ додан тамом.

Ёқуби Одина: Дар Ҳисор ҳам барқ нест!

Farahnoz Saidova: “Политехникум”, “Чортути боло” аз соати 22:40 то ҳозир – 5:24 барқ надорем. Ҳангоми саҳар надидему нафаҳмидем чӣ хӯрдем.

Улфат Арбобов: Ҳар ваъда вафо бишуд ба ҷуз қавли Гуҷрал

Азиз Нақибзод: 30 сол аст ҳоламон ҳамин. Ин Гуҷрали бечора нав пайдо шуд.

Хуршед Зарипов: Азиз Нақибзод дар урфият мегӯянд: Кал додари кӯр! Кай ин вазирон ва депутатҳои Тоҷикистон ба ваъдаҳояшон вафо карда буданд?!

Шервони Умриддин: Дар маҳаллаи 102 гармидиҳӣ ҳам шаб набуд дар ин боронӣ. Шаб хунук хӯрда баромадем… Боз дирӯз “смс” омад, ки 43 сомонӣ пули гармидиҳиро супоред.

Ин дар ҳолест, ки  Гуҷрал дар номааш навиштааст: “… аз 11-уми марти соли 2024 то ҳолати бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ, хамарӯза соатҳои 04:00 – 08:00 ва 17:00 – 21:00 аҳолии мамлакатро пурра бо барқ таъмин намоед”.

Бечора Гуҷрал! Дилам барояш сӯхт! Шояд надонад, ки нафрину лаънати мардум ба ҳафт пушташ равона мешавад? Ё медонистанду бовар доранд Худованди ӯ дуои мусулмониро қабул надорад? Намедонам!

Аммо як чиро медонам, ки замоне Шарифхон Самиев, собиқ раиси ширкати “Барқи тоҷик” баъди нафрину дуои мардуми дар зулмот мезиста, аз кор сабукдӯш шуда буд. Арвинд шояд ин нуктаро надонаду барои аз вазифа пеш кардану ба сараш бор кардани ин ҳама ҳараҷу мараҷ дар фасли зимистон гунаҳгор дониста шуда, аз симматаш барканор шавад?

Баҳонаи хубе барои сафед шудани мою сияҳ шудани Гуҷрал!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь