Дар ҳоле, ки дар бораи марги нашрияҳо дар Тоҷикистон зиёд мегӯянду менависанд, дар баъзе аз кишварҳои пешрафта роҳи наҷотро дар ин вазъият пайдо кардаанд.

Намедонам кай, аммо дар як рӯзи муборак бо тақлиду бо андешаи “қафо намондан аз ҷомеа” масъулини идеологии Тоҷикистон маҷбур мешаванд аз баҳри обунаи маҷбурӣ, аниқтараш, аз нимта кардани нони даҳони фарзанди омӯзгору духтур бароянд. Зеро анъанаи обунаи маҷбурӣ шояд ба ҷуз аз Осиёи Миёна дар ягон ҷойи дигари дунё набошад. Он гоҳ нашрияҳои расмӣ бо буҷаҳои ҳангуфту гӯшношунид барои нашрияҳои мустақил бояд вориди майдони журналистикаи воқеӣ шаванд.Он замон маълум мешавад, ки пеши хонанда кадоме қадр доранду кадоме не.

Айни замон бошад, бо амри боло дар минтақаҳо ва ноҳияҳо маҷбуранд, то ба нашрияҳои фармуда даста-даста обуна шаванд ва шикоят дар мавриди он ки маҷбурӣ обунашудаҳо наметавонанд нашрияҳоро дастрас кунанд, сари чанд вақт ба гӯш мерасад. Гап фақат дар сари обунаи маҷбурӣ ба нашрияҳои ҷумҳуриявӣ нест. Ҳар як вилоят чандин нашрияҳои худро доранд, ки омӯзгору духтур пеш аз ҳама бояд ба онҳо обуна шаванд. Дар ҳамин баробар, Ҳукумати ҳар ноҳия ҳам чанд нашрияи худро дорад ва онҳоро ба ин рӯйхат илова менамояд.

Мушкили он ки хонанда проблемаи худро метавонад тариқи ин нашрияҳо ҳал намояд ё не, мавзӯи дигар аст ва ҷойи дигар аз он ҳарф хоҳем зад. Чунки вақте раиси як ноҳия ё як вилоят ба хотири иҷрои амри боло даста-даста ба ин нашрияҳои маҷбурӣ обуна шуд, табиист, тоқати онро надорад, ки ҳарфи танқидие перомуни фаъолият ва корбарию зиндагиномаи худу наздиконаш дар ин нашрияҳо хонад. Ҳатман андешае дар сараш мечархад, ки ман ин қадар обуна шудаму боз чаро маро ҳадафи танқид қарор доданд? Зеро барои рӯзноманигорон ва масъулони нашрияҳои хусусӣ маълум аст, ки ҳар як чиновник пушти маводи танқидӣ ҳатман на ислоҳи камбудии нишондодашуда, балки фармоишгар ё шахси ба мансабаш чашм ало кардаро меҷӯяд.

Намедонам, ин андешаи чиновникҳои мо барои рӯзноманигорон ва сардабирони нашрияҳои давлатӣ маълум аст ё не, вале воқеият чунин асту чунин мондааст. Яъне, бо роҳандозӣ кардани обунаи маҷбурӣ масъулини идеологияи мо пеши роҳи ифшои камбудиҳоро мегиранд ва рӯзноманигору сардабири нашрияи ба рӯйхати обунаи маҷбурӣ дохилшударо ба дурӯғгӯию маддоҳӣ водор мекунанд. Ин ҳама дар ҳолест, ки ба ҷуз обунаи маҷбурӣ ин нашрияҳо буҷаи махсус барои нигаҳ доштани нашрия доранд, ки аз ҷониби Ҳукумат ҷудо мегардад.

Дар кишварҳои пешрафта бошад, бо яккатоз шудани Интернет чун воситаи иттилоотрасон роҳи ҳалро дар се масъала диданд:

– Нашрияҳои давлатӣ дигар нашрияҳои давлатӣ нестанд ва дигар нашрияи ҷамъиятӣ ном гирифтанд. Майдон дигар аз далер аст, хонанда худ интихоб мекунад, ки ба кадом нашрия обуна шавад, ба кадоме не. Яъне обунаи озод даҳсолаҳо боз дар ин кишварҳо ҷорӣ аст ва интихоб ба дӯши худи хонанда мебошад.

– Нашрияҳо ҳам танбалӣ накарда, аксар дар Интернет варианти электронии нашрияҳоро роҳандозӣ намуданд ва мавқеи худро дар байни ҳаводорони васоити электронӣ ҳифз намуданд. Албатта, онҳо барои хеш Бег Сабур надоранд, ки кай вақте хоҳад, дилхоҳ нашрияи электрониро бандад.

– Расонаҳои электронӣ ва чопӣ сарпарастони хешро доранд ва онҳо дар фурсати мусоид аз онҳо истифода мебаранд. Албатта, ҳар шумора ситоиш кардани чор-панҷ нафари “обунасоз” дар ин кишварҳо роиҷ нест.

Аммо, то расидан ба ин андеша шояд панҷ-даҳ соли дигар гузарад ва чанд донишҷӯи мо ба сатҳи академикӣ расад. Академикҳои ҳозираамон бошанд, дар ҳалли ин муаммо оҷизанд…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here