Варзиш як намуди сиёсат аст. Ҳатто аз самти хеле муҳими он. Муҳимтарин нуктаи он сарҷамъ кардани ҷомеа новобаста аз дину мавқеи сиёсӣ, маҳалу миллат ва ба сӯйи як ҳадаф раҳнамоӣ кардан аст.
Ҳар як ҳукумат, ҳар як сарвари давлат аз он ба таври худ истифода мекунад. Яке дар паҳлӯи бозингарон то расидан ба ҳадафи аслии онҳо рост меистад, яке баробари эшон дар ҳар бозӣ ба қавле як бор мемураду зинда мешавад, яке месӯзаду месозад, якеи дигар мекӯшад, то аз варзишгарон танҳо дар лаҳзаҳои интихобот ёдоварӣ кунад.
Сафари ахири Президенти кишвари мо ба Қатар, ки дар ин кишвар ҷоми футболи Осиё доир мегардад, барои баъзе шояд ғайричашмдошт буд, барои дигаре қадами дигар барои ҷон бахшидан ба рӯҳи футболи миллӣ. Аммо тавре худи бозингарон баъди анҷоми бозии ҳалкунанда бо дастаи мунтахаби Лубнон иқрор шуданд, мулоқоти Президенти кишвар ба онҳо ҷони нав бахшид, масъулиятро зиёд кард ва эшонро то ба пирӯзӣ бурд. Акнун дастаи мунтахаби футболи мо дар давраи яку ҳаштфинали ҷоми Осиё қувваозмоӣ мекунад.
Дар ҳамин баробар, обрӯву нуфузи як варзишгар гоҳо ба ҳадде боло меравад, ки қиёси он бо сиёсатмадорони радаи аввали дилхоҳ кишвар номумкин аст. Бигирем, ҳамин футболбози нотакрори дунё Диего Марадонаро, ки бо номаш калисо ҳам кушоданду мактаб ҳам, ба фарзандашон номи ӯро гузоштанду худои футбол ҳам номиданд.
Дар ҳоле сиёсати пешгирифтаи сарвари давлати Аргентина нисбати Амрико номаълум буд, сарварони кишварҳои Амрикои Лотинӣ маҳз ӯро ба ҷаласаҳои зиддиамрикоии хеш даъват мекарданд ва шодравон Фидел Кастро, президенти Куба ба андозае иззати ӯро ба ҷой меовард, ки фикр намекунам президенти Аргентинаро чунин ифтихор насиб шуда бошад.
Тақдири Марадона чун як инсон ҳам аҷиб буд: Тифле, ки дар хиёбони қашшоқон бо тӯбҳои латтагин бозӣ мекард, шӯҳрат ёфт, ситора шуд, ахиран ҳамтои шоҳи футбол Пеле номиданд. Аммо чун як инсони хокӣ натавонист бори шуҳратро кашад. Ба занбозию майхорагӣ, нашъамандию бадномӣ муттаҳам шуд, дӯстон душман гаштанд. Ба маънои том ШИКАСТ! Аммо ин шикастаҳоро пора-пора ҷамъ кард ва дубора худро СОХТ. Дубора ба майдон баргашт ва то ба сатҳи шореҳи беҳтарини телевизион, сиёсатмадори маъруф, гули сари сабади баҳси президентҳо, сармураббии дастаи миллии кишвараш расида буд.
Ёдаш ба хайр!
Аслан, агар дар кишвари мо ҳам футбол дастгирӣ пайдо намояд, фикр мекунам баҳсҳои диниву ҳизбӣ то андозае аз сархати ахбор дур гашта, хаёлу хотири мардум ҳам аз мушкили эҷодкардаи «ҳамсояи бадтар аз душман»-у «бародари бадтар аз кофир», як каме фориғ хоҳад шуд.
Суоле бармеояд, магар вақти он нарасида, то дар кишвари мо ҳам футболро ба як намуди таъсиргузор барои баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ истифода баранд, ҷомеаро ба ҳам оранд, муллову кофир нахонанд, муҳоҷиру бойбача нагӯянд? Қадами аввалро Президенти кишвар гузоштанд. Дигар навбати вазирону амирон…
Фаромӯш набояд кард, ки футбол шояд имрӯз ягона ҷойе бошад, ки ҳарифони сиёсӣ аз як дидгоҳ, аз як нуқтаи назар сухан мегӯянд.