Аҷаб ҳолате  ҷомеаро гирифтор кардааст. Ҳама мехоҳанд ба сояе паноҳ баранд, дар бораи он ки ширро сафед гӯянд ё на, сад бор андеша мекунанд ва агар иқрор ҳам шуданд, садҳо номи бофтаю қаҳрамони сохта метарошанд.

Аслан ин усули нав ҳам нест. Як журналисти дар замони шӯравӣ маъруф дар хотираву мусоҳибаҳояш борҳо иқрор шудааст, ки барои гапу маъниеро гуфтан, дурӯғ мегуфт. Яъне гӯё аз ягон шахсияти машҳури дар асл вуҷуднадошта, иқтибос меоварду худро аз масъулият паноҳ медод.

Роҳҳои дигари гуфтани ҳарфи дили худ, ки баъзан онро ҳақиқат номиданӣ мешаванд, низ вуҷуд дошту дорад…

Аммо ҳоло маро ба навиштани ин сатрҳо памфлетҳои Киштӯдӣ, – қаҳрамони нигоштаҳои журналисти маъруф Шариф Ҳамдампур водор карда бошад ҳам, мехоҳам ба қавле “аввал гиребони худро буй кунам”.

Аз замоне дар қолаби тадқиқоти журналистӣ наметавонистам ҳарфи диламро гӯям, аниқтараш аз ину он андеша мекардаму ба навиштани детектив гузаштам, дар оғози ҳар детектив бо ҳарфҳои калон менавиштаму менависам “мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахсони воқеӣ тасодуфӣ аст, сужаҳо бофтаи тахайюлоти муаллиф аст”.

Ин як навъ гиребони маро аз чанги мақомоти ҳифзи ҳуқуқ халос мекунад, зеро аслан меҳвари мавзӯъҳои тадқиқотӣ дар Тоҷикистон ришвахорию маҳалгароию қонуншиканӣ буду ҳасту мемонад. Ва маҳз аз ҷониби он мансабдороне, ки ин ҳамаро нодида мегиранду дасти дароз доранд.  То ба имрӯз ҳам дар гушаи сармуҳарриру дар таронаҳоям аз номҳои қаҳрамононе чун “холаи Хосият”, “бибии Қумрӣ” истифода мекардаму мекунам, ки шахсони воқеӣ ҳастанд. Ҳамаи ин аз тарсу нияти халосӣ аз давутози судӣ буду мебошад. Агар не, ба қавли як дӯстам “баъзе детективҳо сахтар аз мақолаҳои рӯшод менавишта аст”.

Ҳоло мебинам дигар ҳампешагони соҳибқалам ҳам думболи корномаҳои “Киштӯди”- ю Бобои Ғулом (ҳарчанд мегӯянд ӯ қаҳрамони воқеӣ буд) ва Бобои Ҳайдар ҳастанд ва баъзе ҳақиқатро аз забони эшон мегӯянд. Аз ин як каме хурсанд ҳам шудам. Зеро равоншод устод Асадулло Саъдуллоев ҳамеша аз он менолиданд, ки тарсу эҳтиёт “ҷомеаро мусоҳибахон кардаву жанрҳои памфлету фелетонро ба нестӣ бурдааст”. Пас, тарсу эҳтиёт дигар ин жанрҳоро зинда кардаву мисли замони Шӯравӣ дубора садри жанрҳои журналистӣ хоҳад кард. Ба ин умед мебандем. Ҳарчанд журналистика бархӯрди комилан дигар дорад. Масалан ҳар нашрия менависад, ки “ба навиштаҳо муаллифон масъуланд”, аммо ин масъулияти онҳоро кам намекунад. Борҳо дидаем, ки рӯзномаҳоро ба сифати ҳамҷавобгар муҷозот карданд, ё карданӣ шуданд.

Ҳоло бошад, амали баъзе чеҳраҳои калидии ба қавле “афкорсоз” маро бештар ҳайрон кардааст:

-баъзе рӯй ба намозу тавба овардаанд;

– баъзеи дигар, масалан баъзе дӯстони ман бо кадом андешае дар сари мизе, ки дигарон менӯшанд, дигар намешинанд, умуман маҳфилҳои серодамро хуш намепазиранд;

инро ҳам нодида нагирем, ки:

-бархеи дигар рӯй ба мусиқию хотиранависӣ гузаштаанд ва ин одати аҳли андеша аст, баъзе бозори “сагҷанги эҷодӣ” – ро авҷ медиҳанд, вале зиёд шудани худкушӣ миёни ҷомеа боиси нигаронӣ аст. Дар ин баробар ба инфаркту инсулт гирифтор шудану мурдани аҳли зиё ҳам.

Оё ин равандҳо – пинҳон шудан пушти сари “қаҳрамонҳои бофта”, гушанишинӣ, “сагҷанг” ва ниҳоят дилзанак шудану мурданҳо ба ҳам иртибот доранд?

Намедонам, шояд аз азал чунин буда, ки яке Мансурвор сари дор меравад, дигаре Фирдавсивор гӯшаи узлат интихоб мекунад, саввумӣ Синовор ҷилои манзилу макон мекунад, чаҳорумӣ Хайёмвор ин ҳамаро ба пашизе намегирад.

Ё шояд ин беморие аст, ки ҷомеа гирифтор мешаваду касе давояшро намеёбад?

Воқеан, дар ҷаласаи ахири Шӯрои ВАО боз пешниҳод шудааст, ки азбаски касалшавии журналистон афзудааст, беҳтар аст “табиби сайёр” –ро ба “Шарқи озод” биёранду онҳоро аз муоина гузаронанд. Чанд сол пеш ин корро карда буданд, аммо баъзе ҳамкасбони мо ба қавле ор карданду нарафтанд.

Ман на давояшро медонам, на роҳи раҳояшро. Шумо чӣ?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь