Дуғ аз Дурӯғ дар асл бояд фарқ надошта бошад. Аммо, воқеият ин аст, ки дӯғ пасмондаи равған аст, дурӯғ бошад, ширинтар аз шакар

Дурӯғ гуфтан ҳунар аст ва ин ҳунарро на ҳар шахси суханвар дорад. Марк Твен мегӯяд «барои он ки ба дурӯғи ту бовар кунанд, ба он пеш аз ҳама худи ту бовар кунӣ». Яъне, ба қавли ин донишманд, дурӯғ як намуди таъсирбахши идеология аст, ки метавонад ба ҳолати равонии шунаванда таъсир расонад.

Вале, муҳим он аст, ки дурӯғро кӣ мегӯяд! Масалан, агар як нафар ширкаткунандаи тамоми маросимҳои наврӯзӣ гӯяд, ки ба маблағи сарфшудаи тамоми ҷашнвораҳо дар ҳудуди кишвар метавонистем як корхонаи азим созем , касе бовар намекунад. Аммо агар раиси ширкати «Барқи тоҷик» изҳор медошт, ки маблағи сарфшуда барои таҷлили ҷашни Наврӯз баробари пули барои барқ ба ҷумҳурии Ӯзбекистон мепардохта мебошад, нафаре шак намеоварад. Хулоса, дурӯғ чизи асосӣ нест, кӣ будани дурӯғгӯй асосӣ аст.

Дар аксар ҳолат, рақамҳои оморӣ аз далелҳое, ки аз ҷониби шахсони масъул садо медиҳад, аз замин то осмон фарқ мекунад. Айби кист? Дар ин маврид, чистони машҳур ба ёд меояд: «Не дар замин, не дар ҳаво». Ҷавоби ин чистон думбаи гӯсфанд аст. Пас, мушкил сари ҳамин «думба» аст, яъне, ё думба бояд ба замин фурӯд ояд ё дасту пойи гӯсфанд аз замин канда шавад.

Гоҳо ҳангоми дурӯғ гуфтан, худро бо ин масали мардум «дурӯғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез» сафед мекунанд, аммо комиссия ё кумитаи парлумоние мавҷуд нест, ки муайян намояд: Кадом дурӯғ маслиҳатомез аст ва кадоме рости фитнаангез?

Айнан, чунин ҳолат дар моддаи  шашуми Қонун дар бораи ВАО мавҷуд аст. Тибқи ин модда, тарғиби порнография ва терроризм қатъиян манъ аст, лекин, дар ҷое ин нукта шарҳ дода нашудааст. Рӯшантар гуем, агар нависем, ки «Уссома бинни Лодан ҷанговари ҷасур буд», нафаре наметавонад муайян кунад, ки ин воқеият аст ё тарғиб.

Хулоса, зинда бод Дурӯғ! Дурӯғе, ки рӯзи махсус дорад, дар ҳолате мардони дунё рӯзи хосаи худро надоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь