Дӯстам, мағзи шарифат ҳуҷҷати меъёр нест,

Ҳар касе чун ту наандешад, ҷинояткор нест.

(Рустами Ваҳҳоб)

Аҷаб ҳолате ба ҷомеа ориз шудааст. Ягон нафар натанҳо хоҳиши шунидан, хондан, дидани андешаи дигареро надорад, балки ҳама дӯст медоранд ҳақиқати мутлақ бошанд. Яъне ҳама бояд мисли ӯ андешанд, гӯянд ва ҳатто орзу кунанд! Бовар мекунед? Ҳатто гурӯҳе мехоҳанд орзуро ҳам қафасӣ кунанд. Агар мабодо… мабодо шахсе фаротар аз андешаи онҳо рафт, сар мешавад кӯрбазми интернетӣ: Аз ҷонибе (вобаста ба орзуи кардааш. Х.А.) тамғаи маъмулии “хоин” мечаспонанд, гурӯҳи дигар, ки ба дашному таҳқир садҳо маротиба устодтаранд (бо сабаби беҷазоӣ барои ҳарфи гуфтаашон. Х.А.) даррав лақаби маъмулии “буз” мегиранд. Хайр, вожаи “хоин” маълум аст, ҳарчанд тақдирсозону тақдирсӯзон ҳаргиз шарҳ намедиҳанд, ки гунаҳгор ба кӣ ё чӣ хиёнат кардааст.

Аммо бузи бечора чӣ гуноҳ дорад? Ба хотири дубора “кашф” кардани ин вожа саре задам ба китоби “Канзи шифо”. Бовар кунед, нек дарк кардам, ки чаро бузро бад медидаанду ин лақабро ба ҳар шахси пешомада арзонӣ медоштаанд. Дар ин китоби даво ба ҳар беморӣ омадааст:

“…Вале хӯрдани гӯшти буз барои одамони савдоимизоҷ зарар дорад, дар ин маврид бодом, хурмо хӯрдан даркор аст, ки ислоҳи зарари он намояд.”

Поинтар бо давои аҷиби дигаре вохӯрдам:

“…Пӯсти сари бузғоларо дар вақти гарм буданаш ба сар гузошта банданд, варами пардаҳои майна ва худи майна, инчунин зеҳни беҷошударо ба ибро меоварад”.

Яъне онҳое, ки сахт ба бечора буз мечаспанд ва нафрат доранд, шояд савдозада ҳастанд ва мағзи сарашон беҷо шудааст. Аз ин рӯ, ба ин ҳайвони бечора часпидану ӯро чун мисоли хиёнат ба касею чизе овардан аслан кори девонаҳоест бо мағзи сари беҷошуда. Ба ин бечораҳо “Канзи шифо” табобати ройгонро тавсия медиҳад:

“…Саргини бузро дуд кунанд, ҷонварони зарарнок ва ҳашарот аз он ҷо мегурезанд.” Биёед, як таҷриба гузаронем. Барои тоза кардани шабакаҳои иҷтимоӣ. Пагоҳ ҳама як каф саргини буз биёрад ва алов занад. Шояд ҷонварони зарарнок ва ҳашарот аз шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан, “Фейсбук” мегурезанд, ё не? Он даҳҳо “шери нар”, “Гитаю Зита”-ҳо. Албатта дар ҷомеа зиста, аз он берун будан наметавон. Ҳарчанд гуфтаанд, ки “Бузро бо пои худаш меовезанд, гӯсфандро бо пои худаш”, аммо ба нимдевонаҳое, ки мехоҳанд ҳама бояд мисли эшон андешаду хулоса барорад, таъсир мекунад ё не?! Ба эшон фаҳмонидани ин нукта бемаънӣ ва бефоида аст. Инро ман дидаму чунин хулоса кардам.

Шумо чӣ?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь