Ҷомеаи мо солҳост дар ҷисми хеш дардҳои бедавоеро чун маҳалгароӣ, шаҳрию қишлоқӣ, ришдору бериш, муллою майзада дорад, ки бо пайдо шудани имкон рӯй мезананду симои аслии шахсро рӯшан мекунанд.

Кадом Бурак ном турке, ки блогер ҳам будаасту ошпаз ҳам, ба Тоҷикистон омад. Дар кишвари мо кадом тарабхонаеро кушод. Акнун ин тарабхона бо истифода аз номи ӯ ба маблағи ҳангуфт чою чаппотии хешро мефурӯшаду табиист, идораҳои бечораи танзими нарх чун ҳамеша аз тарси “криша”- ю “тағо” – и он даъвое карда наметавонанд. Хайр, аслан дар ин маврид даъвое пеш овардан ҳам хандаовар аст. Ин гуна тарабхонаҳо барои қисми дорои ҷомеа кушода мешаванд, ва ош шавад, ки пули ҳароми пайдокардаашонро дар куҷо сарф мекунанд. Яъне, чун андози давлатро месупоранд, бало ба пасашон. Вале ҳангомаи омадани Бурак ба Тоҷикистону пешвозгирии ӯ ба кишвар бо ҷалби се – чор блогери шахсан барои ман беном, вале барои кадоми дигаре соҳибном, сурат гирифт. Эшон ба чорабинии мазкур ки яқинан, масъули пешвозу кушодани тарабхона буданд, духтарчаҳои нимурёну беиффату беиззатеро ҷалб карданд, ки вазифаи аслии хешро дар пеши пойи ин турк афтодану бо зӯрӣ бо вай акс гирифтан диданд. Аламовар ин буд, ки ин ҳодиса дар рӯзе сурат гирифт, ки дар марз қирғиз бо баҳонае ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум карду ду нафари мулкиро кушт, тобути шаш муҳоҷири ноновари хона аз Руссия ба кишвар омад. Агар ин ҳодисаҳо панҷ – шаш сол пеш сурат мегирифт, дастандаркорони журналистикаи он замон албатта ин доғҳои ҷомеаро бо ному насабашон ва авлоду маҳаллаашон шармандаи олам мекарданд. Вале солиёни охир нашри аксҳои онон бо маблағгузории созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи занон чун латма задан ба обрӯи доштаи эшон ҳисоб мешаваду таъназананда – душмани ҷомеа. Албатта, авбошону баддаҳанҳое зиёданд, ки бо гаппартоию саришта карда натавонистани нафси хеш, дунёро бесоҳиб ёфта, аз ҳад мегузаронанд, аммо бовар кунед, ҳастанд ононе, ки ба хотири қаҳрамони шабакаҳои интернетӣ шудан, мебофанду месозанд ин саҳнаҳоро.

Инро менависаму ёдам мерасад, ки ҳамагӣ чанд сол муқаддам дар даҳаи аввали моҳи феврал ҳамеша ҳамапурсие гузаронида , мепурсидем:

“14 феврал рӯзи ишқ аст ё рӯзи хун?”. Чун дар ин рӯз, 14 феврали соли 1990 28 нафар шаҳрвандони бегуноҳи мо тирборон шудаю то ҳол дар масъалаи қотилони онҳо ҳукме содир нашудааст.

Аз ин хотир, фоҷиаи Бураку Буракҳо дар баробари фоҷиаи феврали соли 1990 ҳеҷ аст. Ошиқи Буракед? Маблағ доред?

Равед, ба тарабхонаи Бурак!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь