ё андешаҳо сари як пешниҳоди Михаил Матвеев, – депутати думаи давлатии Русия

Масале ҳаст: “Такка бошад, шир диҳад”. Фикр мекунам андешаи ахири депутати Думаи давлатии Русия Михаил Матвеевро перомуни таъсис додани “баталйони тоҷикӣ”  барои ҷанг дар Украина ҳамин маъниро медиҳад. Дар ҳоле то ҳанӯз “амалиёти махсуси низомии кишвари Русия” – ро номи дигар нагузоштаанд, ҳанӯз “ҷанги Украина бо Русия” ном надодаанд, пас, ин ҳама ҳангома атрофи ин моҷаро чист?

Ин ҷаноби депутатро он чӣ ба хашму андеша овардааст, ки “барои чӣ баҳри гузаронидани амалиёти махсуси низомӣ Русия муҳоҷиронеро аз Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Русия доранд, намефиристад? Ин депутат пешниҳод кардааст, ки тағйирот ба қонунгузории шаҳрвандии Русияро омода менамояд. Ба қавли ӯ душаҳрвандӣ барои сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ “ шакли будан”-ро дорад ва онҳо вазифадоранд то аввал ба майдони ҷанг раванд. Мавсуф ин андешаашро дар телеграм – канали шахсиаш рӯзи шашуми май навиштааст.

Михаил Николаевич дар Думаи Давлатии Русия вазифаи ҷонишини раиси Кумита оид ба сиёсати минтақавӣ ва худидоракунии маҳаллиро дорад.

Ба таваҷҷӯҳи депутати мӯҳтарам мерасонем, ки гузоштани савол дар мавриди таъсис додани “баталйони махсуси миллӣ” дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Русия ғайри қобили қабул аст, зеро Тоҷикистон ҷумҳурии алоҳида мебошад. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо давлати алоҳида аст на кадом як ҷумҳурии Бошқирдистон ё Ёқутистон дар ҳайати кишвари Рус.

Тоҷикистон дар замони ҷанги бузурги ватанӣ, ки он замон дар ҳайати як давлат-Иттиҳоди Шӯравӣ будем, 350 ҳазор нафарро ба ҷабҳа фиристода буд, ки он замон аҳолии кишвари мо ҳамагӣ як миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил медод. Яъне ҳар чорумин аҳолии ҷумҳурии мо ба ҷабҳа рафта буду аз ин 150 000 нафар барнагаштанд. Он замон фиристодагони Тоҷикистон барои он ҷон доданд, ки ватани ягонаи хешро ҳимоя мекарданд. Ба назар чунин менамояд, ки Михаил Матвеев бо ин баҳона шаҳрҳои Русияро аз тоҷикон “тоза” карданӣ аст. Гуиё ба назари депутати гиромӣ бо ин шаҳрҳои кишвараш “аз ҷиноят” пок мешаванд. Инро ҷаноби депутат дар ҳоле мегӯянд, ки рақамҳои оморӣ чизи дигарро нишон медиҳанд. Ва ҳам аслан онҳое душаҳрвандӣ гирифтаанд, ки маълумоти олӣ доранду мутахассиси соҳаи хеш ҳастанд.

Ҳарчанд дар бораи оқибатҳои ногувори душаҳрвандӣ, махсусан барои ҷавонон,  даҳҳо бор навиштем, аммо он замон ба ҳарфи мо касе гӯш надод. Ҳатто доираҳое буданд, ки моро душман меҳисобиданд.

Акнун ба қатори тобутҳои ҷавонмаргон чӣ мегуфта бошанд? Акнун ба таънаҳои депутатҳои радаи аввали рус чӣ гуфта, ҷавоб менавишта бошанд? Ман намедонам, шояд касе аз ин маҳмадоноҳои ба забон миллатдӯстдор ҷавоб медиҳанд?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь