«Чиновникҳои мо дар хунукиҳо Худованд, ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва ҳазорон баҳонаҳои дигарро сабаб медонанд, ба ҷуз он ки гуноҳи худашонро иқрор шаванд».

(Ҳабибулло Воҳидов, собиқ Прокурори шаҳри Душанбе)

Ҳавошиносони тоҷик ҳушдор дода буданд, ки дар панҷ рӯзи пеш сармои қаҳратуне дар кишвар ҳукмфармо хоҳад шуд. Ба қавли онҳо дар 15 соли гузашта чунин хунукӣ дида нашуда буд.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ бо нашри як огаҳӣ дар вебсайти расмиаш гуфта буд, ки аз рӯзи 14-ум то рӯзи 18-уми январ ҳаво дар баъзе аз ноҳияҳои куҳӣ то 27 дараҷа сард мешавад. Дар ин огаҳӣ омада буд, ки ҳарорат дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона то 22 ва рӯзона то 17 дараҷа сард мешавад. Ҳарорат дар шарқи Вилояти Бадахшон, яке аз гӯшаҳои сардтарини Тоҷикистон то 47 дараҷа пойин рафт.

Айни замон ҳоло ҳам аз шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои кишвар аз қатъи неруи барқ, мушкилот дар хадамот, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо хабар мерасад. Идораи ҳавошиносӣ мегӯяд, мумкин аст, дар рузҳои оянда дар навоҳии куҳистон ва аз ҷумла, дар роҳҳо тарма фарояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтааст, рӯзи 12-уми январ 9 мавриди фаромадани тармаро сабт кардааст, вале касе осеб надидааст. Айни замон аз сокинони кишвар хоста шудааст, ки бе зарурат аз тариқи роҳҳои куҳӣ ҳаракат накунанд ва ҷони хешро дар хатар нагузоранд.

Овозаи омадани хунукӣ ин маротиба пештар тариқи расонаҳо бо такя ба маълумоти обуҳавосанҷҳои Байдуллоева гӯшзад шуд ва мардум шитобон ағбаҳоро тай зада, ба макони доимиашон мерафтанд, то ба хунуки қаҳратун омодагӣ гиранд.

Чаро овозаи «тундбоди сибирӣ» якбора ҳамаро нороҳат кард? Чунки ба қавли Идораи ҳавошиносии кишвар « бори охир чунин сардӣ соли 2008 рух дода буд».

Чаро зимистонро дар Тоҷикистон дӯст намедоранд, ҳарчанд Соли нави масеҳиро бо вуҷуди маҷбур накардани касе барои таҷлилаш, бо тантанаю ҳамҳама ҷашн мегиранд?

Аз бебарқӣ намегӯем, зеро мардуми русто дигар ба он одат кардаанд ва пешакӣ бе ҳушдори сохтору мақомоте бо ҳезуму таппаку ангишту «движок»  ба пешвозаш омодагӣ мегиранд. Вой ба ҳоли мардуми шаҳр!

Алалхусус, хонаҳои баландошёнае, ки рӯшанию гармиашон фақат аз барқ вобаста аст. «Тундбоди сибирӣ» чун ҳамеша омода набудани масъулинро ба намоиш гузошт. Баҳона ҳаст: Кабелҳо месӯзанд, зеристгоҳҳо метарканд, барқро аз меъёр зиёд истифода мекунанд. Об ях кардааст, аз ин рӯ об ҳам нест”.

Аммо масъулини азиз,  тобистону тирамоҳ куҷо будед, ки ин камбудиҳо бартараф нагардид? Шояд ба ин сабабҳо он рӯзҳои сардӣ дар баъзе минтақаҳои пойтахт ҳам барқ хомӯш шуда буд. Умеди шаҳрнишинон ба пурра додани гармӣ буд, аммо он пурра дода нашуд ва бисёре аз қубурҳои обгузарро даст мекунию ҷойи гармӣ аз сардӣ меларзӣ.

Биёед иқрор шавем: Худи мо ҳам магар гунаҳгор нестем, ки чунин садамаҳо ва хомӯш шудани барқ рух медиҳад? Мардона даст рӯйи сина монда, гӯед, ки кадоме дар хонааш дар ин рӯзҳо камтар аз ду воситаи гармидиҳӣ дошт? Шояд ҷавоб медиҳед, ки «дигар илоҷ надорем, чун сард буд». Сард аст, аммо барқ ҳаст. Ба кӯдаки гаҳвораи ҳамсоя, ки аз ҳисоби зиёд истифода кардани барқ ӯро дар торикӣ гузоштаед, чӣ мегӯед?

Воқеан, аҷиб аст. Агар барф набошад, об ва ҳосил нест, агар барф борад, ҳазор мушкил пайдо мешавад: аз садамаҳои нақлиётӣ сар карда, то кафидани баллонҳои газ, аз бемории кӯдакон то ба яхбандии роҳҳо ва то хушк шудани қубурҳои обгузар.

Чӣ бояд кард? Чӣ бояд гуфт? Ба қавли шоире:

“Гӯши фарёдшунав ку, Худоё дар шаҳр?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь