Дишаб 192 000 воя воксини CОVID-19 ба Тоҷикистон ворид гардид, ки он аз Ҳиндустон ба Душанбе оварда шудааст.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба воксинҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 воксини ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад.

Ин воксин 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводҳои иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулодда истифодабарандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 61 кишвари ҷаҳон истифода бурда мешавад.

Шоми 8 марти 2021 дар чаҳорчӯби ин механизм қисми якум дар ҳаҷми 192 000 воя воксин тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи воксинҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки дар марҳилаи аввал тибқи Нақшаи миллӣ воксинҳои тавассути механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ/COVAX воридшуда барои фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм нигаронида шудааст.

Дар баробари ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ бо иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ва вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯиҳо вусъат дода шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь