Мақомоти милитсия нафареро, ки ронандаи ширкати “Як таксӣ”-ро дар шаҳри Душарнбе бо 8 зарби корд маҷруҳ карда, аз ҷои ҳодиса фирор карда буд, ҷустуҷӯ доранд. Ҳодиса бо ронандаи таксӣ Зиёвиддин Бекови 23-сола як моҳ қабл, субҳи 15-уми январ, дар маҳаллаи Яккачинор рух дод.
Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Ҳамидзода Бароталӣ зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори “Фараж” гуфт, “вобаста ба ҷинояти мазкур корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд ва рӯзҳои наздик ҷинояткорро дастгир мекунем”.
– Мо 8 гумонбари монанд ба ҷиняткорро бо ҷабрдида рӯ ба рӯ кардем, аммо ӯ онҳоро нашинохт ва дар ҳодиса даст доштанашонро рад кард. Акси ҷинояткор аз камераҳои мушоҳидавӣ бардошта шудааст. Кор дар ин самт рафта истодааст. Аксе, ки дар шабакаҳои интернетӣ чарх мезанад, расми ҷинояткор аст, – гуфт Ҳамидзода Б.
Ёдовар мешавем, ки ронандаи ширкати “Як таксӣ”-ро дар Душанбе бо 8 захми корд аз қисмати гардан ва дастҳо ба беморхона расонидаанд. Волидони ҷавони ҷабрдида Зиёвиддин Беков мегӯянд, ки ҳодиса бо фарзандашон субҳи 15-уми январи соли равон дар минтақаи Яккачинори шаҳри Душанбе рух додааст. Ҷавони таксиронро мусофир ба чунин аҳвол расонидааст.
Зиёвиддин Бекови 23-сола чор моҳ инҷониб бо мошини иҷора дар ширкати “Як таксӣ” фаъолият доштааст. Падараш Мурод Беков дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки Зиёвиддин яккаписари хонадон аст ва ӯро тирамоҳи соли гузашта оиладор кардааст.
– Ман ҳам таксӣ меронам. Қаблан ману писарам бо як мошини иҷора дар ширкати “33 33” кор мекардем. Писарам пас аз тӯй, ба хотири пардохтани қарз, хоҳиш кард, ки боз як мошини дигар ба иҷора гирему дукаса кор кунем. Аммо бинед, ки кор ба ин дараҷа расид. Писарам субҳи рӯзи 15-уми январ аз маҳаллаи “Ҳаёти Нав”, аз наздикии тарабхонаи “Бохтариён” як касро гирифта, аввал то қарибиҳои “Ромсар” ва боз аз он ҷо ба маҳаллаи “Яккачинор” меорад. Мусофир кӯчаеро нишон медиҳад, он ҷо даромада меистад. Роҳкирои мусофир 37 сомонӣ шудааст. Пас аз он ки писарам маблағи роҳкироро мегӯяд, он одам, ки дар нишастгоҳи қафои мошин будааст, ногаҳон бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гардан 5 зарба ва ба ҳарду дастонаш яккордӣ мезанад. Бо ҳамин аҳвол Зиёвиддин бо он номард муқобилият нишон медиҳад, ӯ аз мошин фаромада мегурезад. Баъдан роҳгузарон мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, писарамро ба Беморхонаи “Қарияи Боло” мерасонанд. Табибон ҷарроҳӣ карданд, ду рӯз дар бахши эҳё буд, 8 рӯзи дигар дар утоқи умумӣ табобат гирифт. Дирӯз Зиёвиддинро ба хона ҷавоб доданд, – дар ҳоле, ки ашк гулӯгираш мекарду сиришки ғам даври чашмонаш ҳалқа мезад, нақл кард падари ғамзадаву ҳайрон Мурод Беков.
Мурод Беков бо аҳли хонавода дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Чоряккорон, ки қаблан шомили ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва феълан ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст, дар ошёнаи панҷуми бинои панҷошёна зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки қотил раги артерия ва дигар рагҳои асабу хунгардро аз тарафи рост буридааст. Барои ҳамин чашму дасти рости Зиёвиддин аз ҳаракат бозмондаанд. Падар мегӯяд, ки ният дорад иҷора нишинад ва ба хотири табобати писари ягонааш манзили истиқоматиашро ба фурӯш гузорад.