Имомзода Муҳаммадюсуф аз вазифаи вазири маориф ва илм барканор шудааст. Дар ин бора ба “Фараж” аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ ба ҷойи ӯ раиси филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе Саидзода Раҳимҷон Ҳамро омадааст.
Аммо то ба ҳол маълум нест, ки ба собиқ вазир дигар вазифа дода мешавад, ё не.
Имомзода Муҳаммадюсуф моҳи январи соли 2020 ба ин вазифа омада буд. Ӯ дар ин вазифа Нуриддин Саидро иваз кард. То замони вазирӣ Имомзода дар вазифаи ректори донишгоҳи миллӣ кор мекард.
Муҳаммадюсуф Имомзода байни мардум бо изҳоротҳои худ дар бораи маршировка ва аз кор рафтани омӯзгорон машҳур буд. Ҳафтаи пеш, ӯ бо ибораи «аз рафтани омӯзгорн фоҷиа насозед», дар сархати хабарҳои кишвар ҷой гирифта буд.
Блоки рекламавӣ