Соли 2023-юм 14 сокини ноҳияи Қубодиён барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”  ба маблағи 59 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Дар ин бора Алиҷон Тоҷиев, муовини раиси ноҳияи мазкур, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, 5 ҳолати содир кардани қонуншиканӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ карда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 9 комиссияи доимӣ  ва 65 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаби Қонуни Ҷумҳурии Токикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»  1830 туйи арӯсӣ, 6 туйи хайриявӣ, 27 хатнасури хайриявӣ, 118 маросими чил, 103 маросими сол баргузор шудааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умии маъракаҳо 2090-ро ташкил карда, хароҷоти умумии онҳо 7,6 млн. сомонӣ, ё ин ки ба ҳар як маърака 4153 сомонӣ, рост омадааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь